Ҷумахон Файзализода: Дар ин рўзҳои баргузории озмун китобхона ба ягон мушкил рў ба рў нашуд
Озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», ба анҷом расид. Ин бегоҳ дар бинои театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими супоридани ҷоизаҳо баргузор мешавад ва бо ҳамин дуюмин озмуни ҷумҳуриявӣ расман ба анҷом мерасад. Даври ниҳоии он муддати 11 рӯз дар Китобхонаи миллӣ багузор шуд. Дар ҳамин иртибот як суҳбате доштем бо Директори ин боргоҳи маърифат, профессор Ҷумахон Файзализода. Устоди муҳтарам, мегуфтед ба андешаи Шумо ҳадафи асосии эълон кардани Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» аз ҷониби Пешвои миллат чист ва чунин озмунҳо ба мардум чӣ медиҳанд?
- Аз сарчашмаҳо бармеояд, ки мардуми тоҷик аз азал китобхону китобдор буданд. Вале, дар замони муосир ба сабаби як қатор омилҳои сиёсию иҷтимоӣ сатҳи китобхонӣ то андозае паст гардид. Албатта, дигар шудани муносибатҳои иҷтимоӣ, рушди бемайлони технологияи иттилоотию иртиботӣ низ ба фарҳанги китобдорию китобхонии мардум то андозае таъсири худро расонидааст. Дар ҳамин росто, бо иқдоми бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст» эълон гардида шуда буд, як такони ҷиддие дар ҷаҳонбинии мардум нисбат ба фарҳанг, нисбат ба китобу кидобдорӣ шуд.
Худ мушоҳида намоед ва бубинед, ки дар ду соле, ки озмуни мазкур баргузор мегардад, қариб, ки тамоми китобхонаҳо ва маконҳои фарҳангие, ки дар он ҷо китоб ҳаст, хонандагонаш дучанд зиёд шудааст.
Ба ин хотир, барои дарёфти чеҳраҳои нав, шахсони лаёқатманд, нафарони соҳибистеъдод гузаронидани чунин озмунҳо аз манфиат холӣ нест, ки инро сиёсати пайгиронаи Ҷаноби олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сари вақт ба эътибор гирифтани чунин озмунҳо ба ин мусоидат намуд. Хадафи асосии Пешвои миллат аз эълони чунин озмун он аст, ки китобхонию китобнависӣ дар ҷомеа боз ҳам бештар ривоҷ ёбад ва сатҳи маънавию ахлоқии ҷомеа, суханварию суханшиносӣ ва ба қадри сухану эҷодгарони сухан расидани аҳли ҷомеа боз ҳам беҳтар гардад.
- Ду сол аст, ки макони баргузории даври ниҳоии озмун Китобхонаи миллӣ интихоб мешавад. Имсол Китобхонаи миллӣ чӣ шароите барои хубу шоиста доир шудани озмун андешид?
- Гуфтан ба маврид аст, ки тибқи амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давраи чорум, давраи ҷамбастии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ба мо яъне ба китобхона вогузор шуда буд, мо пеш аз ҳама барои панҷ номинатсияи озмун толорҳои махсус бо тамоми шароитҳо муҷаҳҳаз намудем ва аз ҳама муҳим барои падару модари иштирокдорон, барои хоҳишмандоне, ки мехостанд ба ҳайси тамошобин биншинанд ва озмунро тамошо кунанд, толорҳои махсус, ки дар он манитор насб карда шуда буд, ҷудо крадем. Шояд суоле ба миён ояд, ки чаро ин тавр кардем? Ба он хотире, ки на ҳар иштирокчӣ, на ҳар як баромадкунанда метавонад дар ҳузури падару модараш ба саволҳои аъзои ҳакамон посух гардонад, зеро падару модари худро дида дар ҳаяҷон меафтад. Ба ин хотир мо тасмим гирифтем, ки барои волидон толори алоҳида, ки аз он ҷо метавонанд пахши мустақимро аз рафти ҷараёни озмун дидан кунанд, муҳайё намудем. Аз сӯи дигар ин ба шаффофияти озмун низ мусоидат мекард, яъне волидон ё муаллимону пайвандони ширкаткунанда худ посухи фарзандашонро ба суолҳо медиданду мешуниданд, ки ин боиси ҳеч гумону шубҳаи дигар намешуд. Бар замми ин мо барои иштирокчиён ва падару модари онҳо низ кофе - брйек ташкил кардаем. Тамоми он чизҳое, ки вобаста ба таъмини хурду хуроку наҳорӣ буд, барои ҳакамон алоҳида ва барои иштирокчиён дар дараҷаи аъло таъмин намудаем.
