Боздиди ширкаткунандагони Ҷаласаи XXХIV Шӯрои ҳамкориҳои фарҳангии кишварҳои узви ИДМ аз Китобхонаи миллӣ

   Субҳи имрӯз гурӯҳе аз ширкаткунандагони Ҷаласаи XXХIV Шӯрои ҳамкориҳои фарҳангии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз Китобхонаи миллӣ дидан намуданд. Дар аввалин дидор бо Директори Китобхонаи миллӣ профессор Абдусалом Мирализода онҳо хостори тамошои ин боргоҳи маърифат шуданд.

   Меҳмонони олиқад ва намояндагони ИДМ аз толорҳои хониш, осорхонаи китоб, толори дастхатҳо ва китобҳои нодир дидан намуданд ва ба таърихи бунёди китобхона ва умуман китобу китобдорӣ дар Тоҷикистон ошно гаштанд. Ба меҳмонон бахусус осорхонаи китоб писанд омад. Онҳо зимни тамошо аз роҳбалад суол мекарданд ва посух мегирифтанд.

   Маврид ба ёдоварист, ки субҳи имрӯз дар шаҳри Душанбе Ҷаласаи XXХIV Шӯрои ҳамкориҳои фарҳангии кишварҳои узви ИДМ баргузор оғоз ба кор кард, ки қарор аст ду рӯз давом кунад. 

   Дар ҷаласа вазирони фарҳанг, муовинони аввал ва муовинони вазирони фарҳанги кишварҳои ИДМ, инчунин намояндагони ташкилоти байналмилалӣ ширкат доранд.

   Дар ин нишаст мавзӯъҳои гуногун аз қабили сиёсати давлатӣ дар соҳаи фарҳанг, лоиҳаи чорабиниҳои асосии ҳамкориҳои фарҳангӣ дар ИДМ дар солҳои 2021-2025, натиҷаҳои Соли фарҳанг дар ИДМ, иштироки кишварҳои ИДМ дар баргузории чорабиниҳои Соли китоб дар ИДМ, ҳамкориҳо дар соҳаи театр, санъат, тарбияи кадрҳо ва дигар мавзӯъҳои дахлдор баррасӣ хоҳанд гардид.

   Меҳмонони чорабинӣ инчунин ба шаҳрҳои Ҳисор ва Турсунзода рафта, аз ҷойҳои таърихӣ дидан мекунанд.