ТАФРЕҲ: Ҳамосаи Ватан аз Фарзона
Нашр шуд 2019-08-05 14:19
Эй васл, садоям кун бар рағми парешонӣ
То рустану бишкуфтан, то фасли гулафшонӣ.
Эй нанги Ватан, охир тоҷик шуданат бояд,
То чанд хуҷандиӣ ё вахшиву хатлонӣ.
Бигзор, Душанбе бод саҷҷодаи ишқи мо,
Бо ҳам биравем, инак, бо ҷодаи нуронӣ.
Овози ниё ояд аз нолаи хуни ман,
Нақши Ватанам хоност аз нақшаи пешонӣ.
Инак, найи Мавлоно, гулбонги сабўҳӣ зан,
Хезед, Ватан гўем, ёрони найистонӣ!
Ишқ аст фаро рафтан, бар самти Худо рафтан,
Эй аз ҳама ирфонӣ в-эй аз ҳама инсонӣ.
Дар ман Ватану Модар пайванди мунаввар ёфт,
Яъне натавонам гуфт он аввалу ин сонӣ.
Оваҳ, ки саҳар омад, аз васл хабар омад,
Бархезу таҷалло зан, хуршеди хуросонӣ!