- Шумо, ки бо кулли аъзои ҳакамон ҷанд рўз ҳамроҳ будед, онҳо ба сатҳи баргузории озмун ва шароитҳои фароҳамовардаи Китобхонаи миллии Тоҷикистон чӣ назар доштанд?
- Ба андешаи ман аз шарту шароите, ки мо барои баргузории озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» тӯли як сол омодагӣ дида будем, аъзои ҳакамон баҳогузории хубе карданд. Бояд гуфт пеш аз оғози озмун китобхона низомномаи алоҳида тартиб дод, ки дар ҳар як номинатсияе, ки дар ҳар як ошёна доир мешуд, бояд роҳбалад дошта бошад ва мо дар ҳар панҷ номинатсия 17- роҳбаладро вобаста намудаем, ки то аз ошёнаи якум яъне аз дари асосии китобхона ба иштирокчиён ва падару модари онҳо кумак расонанд,онҳоро раҳнамоӣ кунанд, то дар ин бинои бузург раҳгум назананд. Ғайр аз ин бунгоҳи тиббӣ вазифадор шуд, ки пеш аз ба озмун даромадан ҳамаи иштирокчиёнро ниқобҳо ва бо маҳлулҳои антисептикӣ таъмин намояд. Як чизи дигарро бояд ёдовар шавам, ки бо ҳамроҳии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иштирокчиён экскурсия дар Боғҳои фарҳангиву фароғатии пойтах ва Осорхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил намудем.
- Оё метавон гуфт, ки насли наврас, алалхусус ҷавонони имрўз ба китобхониву азхуд намудани ашъори шоирони классику тоҷик шавқу рағбати бештар пайдо кардаанд?
- Баъд аз интишори Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Тоҷикистон ватани азизи ман» дида мешавад, ки ҳанўз ҳам ин миллати соҳибфарҳанг ба китобхонӣ таваҷҷўҳ дошта, нисбат ба китобу муаллифони китоб арҷу эҳтиром мегузоранд ва шавқу ҳаваси китобхонӣ дар дилашон дучанд шуд. Ба андешаи ман хондани китоб танҳо вазифаи хонандагону донишҷўён, омўзгорону аҳли маориф ва адибону рўзноманигорон набуда, балки вазифаи ҳар як фарди соҳибхиради ҷомеа мебошад. Дар ин росто, бояд дар баробари аҳли маориф намояндагони дигар қишрҳои ҷомеа, аз ҷумла коргарону кишоварзон, соҳибкорон, масъулони бахшҳои сиёсию иҷтимоӣ ва иқтисодии мамлакат низ ба хондани китобҳои бадеӣ таваҷҷўҳ зоҳир намоянд.
- Устод мегуфтед, ки тули нўҳ рўзе, ки озмуни Ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар Китобхона баргузор гардид, Шумо бо кадом мушкилиҳо рў ба рў шудед?
- Дар асл гирем дар ин рўзҳои баргузории озмун китобхона ба ягон мушкили рў ба рў нашуда буд. Зеро омодагии мо ба ин озмун аз аввали сол оғоз гардида буд. Мо як толори алоҳида бо номи «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ифтитоҳ кардаем ва дар он аз рўйи панҷ номинастияи озмун, гўшаи алоҳида боз намудем ва китобҳоро аз рўйи ин номинатсияҳо дар алоҳидагӣ ҷо ба ҷо кардаем. Ногуфта намонад, ки мо аз аввали сол дар худи китобхона ситод кушодаем ва дар он Абдуҷаббор Раҳмонзода ёрдамчии Президент оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, Вазири маориф, аъзоёни коммиссия ва навбаторон аз ҳисоби муовинони Директор китобхона ва ҳатто рўзҳое буд, ки худи ман хам то шаб дар ин ситод навбатдорӣ мекардам. Умуман дар бораи омодагиҳо ба озмун хеле зиёд метавон гуфт ва бо боварӣ метаовнам бигӯям, ки дар тӯли 11 рӯзи озмун мо аслан ба ягон мушкил рӯ ба рӯ нашудем.
