Об бошад гавҳари қимматтар аз лаълу гуҳар...
Об асту ҳаёт пойдор аст,
Об асту замину кишту кор аст.
Маҳсули ҳама ҷаҳони ҳастӣ,
Аз ҳастии оби файзбор аст.
Оре, об манбаи ҳастии ҳамаи мавҷудоти олам аст. Об захираи бузургест, ки воқеияти он ҷаҳону зиндагониро таровату зебоӣ ва сарсабзиву озодагӣ мебахшад. Ҳастии гулу гиёҳ, ҳайвоноту наботот, растаниву инсоният, хосса зиндагии осоиштаву ободӣ ва озодагиву пурбаракатӣ ҳама ба об вобастагӣ дорад. Обро инсон барои нўшидан, пухтани хўрок, шустушўи, сохтани манзил, тозагии кўчаҳо, обёрии заминҳо истифода мебарад. Инчунин одам бо роҳҳои обӣ заврақу киштӣ ронда, ҳар гуна бор ва мусофиронро мекашонад. Оби шаршарадор турбинаҳоро ба ҳаракат дароварда, ҷараёни электрикӣ ҳосил мекунад. Бо қувваи оби зиёд чархи санги осиёб, дастакҳои обҷувоз ҳаракат мекунанд. Кори ягон соҳаи саноат бе об пеш намеравад. Дар фабрикаву заводҳо обро барои тайёр кардани маҳлули рангҳо, оҳар додани матоъ, коркарди пўст, тайёр кардани қоѓаз, собун, нонпазӣ, нўшокиҳои гуногун истифода мебаранд.
Инсон бе об зиндагӣ карда наметавонад. Ҳатто қисмати зиёди вазни бадани инсоният аз об иборат аст. Инсон дар тамоми лаҳзаҳои ҳаёташ аз об истифода мебарад. Об одамро аз ифлосию нопокӣ, аз бемориву дардҳо эмин мегардонад. Об барои сабзавоту наботот ва ҳайвонот, ки инсон ҳамеша бо онҳо сарукор дорад, манбаи асосист. Ҳатто намии замин аз об аст, ки бе он ягон растанӣ ва гулу гиёҳ намерўяд.
Мо, тоҷикистониён аз сероб будани сарзамини бузургамон бояд ҳамеша бифахрем. Тоҷикистон аз захираи об бой буда, қариб 7000 пирях, 155 кўли гуногунҳаҷм, даҳҳо ҳазор чашмаоби оддию маъданӣ ва обанборҳои зиёд дорад.
Дар Тоҷикистон дарёҳои Сир, Вахш, Зарафшон, Варзоб, Кофарниҳон, Панҷ ва садҳо наҳрҳои хурду бузург ҷорӣ мешавад, ки онҳо на ин ки Тоҷикистонро, балки мамлакатҳои ҳамсоя Узбекистону Туркманистонро низ шодоб мегардонанд. Ду дарёи калоне, ки аз кўҳҳои осмонбуси мо сарчашма мегиранд, баҳри Аралро, ки имрўзҳо хушк шуда истодаасту дар минтақаи Осиёи Миёна хисороти зиёд оварданаш мумкин аст, аз об пур мекунад.
Бе об зиндагӣ пойдор буда наметавонад. Аз қадимулайём дар китобҳои динӣ низ об чун манбаи асосии ҳаёт дониста мешавад. Чор унсур дар ҳаёт муқаддасанд: об, хок, оташ, бод, ки тамоми мавҷудоти олам ба онҳо эҳтиёҷ доранд. Модоме, ки асоси зиндагии ҳамаи мавҷудоти олам обро медонем, пас вазифадорем, ин маъхази бузургро чун асоси ҳастӣ, чароғи равшанидиҳанда, созгори дунёи ҳастӣ эҳтиром намоем, тозаву озода нигоҳ дорем, нагузорем, ки нохалафе ин мўъҷизоти бузургро ифлос гардонад, ба он партовҳо партояд ё ягон амали носазое нисбати он раво бинад, зеро:
Зи ҷўе, ки хурдӣ аз он оби пок,
Набояд фикандан дар он сангу хок,
Тоза нигоҳ доштани об ва муқаддас шумурдани он, қимат донистани ҳар қатраи ин мўъҷизаи бузург қарзи ҳар як инсони асил аст, зеро об на танҳо ҳамчун манбаи ободӣ, балки маъхази нуру рушноӣ ва маҳсули шодиҳои олами ҳастист:
Об бошад гавҳари қимматтар аз лаълу гуҳар,
Покии ҳар қатраи он покии хайрулбашар.
“Об ҳаст ободӣ ҳаст”, мегўянд. Об аст, ки кулли мавҷудоти олам дар афзоишу рушду нумўъ ва пояндагӣ ў қарор дорад.
Об аст, ки дар дами марг қатрае аз он ошомида инсон нафас рост мекунад.
Об аст, ки гулу гиёҳ аз он рангу бўй, таровату пояндагӣ мегиранд.
Бе об ҳаёт маъно надорад. Зиндагиро ҳастии об асос аст.
Мутаассифона, бархе аз инсонҳои беандеша ва номурод дидаю дониста обҳоро ифлос мегардонанд, дар дарёҳо партовҳо мепартоянд. Обро бе сарфаю сариштакорӣ истифода мебаранд, ки ин ба касодиҳо оварда мерасонад. Дар ҳамаи китобҳои динӣ, бахусус дар дини мубини Ислом сарфаю сариштакорӣ ҳамеша тақозо карда мешавад ва тозаю озода нигоҳ доштани он, макруҳ накардани ҳар қатраи он вазифаи муқаддаси ҳар як шахси мусалмон дониста мешавад.
Хулоса, аз гуфтаи Расули Акрам (с) «Об ҳақиқатан поккунанда ва асоси ҳастист, ки чизе онро наҷис нагардонад».
Имрўз диққати ҷомеаро ҳалли мушкилоти оби тоза ба худ ҷалб намудааст. Боиси сарфарозист, ки соли таърихӣ, яъне соли таҷлили 25 –умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ ин иқдоми наҷиби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамовозӣ пайдо намуд. 21 декабри соли 2016 аз ҷониби Маҷмааи Созмони Милали Муттаҳид қатъномаи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор 2018-2028» қабул гардид. Ин омил, боз як нишонаи муҳими он аст, ки ҳалли масъалаҳои глобалӣ ва минтақавии ҷаҳони имрўза оид ба об яке аз самтҳои муҳими сиёсатӣ хориҷии давлати мо арзёбӣ гардида, ташаббусҳои созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин самт ба хотири саодати тамоми сайёра ва дастрасии онҳо ба оби тозаи нўшокӣ равона гардидааст.
Бо вуҷуди он, ки дар ҳудуди Тоҷикистон қариб 65% обҳои Осиёи Марказӣ ташаккул меёбанд, ҳамкорӣ оид ба истифодабарии захираҳои об барои бартараф намудани мушкилиҳои нарасидани об дар минтақа имкониятҳои калон ба амал меорад. Зеро бо сабаби суръати баланди афзоиши аҳолӣ талабот ба манбаҳои об сол дар сол зиёд гашта истодааст. Мақсади асоси давлати мо ҳангоми пешниҳоди нав ба СММ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи об низ ҳамин аст, ки давлатҳо туфайли аз як дарё об истеъмол намудан бо якдигар васл гарданду риштаҳои дўстию рафоқатро боз ҳам маҳкамтар бубанданд.
Ҷамил Валиев,
Сардори Шуъбаи хизматрасонии библиографи
Китобхонаи миллии Тоҷикистон