Мактаби китобдории тоҷик

Зиёда аз 2600 нафар хатмкунандагони факултаи китобдорӣ ва иттилоотшиносииӣ Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон, КДБҶ ба номи Мирсаид Миршакар, китобхонаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, китобхонаҳои вилоятӣ, шаҳрӣ, ноҳиявӣ, китобхонаҳои муассисаҳои таълимӣ, корхонаҳо ташкилотҳо  фаъолият менамоянд.
Нерўи  ақлии  инсон  ҳамвора дар ташаккул аст ва дар ин росто мақому манзалати китоб баланд буду пеш меравад. Ҳар ҷомеае, ки ба китоб такя мекунад, рӯ ба пешрафт дорад. Ҳоло китобу  китобшиносӣ ба сифати илм пазируфта мешавад.
Соли 1967 дар назди Донишкадаи давлатии омўзгори шаҳри Душанбе (ҳоло Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ) факултаи санъат таъсис ёфт, ки қисми таркибии он шуъбаи китобхонашиносӣ ва библиография буд. Дар натиҷаи таъсиси Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон (соли 1973) шуъбаи  китобдории Донишкадаи омўзгории шаҳри Душанбе ба  факултаи китобдории Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон  табдил шуд. Сипас, соли 1998 ҳамчун факултаи китобдорӣ ва иттилоотшиносӣ дар сохтори Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода (ҳоло Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода) мақоми хоса пайдо намуда, чандин сол  аст, ки дар таълиму тарбияи мутахассисони соҳаи китобдорӣ нақши созанда дорад.
            Саҳми устодони варзида  Раҳимҷон Шарофзода, Ислом Ҷураев, Абдураҳим Раҳимов, Ҷелмат Шерматов, Сафар Сулаймонӣ, Шариф Комилзода, Сайидалӣ Муҳиддинов, Бозорбоӣ Холов, Сафар Шосаидов, Гадобек Маҳмудов, Қурбон Ғуломзода, Қурбон Буриев ва дигарон дар бунёди мактаби китобдории тоҷик бузург аст.
            Имрўз зиёда аз 2600 нафар хатмкунандагони факулта дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон, КДБҶ ба номи Мирсаид Миршакар, китобхонаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, китобхонаҳои вилоятӣ, шаҳрӣ, ноҳиявӣ, китобхонаҳои муассисаҳои таълимӣ, корхонаҳо ташкилотҳо фаъолият менамоянд. Инчунин, як зумра дастпарварони факулта дар мамлакатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва хориҷӣ кишвар кор фаъолият намуда, шарафи донишкада ва факултаро нигоҳ медоранд.
            Факулта ҳамчун маркази асосии тарбияи кадрҳои баландихтисос ва рушду нумўи  илми китобдорӣ ба шумор рафта, дорои ду кабинети тахассусӣ мукаммал бо адабиёти таълимӣ ва ду синфхонаи компютерӣ муҷаҳҳаз мебошад.
Омўзгорони факулта дар чопи китобҳои дарсӣ, омоданамои санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии соҳаи китобдорӣ ва мақолаҳои илмӣ дар рӯзномаю маҷаллаҳои дохилӣ ва берунии кишвар нақши созанда доранд.
Ман низ чун шогирди ҳамин муассисаи таълимӣ аз хизмати бобаракати чандинсолаи факултаи китобдорӣ ва иттилоотшиносӣ Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода дар рушду нумуи илми китобдории тоҷик изҳори қаноатмандӣ мекунам ва барои ҳамаи кормандони кунуни он дар фаъолияти судмандашон дастовардҳои тоза таманно дорам.

Валиев Ҷамил,
сардори шуъбаи
хизматрасонии библиографӣ