Шоир, олим, рӯзноманигор
Ашъораш муттасил дар рўзномаву маҷалаҳои ҷумҳуриявию умумииттифоқию хориҷӣ ва маҷмўаҳои шеърии «Аз пушти борон» (1989), «Сапедасори булўр» (1991), «Фарёдҳо бар ёдҳо» (1994), «Балоғати нур»(1995),«Шикастанҳо….Набастанҳо»(1996), «Шамими бодаву бод»(1997), «Шабу шабобу шароб»(1998),«Оли Сомоно, муборак соли Сомонӣ (1999), «Хокистари ҳубоб» (2000), «Дар гуҳарбори садаф (2002) мунташир гардидаанд. Дар мавзўи «Тасвири най дар эҷодиёти Ҷалолиддини Румӣ» рисолаи номзадӣ ҳимоя кардааст.
Салими Хатлонӣ 12 марти соли 1960 дар деҳаи Шулғоншаҳри ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон зода шудааст. Соли 1975 мактаби 8- солаи ба номи Клара Сеткинаи ноҳияи Муъминобод, соли 1979 Омўзишгоҳи омўзгории Кўлобро хатм карда, аз сентябри соли 1979 то июни соли 1980 дар мактаби миёнаи №2 - и ноҳия муаллимӣ кардааст.
Аз моҳи июни соли 1980 то майи соли 1982 дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Шўравӣ хидмат кардааст. Пас аз хидмати ҳарбӣ моҳе чанд хабарнигори рўзномаи «Роҳи Ленинӣ»-и вилояти Кўлоб буда, аз декабри соли 1982 то июли 1984 дар Донишгоҳи давлатии омўзгории Душанбе, аз августи соли 1984 то июли соли 1989 дар Институти адабиёти ба номи Максим Горкий (Маскав) таҳсил кардааст. Баъдан аз соли 1989, дар мақомоти гуногуни Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ, Маҷлиси Олии мамлакат фаъолият доштааст.
Дар баробари адои вазифаҳои масъули хидматӣ, кори эҷодиро ҳамеша манзури назар доштааст. Ашъораш муттасил дар рўзномаву маҷалаҳои ҷумҳуриявию умумииттифоқию хориҷӣ ва маҷмўаҳои шеърии «Аз пушти борон» (1989), «Сапедасори булўр» (1991), «Фарёдҳо бар ёдҳо» (1994), «Балоғати нур»(1995),«Шикастанҳо….Набастанҳо»(1996), «Шамими бодаву бод»(1997), «Шабу шабобу шароб»(1998),«Оли Сомоно, муборак соли Сомонӣ (1999), «Хокистари ҳубоб» (2000), «Дар гуҳарбори садаф (2002) мунташир гардидаанд. Дар мавзўи «Тасвири най дар эҷодиёти Ҷалолиддини Румӣ» рисолаи номзадӣ ҳимоя кардааст.
Доктори илмҳои филологӣ мебошад. Чанде аз асарҳои назмиву насрии Р. Ҳамзатов, Ф.Тютчев ва дигаронро ба тоҷикӣ гардондааст. Тарҷумаи китобҳои «Ғуруби парвин» (қиссаву ҳикояҳои адиби туркман Отаҷон Таган (1992) ва «Палакони Сеул» (маҷмўаи шеърҳои шоираи куриёӣ Ким Ёчо) самараи заҳмати ўстанд.
Соли 1992 барои маҷмўаи ашъори «Сапедасолори булўр» сазовори Ҷоизаи Созмони ҷавонони Тоҷикистон гардидааст.
Дорандаи ордени «Шараф». Аз соли 1991 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.
Бозчоп аз Адибони Тоҷикистон. – Душанбе:Адиб, 2014. – С. 257.
Аз Салими Хатлонӣ дар Китобхонаи миллӣ бихонед:
Балоғати нур. – Душанбе: Симурғ,1995. – 96 с.
Шамими бодаву бод. – Душанбе: Ирфон,1997. – 96 с.
Хокистари ҳубоб. – Душанбе: Ирфон, 2000. – 192 с.
