чорабиниҳои фарҳангӣ

Китобҳои тозавуруд: Назорати прокурорӣ ба иҷрои конунгузорӣ...

​  Номи пурраи китоб “Назорати прокурорӣ ба иҷрои конунгузорӣ дар бораи  пешгирӣ, ошкор ва тафтиш намудани шиканҷа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” буда, муаллифи он Прокурори генералии Тоҷикистон Раҳмон Юсуф Аҳмадзод мебошад.

  Дастури мазкур  ба тахлили санадҳои ҳуқуқи байналмилалӣ, конунгузории миллӣ ва амалияи назорати прокурорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба назорати иҷрои қонунгузорӣ, пешгирӣ,ошкор ва тафтиш намудани шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона бахшида шуд, хусусиятҳои гузаронидани санҷишҳои прокурорӣ ва тафтиши парвандаҳо

Китобҳои тозавуруд: Ташхис ва табобати бемориҳои асаб аз нигоҳи Абўалӣ ибни Сино

  Чунин ном дорад китобе, ки ахиран дар шаҳри Душанбе интишор ёфт. Муаллифон дар сарсухани худ аз ҷумла менависанд: “Таърихи маданияти халқи тоҷик дар замони Сомониён як гурўҳ табибонро ба дунё овардааст , ки онҳо ба заковату фаросат ва донишмандӣ дар тамаддуни ҷаҳон ҳиссаи арзандаи хешро гузоштаанд. Айни замон пас  аз гузашти қарнҳо он дастовардҳои тиббии давраи Сомониён аҳамияти худро гум накардаанд. Хусусиятҳои муҳими  тибби замони Сомониён  дар он буд, ки пешгирии бемориро назар ба муолиҷаи он осонтар,  бехавфтару арзонтар ва муфидтар мешумориданд, тибби назариявӣ ва амалии он замон асосӣ илмӣ доштанд.

Аҳаммияти байналмилалии тибби замони Сомониён инчунин дар

Мизи мудаввар бахшида ба Рўзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

  Ширкаткунандагони як Мизи мудаввар дар Китобхонаи миллӣ, ки ба Рӯзи забони давлатӣ бахшида шуда буд, таъкид намуданд, ки  пок нигоҳ доштани забони модарӣ танҳо вазифаи донишмандон ва забоншиносон нест, балки ҳар фарди миллат бояд бо забони модарии худ озоду бидуни иштибоҳ сухан гуфтанро биёмӯзад.

 Баъд аз зуҳри имрӯз дар Китобхонаи миллии

Хушбахтӣ кафолати оилаи солим

  Чунин ном дошт семинар-тренинге, ки бо ташаббуси Шӯрои бонувони Китобхонаи миллӣ  доир гардид. Муовини директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Салима Раҷабова дар сухани ифтитоҳии худ зикр намуд, ки оила ва фарҳанги оиладорӣ як самти басо муҳими сиёсати кишварҳои олам аст. Ва муҳаббат пояи аслии устувории оилаҳо мебошад.

 Яке аз санадҳои тақдирсоз дар таҳкими мақоми зан дар ҷомеа ин Фармони Президенти ҶТ

Таҷлили “Рӯзи Рӯдакӣ” дар Китобхонаи миллӣ

   Баъд аз зуҳри имрӯз, 18 - уми сентябр дар толори ошёнаи сеюми Китобхонаи миллӣ бо ибтикори шуъбаҳои тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ ва Конуни забони тоҷикӣ ва омӯзиши забонҳои хориҷии Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ширкати ҷамъе аз донишмандону пажӯҳишгарон зери унвони “Соҳибқирони шоирон Устод Рӯдакӣ” мизи мудаввар доир шуд, ки ба “Рӯзи Рӯдакӣ”  бахшида шуда буд.

Боздиди ширкаткунандагони Ҷаласаи XXХIV Шӯрои ҳамкориҳои фарҳангии кишварҳои узви ИДМ аз Китобхонаи миллӣ

   Субҳи имрӯз гурӯҳе аз ширкаткунандагони Ҷаласаи XXХIV Шӯрои ҳамкориҳои фарҳангии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз Китобхонаи миллӣ дидан намуданд. Дар аввалин дидор бо Директори Китобхонаи миллӣ профессор Абдусалом Мирализода онҳо хостори тамошои ин боргоҳи маърифат шуданд.

   Меҳмонони олиқад ва намояндагони ИДМ аз 

Страницы