АЗ ФУРЎҒ ТО ФУРЎҒ. Назари ҳакамон ба озмун. Оё Китобхонаи миллӣ ба баргузории он пурра омода буд?

Асли мавзӯъ ҳамин буд, яъне омодагиҳои Китобхонаи миллӣ ба баргузории озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”. Ин озмун ду сол аст, ки пайи ҳам гузаронида мешавад ва табиист, ки аз сол ба соли дигар он такмил ёфт, пурра шуд ва аз нигоҳи ташкилӣ низ. Роҳбарияти Китобхонаи миллӣ бо дарназардошти камбудиҳои соли аввал имсол хеле пештар ва хубтар омодагӣ дид, то дар рафти озмун мушкилоте набошад. Аксари ҳакамон, ки суҳбат доштем, ба ин масъала таъкид мекарданд ва аз он изҳори қаноатмандӣ доштанд, ки озмуни имсола дар масъалаи ташкилӣ ҳам хеле хубу ҷолиб буд. Ҳамсуҳбатони мо дар канори посух ба ин суол аз рафти озмун, навгониҳо ва баъзе мушоҳидаҳои худ ва пешниҳодоташон ҷиҳати такмили ояндаи он изҳори назар намуданд. 

Аз рафти ҷамбасти озмун бо 3 - 4 нафар аъзои ҳакамон сўхбат оростем, ки яке аз онҳо Боймурод Шарифзода раиси ҳакамон дар  номинатсияи «Адабиёти муосир» буданд. Боймурод Шарифзода  гуфт, ки барои баргузории озмун, Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар ҳақиқат ҳам саҳми арзандаи худро гузошт, зеро ки толорҳои барҳавову гарм бо тамоми таҷҳизотҳои зарўрӣ таъмин шуда буданд, ҳатто барои тамошобинон яъне ҳаводорони шеъру назми адабиёт тоҷик низ дар панҷ номинатсия ҷойҳои нишаст  муҳайё  карда буданд, ки ин боиси хушнудӣ буд. 

Боймурод Шарифзода дар идомаи суханаш иброз намуд, ки ў худ низ соли гузашта дар озмун ба ҳайси ҳакамон ширкат варзида буд ва бо баъзе мушкилиҳо рў ба рў шуд, имсол бошад ин мушкилиҳо аз тарафи ташкилкунандагон бартараф шуданд. «Дар қиёс бо соли гузашта озмун бисёр ҳам дар сатҳи олӣ гузашт, дар мисоли оне, ки донишҷўён ва хонандагони мактабҳои миёна масъулияти бештарро ҳис карданд, хело бештар китоб мутолеъа намуданд.  Имсол ташкилкунандагони ин озмун ҳам бо як таёрии ҷиддӣ  ва омода кардани як қаттор ҳуҷатҳои лозима ва таҳияи низомнома таёрии хубе дидаанд»

«Бояд як чизи дигарро қайд намоям, ки соли гузашта дар озмун бештари иштирокчиён мактабачаҳо буданд, имсол бошад ҳаводорони ин озмун ба сини 60 ва 70 ҳам расидааст, ки ин боиси ифтихор ва хушнудист» - мегўяд Боймурод Шарифзода.

Ба ин савол, ки аз фурўғ то фурўғ чи пешниҳод доранд  Боймурод Шарифзода гуфт: «Аз фурўғ то фурўғ пешниҳоди ман чунин аст, ки масъулону маъмурони ин озмун бояд бо низомномаи таълифшуда пешакӣ тамоми иштирокчиёнро ошно созанд, то онҳо аз шарту шароити озмун ба барвақтӣ огаҳӣ ёбанд. Устодоне, ки шоигирдони худро ба ин озмун роҳнамоӣ месозанд, бояд худ, низ ба пуррагӣ донандаи осору ашъори назму насри адабиёти тоҷику ҷаҳон бошанд»