- Гурӯҳе бар он назаранд, ки рушди технологияҳои муосири иттилоотию иртиботӣ сабаби коста гардидани сатҳи китобхонӣ гардидааст. Шумо дар ин маврид чӣ андеша доред?
- Албатта, ин омил то андозае ҷой дорад. Агар мо аз технологияи муосир босаводонаю оқилона истифода барем, он барои рушди маънавии ҳар яки мо мусоидат карда метавонад. Бубинед, ки имрўз дар шабакаи Интернет бузургтарин китобхонаҳои электронӣ амал мекунанд, ҳамчунин китобҳои зиёде дар сомонаҳо дар шаклҳои гуногун ҷой дода шудаанд, ки истифода аз онҳо барои ҳар як фард манфиати зиёде оварда метавонад. Ҳатто Китобхонаи миллӣ ҳам Китобхонаи электронӣ дорад, ки аз тариқи он бештар аз 320 ҳазор китоби электронӣ дар фазои маҷозӣ дастрас аст. Сарвари оқилу дурандеши давлати тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди анъанаи китобдориву китобхониро яке аз самтҳои умдаи сиёсати фарҳангии хеш қарор дода, дар ин самт корҳои назаррас ба сомон расонид. Далели ин гуфтаҳо баргузории Озмуни Ҷумҳуриявии «Фурўғи субҳи донои китоб аст» мебошад. Вале ба таъкид мегӯям, ки бо вуҷуди рушди технологияи муосир ва дастрасӣ ба манобеъи электронӣ китоби коғазӣ маҳбубияти худро аз даст намедиҳад.
- Аз нигоҳи Шумо мақом ва манзалати китоб дар таъриху тамаддуни мардуми тоҷик дар кадом сатҳ қарор дорад?
- Китоб, мамбаи донишу нури хирад аст. Китоб, дар тамоми зиндагӣ ҳамсафари умри инсон буд, ҳамаи ҳодисаю воқеаҳоро дар худ таҷассум намуда ва аз як насл ба насли дигар ба мерос гузоштааст. Худ бубинед, ки шахсе, ки пайваста китоб мутолеъа мекунад, чашми бино, чеҳраи нуронӣ ва зеҳни бурроро дорост. Китобу китобдорӣ яке аз суннатҳои қадимаи мардуми ориёнажод, аз ҷумла тоҷикон ба шумор меравад. Агар ба таърихи тамаддуни ин мардум бо дидаи таҳқиқ назар афканем, мебинем, ки дар тамоми давраҳои таърихӣ, новобаста аз вазъияти сиёсию иҷтимоӣ мардуми тоҷик ба китобдорию китобхонӣ ва ҳифзу нигаҳдошти он таваҷҷуҳи хосса зоҳир мекарданд.
Озмуни мазкур бори дигар дар дили ҳар як фарди мамлакат меҳру муҳаббатро нисбат ба китобу китобхонӣ шўълавар намуд. Зеро тоҷикон китобро беҳтарин ҳамнишину ҳамроз, сарчашмаи ақлу хирад, омўзгори беминнат, «аниси кунҷи танҳоӣ» ва «фурўғи субҳи доноӣ» медонистанд. Воқеан, таърихи китобдории мамлакати мо аз таърихи китобхонаҳои кишварҳои дигар қадимтар буда, имрўз аз назари китобдорӣ авҷу камол ёфтааст.
Ташаккур барои сўхбати бисёр ҳам пурмўҳтаво. Итминони комил дорем, ки соли оянда низ баргузории ин озмун дар сатҳи хело ҳам хубатару беҳтар ба роҳ монда мешавад.
Мусоҳиб Руқия Гадоалиева