Мизи мудаввар бахшида ба Рўзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

  Ширкаткунандагони як Мизи мудаввар дар Китобхонаи миллӣ, ки ба Рӯзи забони давлатӣ бахшида шуда буд, таъкид намуданд, ки  пок нигоҳ доштани забони модарӣ танҳо вазифаи донишмандон ва забоншиносон нест, балки ҳар фарди миллат бояд бо забони модарии худ озоду бидуни иштибоҳ сухан гуфтанро биёмӯзад.

  Баъд аз зуҳри имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ташаббуси шуъбаи тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ бахшида ба «Рўзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳти унвони «Забон – муаррифгари миллат» Мизи мудаввал баргузор гардид.

   Гадобек Маҳмудов-ҷонишини Директори Китобхонаи миллӣ дар сухани муқаддамотии худ  забонро олитарин зуҳурот ва нишони мавҷудияти ҳар як миллат арзёбӣ намуд. Вай аз ҷумла гуфт: “Забон сарфи назар аз бузургу кўчак буданаш бо номи модар вобаста аст, зеро кўдак калимоти нахустинро аз модар мешунавад ва ҳатто бо он аз модар зода мешавад. Боиси ифтихор аст, ки мардуми хирадманду фарҳангдӯсти мо забони модарии хешро ҳамеша гиромӣ дошта, онро дар баробари дигар муқаддасоти миллӣ, хотираи таърихӣ ва нангу номус ҳифз мекунанд. Бинобар ин, ҳифзу гиромидошти ин ганҷи модарзодӣ вазифаи ҳар як фарди ҷомеа-фарзанди Модар мебошад. Бесабаб нест, ки Созмони байналмилалии Юнеско 20-уми февралро рўзи забони модарӣ эълон кардааст. Ин давлатҳоро водор месозад, ки нисбат ба забон бетафовуту бепарво набошанд”.

  Муовини Директори Китобхонаи миллӣ дар идомаи суханронии худ аз ташаббусҳову иқдомоти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин замина ёдовар шуд ва гуфт: “Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳанўз соли 1996 дар суханронии худ дар таҷлили Рўзи забон гуфта буданд: ”Забон рукни асосии миллат ва давлат аст. Миллату давлат соҳиб ва пуштибони забонанд. Ин аст, ки забон ва давлату миллат дар паноҳи якдигаранд. Барои ҳамин ҳам мо озодона амал кардани забони модарии ҳамаи қавму миллатҳои муқими Тоҷикистонро вазифаи давлатӣ ва конститутсионии худ мешуморем”.

  Дар ин нишаст  доктори илмҳои филологӣ, профессор Баҳриддин Камолиддинов, намояндаи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон шоир ва мунаққид  Муҳриддин Сабурӣ, сардори шуъбаи рисолаҳои илмии Китобхонаи миллӣ Раъно Ҷӯраева дар мавриди таърихи пайдоиш ва инкишофи забони тоҷикӣ суханронӣ  намуданд.

  Устод Баҳриддин Камолиддинов дар бораи вазъи имрӯзаи забон, корбурди иштибоҳии баъзе таъбиру калимаву ибораҳо, забони матбуот ва радиову телевизион, баҳсҳои забонӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва нақши он дар покии забон ибрози назар намуд.

  Дар нишаст ҳозирон зимни суханрониҳои худ аз таърихи забон ва марҳилаҳои рушди он ёдовар шуданд. Гуфта шуд, ки пок нигоҳ доштани забони модарӣ танҳо вазифаи донишмандон ва забоншиносон нест, балки ҳар фарди миллат бояд бо забони модарии худ озоду бидуни иштибоҳ сухан гуфтанро биёмӯзад.

  Дар ҳамоиш инчунин атрофи калимаву ибораҳои тозавуруд ба забон, ки бештари онҳо калимаҳои техникӣ мебошанд, низ сухан рафт. Гуфта шуд, ки баъзе аз ин калимаҳо баробариҳои худро дар забони тоҷикӣ доранд, ки бояд аввал аз онҳо истифода шавад. 

  Маврид ба ёдоварист, ки аз соли 1989 то соли 2009 дар ҷумҳурӣ 22 июл ҳамчун «Рӯзи забон» ҷашн гирифта мешуд. Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади минбаъд такмил додани қонунгузории ҷорӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ” - ро қабул кард. Аз соли 2009 ҳамасола 5 октябр дар саросари кишвар ҳамчун Рӯзи забони давлатӣ таҷлил мегардад.

Фарзонаи МИРЗО

Аксҳо аз Хусрави Милод