“Осорхонаи китоб» Ин чӣ осорхонаест ?

Дар ошёнаи сеюми Китобхонаи миллии Тоҷикистон «Осорхонаи китоб»-и шуъбаи дастхатҳои Шарқ ва китобҳои нодир воқеъ аст, ки айни ҳол дар он беш аз 100 нусхаи ҷолиби диққат, ки ҳар кадомро метавон як дастоварди хаттии ниёгонамон ҳисобид, дар маърази тамошо гузошта шудааст.
Ҳамасола садҳо нафар аз меҳмонони воломақом ва тамошобинон аз дохил ва хориҷи кишвар ба ин осорхона ташриф меоваранд.
  Ба намоиш гузошта шудани нусхаҳои хаттӣ аз ҳар ҷиҳат барои муаррифии комилу пайвастаи онҳо ба ҳозирин, яъне бинандаҳои хориҷию дохилӣ, новобаста аз синну сол, касбу кор ва дараҷаи маълумоташон имконияти бештареро барои муаррифии фарҳанги миллиамон фароҳам меоварад. Бахусус, дар коғазҳои қимматбаҳо ва нафис нақш бастани эҳсосот тавассути амали минётурнигорон, бо хатти зебои мухталиф аз тарафи хаттотони зарринқалами гузашта, китобат шудани онҳо, бо нақшу нигори беҳамто ороиш ёфтани муқоваю саҳифаҳои дастнависҳо ба ҳар як меҳмони Китобхона мавриди писанд қарор мегирад ва бидуни шак, лаҳзаҳои таърихии китобатшудаи осори ниёгонамонро пеши рўйи онҳо ҷилвагар месозад.
    Ҳамчун ёдгории таърихӣ муаррифӣ шудани нусхаҳои хаттӣ ба бинандагон ва таҳқиқотчиён имконияти мушаххас медиҳанд, ки онҳо аз ин сарчашмаҳои нодир маълумотҳои боэътимодро пайдо кунанд ва барои истифодаи онҳо дар таҳқиқоташон иқтибос гиранд.
Он дастнависҳое, ки дар асрҳои XIII- XIX ва то аввали асри XX китобат шудаанд, дар “Осорхонаи китоб” ва фонди беназири шуъбаи Дастхатҳои Шарқ ва китобҳои нодир муҳофизат мешаванд. Бояд тазаккур дод, ки қисмате аз нусхаҳои хаттӣ дар даврони худи шоирону нависандагон ва ё олимон китобат шудаанд, бархе аз онҳо нусхаи хати муаллифони асарҳо низ мебошанд.
    Зимни шиносоӣ бо осорхона ва махзани шўъба ба китобҳо ва маҷмўаҳое рў  ба рў мешавем, ки бо камоли итминон метавон гуфт, дар зоти хеш ягона буда, чашми муҳаққиқе ба онҳо науфтодааст ва агар уфтода бошад ҳам, вале таҳқиқ ва пажўҳише болояшон сурат нагирифтааст.
Барои мисол метавон аз нусхаи хаттии «Таърихи Сурободӣ» сухан кард. Ин нусхаи мўътабар, ки дар осорхонаи мазкур ба намоиш гузошта шудааст, диққати ҳар як муҳаққиқро ба худ ҷалб менамояд. Муаллифи ин асар – Муҳаммад ибни Муҳаммад ибни Шайх Муҳаммад ал-Ҷомӣ мебошад.
    Бояд гуфт, ки дар асл тамоми нусхаҳои хаттии осорхона ганҷинаи бебаҳоянд. Барои намуна боз унвони чанде аз ин китобҳои муқаддасро мисол меоварем, ки арзиши хеле баланди илмӣ доранд ва мо онҳоро дар тўли солҳои оянда ба ҳуруфоти кириллӣ, навбат ба навбат баргардон, тарҷума намуда, пешкаши толибилмон, муҳаққиқон ва аҳли илму адаб хоҳем кард:   “Ат-Табарӣ” («Таърихи Табарӣ») асри XIII, Зиё Баранӣ «Таърихи Фирўзшоҳӣ» асри  XVI, «Тазкираи Буғрохонӣ» асри XV- XVI, «Тазкирату-ш-шуаро»-и Давлатшоҳи Самарқандӣ асри  XVII, «Ахлоқи мўҳсинӣ» -и Ҳусайн Воизи Кошифӣ асри  XVII, «Захирату-л-мулук»-и Алӣ ибни Шаҳобиддин ал-Ҳамадонӣ асри  XVIII, «Қаробиддини Қодирӣ»-и Муҳаммад Акбари Арзонӣ асри  XVIII, «Ганҷу-л-олам»-и Низом ибни Хоҷа Яъқуб ал-Ҳисорӣ асри  XVII, «Чаҳорбоғи гулҳо»-и Муҳаммад Одил ал-Бухорӣ, асри  XIX, «Таъбири султонӣ» Исмоили ибни Низомулмулк, асрҳои XVI- XVII, «Ҳандаса» ва «Сӣ фасл дар илми нуҷум»  риёзидон ва мунаҷҷими машҳур Носириддини Тусӣ, асрҳои  XV-XVI ва ғайраҳо...     
    Қобили зикр аст, ки тамошои “Осорхонаи китоб” барои тамоми муштариён ройгон аст. Хохишмандон метавонанд дилхоҳ вақти муносиб аз ин осорхона боздид намоянд, ончи ки бо чашм мебинем, болотар аз гуфтаҳост.

  • Раҷабалӣ Додихудоев
  • Сардори шуъбаи дастхатҳои
  • Шарқ ва китобҳои нодир
Барчаспҳо: