Ганҷинаи иттилоот ва маълумотномаҳо ( Хазинаи бойгони иттилоот)

Шуъбаи хизматрасонии библиографӣ яке аз сохторҳои асосии Китобхонаи миллии Тоҷикистон буда, фаъолияти худро аз соли 1938 шуруъ намуда, аз рўзи оғози фаъолият то ин ҷониб мақсади ниҳоии он ташкили хизматрасонии маълумотӣ, иттилоотӣ ва тавсиявии библиографӣ ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ мебошад.
Шуъбаи мазкур дорои сарчашмаҳои бузурги иттилоотӣ, энсиклопедияҳо, маълумот­номаҳо ва луғатҳо бо забони русӣ мебошад. Истифодаи махзани (фонд)-и шуъба барои истифодабарандагон озод  аст.

Самтҳои асоси фаъолияти шуъба чунинанд:

  • Хизматрасонии маълумотдиҳӣ ва иттилоотиро амалӣ  менамояд;
  • Эҳтиёҷоти иттилоотии истифода­ба­рандагонро меомўзад;
  • Дастгоҳи маълумотдиҳӣ-библиографиро созмон медиҳад;
  • Маълумотҳои библиографиро дар реҷаи «дархост - ҷавоб» иҷро менамояд;
  • Маслиҳат додан оид ба тарзи истифо­дабурдани дастгоҳи маълумотдиҳӣ-библиографӣ;
  • Таҳлил  намудани дархостҳо ва сабабҳои рад намудани онҳо;
  • Расонидани ёрии методӣ ба дигар шуъбаҳои дар раванди хизматрасонии маълумотидиҳӣ-библиографӣ.

Имрўз фаъолияти шуъбаи хизматрасонии библиографӣ  имконияти бештареро барои хонандагон фароҳам овардааст. Маҳз кормандони шуъбаи мазкур аввалин шуда мисли занбўри асал ангубин – мавод ҷамъ оварда, пешкаши гурўҳи васеъи хонандагон мегардонанд. Коргарони ин ганҷинаи иттилооти даргоҳи илму маърифат ҳамчун  шўълапошоне ҳастанд, ки шахсони ба ин даргоҳи маърифат воридшударо  пурнур менамоянд.

Суроғаи мо: 734024,ш. Душанбе, Кўчаи Теҳрон 5,
телефон 221-89-56; 221-06-45.
E-mail:info@kmt.tj Сомонаи интеретӣ www.kmt.tj