Оғози таҷрибаомӯзӣ барои донишҷӯёни Коллеҷи фарҳангии ба номи П.Буйдоқов

Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон барои як зумра донишомӯзони соли сеюми бахши китобдории  Коллеҷи фарҳанги ба номи П.Буйдоқов таҷрибаомӯзӣ оғоз шуд.
Чанд тан аз донишомӯзони соли сеюми бахши китобдории  Коллеҷи фарҳанги ба номи П.Буйдоқов дар Китобхонаи миллӣ ба таҷрибаомӯзӣ оғоз карданд.
Қарор аст муддати якуним моҳи оянда онҳо тибқи барномаи таълимӣ ва таҷрибаомӯзӣ дар шуъбаҳои ҷудогонаи Китобхонаи миллӣ дарсҳои амалӣ гузаранд ва таҷрибаи корӣ омӯзанд.
Таҷрибаомўзон ба фаъолияти шуъбаҳо ва марказҳои Китобхонаи миллии Тоҷикистон аз наздик шинос мешаванд ва тибқи нақша қарор аст мудирони шуъбаҳо барояшон дарс гӯянд ва онҳоро бо вежагиҳои шуъбаи худ ошно созанд.
Маврид ба таъкид аст, ки ҳамасола аз муассисаҳои таълимии кишвар даҳҳо тан аз донишомӯзон бо роҳхат ба Китобхонаи миллӣ меоянд ва маҳорати касбӣ меомӯзанд.

Шариф Наботов,
мутахассиси шуъбаи хизматрасони библиографӣ