Чопи “Роҳнамои хонанда”
Нашр шуд 2016-06-03 18:23
Шуъбаи маркетинг ва менеҷменти фаъолияти китобдорӣ бо мақсади ҳар чи бештар ошно намудани хонандагон бо шарту шароити Китобхонаи миллии Тоҷикистон дастури тавсиявиро бо номи “Роҳнамои хонанда” зери назари доктори илми филология, профессор Сайфиддин Назарзода аз чоп баровард.
“Роҳнамои хонанда” аъзои Китобхонаи миллии Тоҷикистонро бо таъриху қоидаҳои узвият дар Китобхона, толорҳои хониш, марказу намоишгоҳҳои Китобхонаи миллии Тоҷикистон ошно менамояд.
Бояд зикр намуд, ки дар дастур маълумотҳои навтарин бо аксҳо аз толору намоишгоҳҳо ҷамъоварӣ гардида, дар қисми охири он руйхати толорҳои хониш, марказу намоишгоҳҳо ва дар кадом ошёнаи Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҷойгир будани онҳо маълумоти муфассал медиҳад.
Ин аввалин талош барои муаррифии хонанда бо Китобхона аз роҳи таҳияи китобчаҳои раҳнамоикунанда мебошад ва Шуъбаи маркетинг ва менеҷменти фаъолияти китобдорӣ тасмим гирифтааст, ки дар оянда дигар намуди ин гуна китобчаҳоро омода созад.
Дастури тавсиявии “Роҳнамои хонанда” ба дўстдорони китобу китобхона тавсия дода мешавад.
Дарёфти Китоб: Роҳнамои хонанда