Конфронси хонандагон бахшида ба адиби рус Андрей Волос
Нашр шуд 2016-09-01 14:19
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ибтикори кормандони шуъбаи хизматрасонии библиографӣ конфронси хонандагон бахшида ба ҳаёт ва эҷодиёти адиби шинохтаи рус Андрей Волос баргузор шуд.
Андерей Волос 4-уми августи соли 1955 дар шаҳри Сталинобод-пойтахти Тоҷикистон дар хонаводаи геолог дида ба олам кушодааст. Хатмкардаи Донишкадаи саноати нефту кимиё ва гази Маскав ба номи Губкин буда, ихтисосаш геофизик аст.
Баъди хатми донишкада ба Душанбе баргаштааст ва ба тарҷумаи шеърҳои тоҷикӣ оғоз кардааст. Соли 1979 аввалин маротиба ашъори худро дар маҷаллаи русии “Помир” чоп кардааст.
Нахустин китобаш бо номи “Старое Шоссе” соли 1988 интишор ёфтааст.
Аз аввали солҳои 1980 ба насрнависӣ гузаштааст.
Узви Иттифоқи нависандагони Маскав буда, ҳоло сокини пойтахти Русия мебошад.
Андрей Волос муаллифи китобҳои “Хуррамабод”, “Бозгашт ба Панҷруд”, “Алифбо”, “Маккаи Маскав”, “Ғолиб” ва ғайра мебошад.
Аввалин романи ӯ “Хуррамобод” (соли 2000) ҷоизаи давлатии Русияро гирифт.
Андрей Волос соҳиби чандин ҷоизаҳои Русия ва Эрон аст.