Соли 2016 ба Китобхонаи миллӣ 34 ҳазору 674 нусха китоб ворид шудааст

Дар соли 2016-ум  34674 нусха адабиёт ба  маблағи  умумии  1004279,24  сомонӣ ба Китобхонаи миллӣ ворид ва мавриди коркард қарор дода шуд. Дар ин бора ахиран дар маҷлиси ҷамъбастии Китобхонаи миллӣ сухан рафт.
Гадобек Маҳмудов, Ҷонишини Директори Китобхонаи миллӣ зимни суханронӣ аз натиҷаҳои фаъолият дар соли 2016 эълон кард, ки ба захираи умумии Китобхона 24892 нусха ба маблағи умумии  552021,90  сомонӣ ворид ва ба фонди захиравии эҳтиётӣ 9782 нусха гузаронида шуд.  Аз ҷумла,  китобҳо -22655 нусха, маҷаллаҳо  -1638  нусха, рўзномаҳо -28  маҷмўа , харитаҳо -1 нусха,  нашрияҳои давомноки илмӣ- 59 нусха, нотаҳо-95 нусха, маводҳои коркарди гурўҳӣ –8 нусха, авторефератҳо-300, диссертатсияҳо-32 нусха, дастнависҳо-56 нусха, грампластинкаҳо, DVD ва СD -18 дона,  изографикаҳо -2 нусха.  Ба захираи мубодилавии эҳтиётӣ – 8582 нусха ба маблағи умумии – 399772,52 сомонӣ, ба захираи байналмилалии байникитобхонавӣ – 454 нусха  ба маблағи  умумии – 14820,63  сомонӣ ва бе  қайд кардан  ба шуъбаҳо ва ба фонди туҳфашаванда   - 746  нусха  ба маблағи умумии – 37664,19  сомонӣ ворид карда шуд.
Соли ҷорӣ ҳамчунин аз ҶДММ  “Райҳон-Б”, ҶДММ  “Шойзар”, Институти фалсафа ва бостоншиносӣ, Корхонаи давлатии таъминот ва савдои “Китоб” ва нашриёти  “Истиқбол”  ба миқдори 1994 нусха адабиёт ба маблағи умумии 239699,03  сомонӣ харидорӣ карда шуд.
Китобхонаи миллӣ барои соли 2016 ба 234 нусха (75 номгўй)  маҷаллаву рўзномаҳои ҷумҳуриявӣ ба маблағи умумии 14493,22 сомонӣ ва ба 36 номгў маҷаллаву рўзномаҳои Федератсияи Россия ба маблағи умумии 18870,28 сомонӣ обуна шуд.

Барчаспҳо: