Муаррифӣ: “Дар шинохти асп”
Нашр шуд 2021-02-26 13:59
Китобе бо ин ном соли гузашта (2020) чоп шуд ва муаллифони он А.Шамсиев ва Б.Файзуллоев мебошанд. Чуноне аз номаш пайдост, китоб дар мавзӯъи аспу асппарварӣ дар Тоҷикистон бахшида шудааст ва ин як навиштаи хеле пурмуҳтавоест, ки ҳам таърихи муҳаббати миллат ба аспро фаро гирифта ва ҳам вазъи имрӯзаи асппарварӣ дар кишварро мавриди пажӯҳиш қарор додааст.
Китоби мазкур армуғонест, ки аввалин маротиба ба забони тоҷикӣ барои донишҷӯёни факултетҳои зооинженерӣ, байторӣ ва мутахассисони соҳаи чорводорӣ, инчунин барои ҳаводорон ва дӯстдорони соҳаи асппарварӣ пешниҳод мегардад. Хонандагон дар ин китоб имконият меёбанд бо нозукиҳои технологияи асппарварӣ шиносоӣ пайдо карда, барои рушди соҳа саҳми арзандаи худро гузоранд.
Собиқ Вазири кишоварзии Тоҷикистон А.Салимзода ба ин китоб сарсухан навиштааст ва аз ҷумла мегӯяд: Файласуфи Юнони қадим Геродот мефармояд: ʺФорсҳо ба фарзандони худ се чизро меомӯзонад: аспсаворӣ тирандозӣ ва ростгӯироʺ. Маҳз ин гуфтаҳо мо насли ориёнажодро водор месозад, ки ин солори чаҳорпоён (Умари Хайём) ва дилқарини одамонро мавриди омӯзишу тавсиф қарор диҳем.
Асп дар ташаккули рушди ҷомеаи инсонӣ тӯли панҷ ҳазор соли охир аҳамияти беназир касб кардааст. Дар ҳаёти инсон бошад, асп нисбат ба дигар ҳайвоноти хонагӣ нақши бузургеро бозидааст.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи асппарварӣ яке аз соҳаҳои асосии чорводорӣ ба ҳисоб рафта, рушди минбаъдаи он дар таъмини бехатарии озуқавории мамлакат ва паст намудани сатҳи камбизоатӣ мавқеи хоса дорад. Тайи солҳои охир мавриди таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳури Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор гирифтани соҳаи асппарварӣ ба пешравии он мусоидат намудааст, ки қабули Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи рушди соҳаи асппарварӣ» аз 31 декабри соли 2008 худ гувоҳи он аст.
Дар аввали аср эҳёи зоти аспи тоҷикиӣ, ки иқдоми худи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт буд, мутахассисон ва махсусан олимони Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемурро, ки мавзӯъи ба вуҷуд овардани зоти аспҳои тоҷикиро ба уҳда доштанд, водор намуд, ки ба ин супориш аҳамияти ҷиддӣ диҳанд. Ин иқдом дар санаи 28 декабри соли 2002 амалӣ гашта, зоти аспи тоҷикиро бо тамоми ҷузъиёташ ҳамчун зоти нави асп дар маҷлиси мушовараи Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд ва тасдиқ гардид. Ин дастоварди бузурги олимони Донишгоҳи агарарии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур якумин маротиба аз тарафи олимони соҳаи чорводорӣ пешниҳоди худро ёфта буд. Муаллифон аз тарафи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба баҳои баланд соҳиб шуданд ва Президенти кишвар дар ҷашни 80 – солагии Донишгоҳи агарарии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур аз ин дастовард ёдовар шуда, қайд карданд: «Миллати аспдӯсту соҳибзавқ аз давраҳои авали давлатдорӣ барои чобуктару зеботар намудани зоти асп кӯшида, дар тимсоли аспҳои бохтарӣ, тахорӣ ва хатлонӣ як достони ибратангези сарнавишти аспи миллии хешро офарид». Эҳё кардани зоти нави аспи тоҷикӣ худ гувох он аст, ки халқи тамаддунпарвари мо дар гузаштаи куҳан бо аспҳои бодпойи худ дар тамоми олам шуҳрати беандоза дошт.
Китоби мазкур аз 16 боб иборат буда, аз таърихи пайдоиш то ба пеш бурдани корҳои зотпарварӣ дар соҳаи асппарварӣ иборат мебошад. Ҳар як боб бо махсусияти том ба қалам оварда шудааст. Боби авали китоб ин таърихи асппарварии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бар гирифта, таълифоти соҳибназарони адабиётамонро, ки ин соҳаро ба риштаи назм даровардаанд, баҳс мекунад. Дар бобҳои минбаъда муаллифон кӯшиш ба харҷ додаанд, ки хусусиятҳои ин соҳаро мӯшикофона барои хонандаи муҳтарам мавриди баррасӣ қарор диҳанд.
Умед аст, ки ин китоб ҳамчун манбаи комили иттилоотию таҳлилӣ мавриди истиқбол ва истифодаи доираи фарохи хонандагон, аз ҷумла ҷавонон, устодону шогирдони макотиби олӣ, аспирантону муҳаққиқон ва мутахассисон мегардад.
Китоби мазкур ҳамчун ёдоварӣ барои гиромидошти хотираи устоди зиндаёд, доктори илмҳои кишоварзӣ, профессор Шамсиев Арбобмирзо Гадоевич бахшида мешавад.
Салимзода А.Ф., вазири пешини кошоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
“Андар шинохти асп” – ро шумо метавонед дар Китобхонаи милль мутолиа намоед.
Таҳияи А. Алимова