Дар гуҳарбори садаф. – Душанбе: Адиб, 2002. – 184 с.
Масоили тасвирҳои шоирона дар осори Ҷалолиддини Румӣ. – Душанбе, 2009. – 329 с.
Тасвирофаринӣ дар осори Ҷалолиддини Румӣ. – Душанбе: Эҷод, 2009. – 320 с.
Аташсипори тариқат ва майгусори ҳақиқат. – Душанбе: Матбуот, 2012. – 144 с.
Бенавое дар навои най. – Душанбе: Истеъдод, 2015. – 540 с.
Ҳомии ваҳдат. – Душанбе: Истеъдод, 2015. – 64 с.
Мунтахаби ашъор. – Душанбе: Комбинати полиграфии ш. Душанбе, 2017. – 592 с.
Ишқ мегўяд. – Душанбе, 2017. – 432 с.
Шаҳриёри мо: Шеър // Ҷумҳурият. – 2013. – 22 август.
Шеъри Самариддин Яқуб гуворост: Маълумоти мухтасар аз ашъори шоир Самариддини Яқуб // Чархи гардун. – 2013. – 10 октябр.
Бадеҳаҳои деҳа: Шеър // Адабиёт ва санъат. – 2013. – 31 октябр.
Ки ишқ осон намуд аввал…: Ҳофизнома // Адабиёт ва санъат. – 2014. – 17 июл.
Нуқтаи ишқ намудам ба ту, ҳон, саҳв макун…: Ҳофизнома // Адабиёт ва санъат. – 2014. – 18 сентябр.
Ибодат; Мужда; Ҷаллод; Ғафлат; Тасвир; Наменолам; Охири зулмот…: Шеърҳо // Адабиёт ва снъат. – 2014. – 13 ноябр.
Суруди аскарбачаҳо: Шеър // Адабиёт ва санъат. – 2015. – 19 феврал.
Шўъларези хандаи хуршеди хушсимост ишқ!: Ғазалҳо. – 2015. – 23 апрел.
Меъмори ваҳдат: Шеър // Ҷумҳурият. – 2015. – 20 июн.
Тариқ; Шаб; Шамъ;Баҳонаро бигзор; Ҳастӣ; Бозгашт; Тамошо: Шеърҳо // Адабиёт ва санъат. – 2016. – 11 феврал.
Субҳи баҳор; Сапедасари намои ту…; Пардаи шаб; Ҳайф…: Шеърҳо // Адабиёт ва санъат. – 2016. – 28 июл.
Умр ба доди ғам расид, азми шароб кам намуд: Шеър // Баҳори Аҷам. – 2017. – 17 март.
Ҷоми ишқ: Шеър // Тирози ҷаҳон. – 2018. – 17 март.
Дар бораи Салими Хатлонӣ
Муъмин, Р. Салими Хатлонӣ: «Асрори куштори Искандари Хатлонӣ кушода хоҳад шуд»: Суҳбат бо шоир Салими Хатлонӣ оиди кору фаъолият ва марги устод // Нигоҳ. – 2009. – 9 июл.
Абдуллоева, Ш. Назаре ба шеъри Салими Хатлонӣ // Адабиёт ва санъат. – 2009. – 23 апрел.
Абдуллоева, Ш. Сано бодат, ки табъи ту салим аст…: Оиди эҷодиёти устод Салими Хатлонӣ // Фараж. – 2009. – 26 март.
Боқиева, С. Салим истиқлолияти шеър дорад: Оиди ҳаёт ва фаъолияти адиби шинохта Салими Хатлонӣ // Нигоҳ. – 2009. – 19 март.
Рустамзода, М. Салим – шоире бо табъи солим: Оиди ҳаёт ва фаъолияти Салими Хатлонӣ // Ҷавонони Тоҷикистон. – 2010. – 11 март.
Абдуллоева, Ш. Шодбош: Бахшида ба рўзи зодрўзи шоири озоданав накуандеш ва ҷавонмарди покзамир устод Салими Хатлонӣ // Озодагон. – 2010. – 17 март.
Таҳияи Дилороҳ Сайдамирова
Корманди шуъбаи библиографияи миллӣ