Масъалаи дастгирии маъюбон дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Нашр шуд 2021-02-01 15:39
26 январи соли равон Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷи дар ҷумҳурӣ” доир гардид. Пешвои миллат дар оғоз қайд намуданд, ки соли сипаригардида барои тамоми кишварҳои ҷаҳон вобаста ба таъсири пандемия аз нигоҳи молиявию иқтисодӣ ва иҷтимоӣ хеле мураккаб буд, ки Точикистони мо низ аз ин вазъи мураккаби ҷаҳон канор намонд.
Аммо ба ҳамаи мушкилоти иҷтимоӣ ва иқтисодӣ нигоҳ накарда, Ҳукумати мамлакат аз тамоми имкониятҳо истифода бурда рушди иқтисодиёт ва таъминоти иҷтимоии табақаҳои мухталифи аҳолии кишварро таъмин намуд. Сарвари давлат иброз намуданд, ки дар ин вазъи пуртазоди ҷаҳони муосир новобаста ба мушкилоти молиявӣ тақрибан 50% буҷети давлатӣ ба соҳаҳои иҷтимоӣ, махсусан барои дастгирии иҷтимоии табақаҳои осебпазири аҳолӣ – маюбон равона гардид.
Пешвои миллат дар суханрониашон аз ҷумла қайд намуданд: “Соли 2020 барои тақвият бахшидани дастгирии иҷтимоии нафақахӯрону маъюбон, кӯдакони ятим ва оилаҳои камбизоат як қатор чораҳои судманд роҳандозӣ гардида, ба зиёда аз 700 ҳазор нафар сокинон аз гурӯҳҳои осебпазири ҷомеа ба маблағи беш аз 250 миллион сомонӣ кумакҳои иловагии иҷтимоӣ пардохта шуданд. Ҳукумати кишвар ба масъалаи ҳифзи саломатӣ ва нигоҳубини ятимону маъюбон ва пиронсолону бепарасторон мунтазам ғамхорӣ зоҳир карда, барои беҳтар сохтани шароити иҷтимоии онҳо тадбирҳои саривақтиро амалӣ менамояд”.
Бояд қайд намуд, ки дар чунин шароити мураккаби вазъи иқтисодию молиявӣ дар шароити пандемия дастгирии саховатмандонаи табақаҳои осебпазири аҳолӣ, махсусан ятимону маъюбон сиёсати ғамхоронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Дар баробари ин, дар Паём Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд: “Бо мақсади идомаи тадбирҳои Ҳукумати мамлакат дар самти дастгирии давлатии гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ, пешниҳод менамоям, ки аз 1–уми сентябри соли 2021 нафақаи маъюбон аз синни кӯдакӣ, ки дар асоси қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» таъйин шудааст, ба андозаи 20 фоиз зиёд карда шавад”.
Ҳамаи ин исботи сиёсати халқпарварона ва ғамхорию қадршиносии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати табақаҳои осебпазири ҷомеа, аз ҷумла маъюбон мебошад.
Дар навбати худ дар ҷавоб ба чунин ғамхорию дастгирии ҳамешагии Пешвои миллат ятимону маъюбон бояд бештар ба китобхонию омӯзиши илмҳои муосир камар баста, донишу малакаи худро такмил дода, ҳамчун фарди комили иҷтимоӣ барои пешрафти Точикистони азиз ва ҷашни 30-солагии Истиқлоли ватан саҳми муносиби худро гузоранд.
Маҳбуба Алиева,
Шуъбаи хизматрасонӣ ба маъюбон