Шоири халқии Тоҷикистон Аскар Ҳаким низ тулли ҷанд рўз ба ҳайси ҳакамон дар номинатсияи «Адабиёти муосир» ширкат дошт ва дар мавриди даври ниҳоии озмун чунин изҳори назар намуд: «Озмуни имсола бисёр дар сатҳи олӣ гузашт, зеро соли гузашта гурўҳҳоро ба сину сол ҷудо накарданд, вале имсол мо шоҳиди он шудаем, ки дар панҷ номинатсияи озмун тамоми иштирокчиён ба сину сол тақсимбандӣ шудаанд. Фақат аз ҷониби иштирокчиён як мушкили рўйи кор омад, ки шеърҳои азбарнамудаи онҳо вожаҳои арабӣ дида мешуд, ки  баъзе аз иштирокчиён шеърро бисёр ҳам хуб азхуд кардаанд, вале  чун мазмунашро пурсон мешудем, ҳисс мешуд, ки  ба мазмунӣ шеър он қадар сарфаҳм намераванд. Мо аъзои ҳакамон ба луғатдонии онҳо низ этибори ҷиддӣ додаем».

Ба андешаи Қарор Нурқаев, устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва узви ҳайати ҳакамон дар номинатсияи «Адабиёти ҷаҳон» дар тӯли ин нўҳ  рўзе, ки дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон қарор доштанд, ҳам аз худи озмун ва ҳам аз низоми кор таассуроти хуб бардоштаанд. «Ба хурду бузурги Китобхонаи миллии Тоҷикистон, алалхусус ба роҳбаладоне, ки аз ҷониби роҳбарияти Китобхона муайян шуда буданд, бисёр бо одобу рафтори намунавӣ чи аъзои ҳакамонро чи иштирокчиён ва худи падару модарони онҳоро, ки аз минтақаҳои дурдаст ба ин ҷо ташриф оварда буданд, бо як меҳрубониву самимият хос пазируфтанд ва дар ин чанд рўз дар хизмати мо буданд, изҳори миннатдорӣ менамоям» - гуфт Қарор Нурқаев.

Устоди Донишгоҳи миллӣ дар мавриди пешниҳодҳо барои такмили ояндаи озмун гуфт: «Пешниҳоди ман чунин аст, ки озмуни имсола 9 рўз давом, кард ва беҳтару хубтар мешуд, агар соли оянда ин озмун 15 рўз давом кунад, то фурсат барои муайян кардани дониш ва маҳорати довталаб бештар бошад. Масалан, як нафар иштирокчиеро, ки бояд имтиҳон кард, бояд вақти зиёд ҷудо карда шавад, то мо аъзои ҳакамон тавонем ба дурустӣ савияи дониши иштирокчиён, луғатдонии онҳоро  ба хубӣ санҷида ва баъдан баҳои ниҳоии худро гузорем».

Ба андешаи Қарор Нурқаев   ҳамаи иштирокчиён ба тамоми талаботҳои озмун ва он руйхати пешниҳоднамудаи феҳристи адабиёти хондаашон хело хуб тайёрӣ дидаанд.

Мусоҳиби дигари мо Абдусамад Муллоев, адабиётшинос, устоди Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ва яке аз аъзоёни ҳакамони озмун дар номинатсияи «Адабиёти ҷаҳон» гуфт: «Озмун ба рисолати худ яке аз чорабиниҳои муҳим ва мондагор дар фарҳангу тамаддуни мо ҳаст ва аз рўзҳои аввал нақши хело боризе  гузошта истодааст. Албатта дар ин ҷо чеҳраҳои намоён ва дурахшони адабомўзу хирадомўзу маърифатпарвари миллати тоҷик аён шуда истодааст.  Лекин ҳануз ҳам корҳои муҳим дар пешанд. Норасоие, ки мо мушоҳида кардем, бисёр кам таваҷҷўҳ кардан ба адабиёти собиқ халқҳои Шуравӣ ва мамлакатҳои Шарқ буд. Баъзе иштирокчиён ҳатто аз адабиёти Шарқ ягон маълумоте ҳам  надоранд. Камбудӣ шояд аз ҷониби мо ҳам бошад, зеро, ки барномаи мушаххас ва мукаммали мо ва рӯйхати адабиётҳои ҷаҳонро ба Китобхона таъмин накардаем ва кам андар кам ҳаст, ки осори адабиёти ҷаҳон то имрўз ба пуррагӣ тарҷума карда шуда бошанд.

Ба андешаи адабиётшинос Абдусамад Муллоев адабиёти шарқ, тамаддуни шарқ дунёро тасхир кардааст, набояд ба он нигоҳи дуюмдараҷа дошта бошем. Бояд адабиёти ҳамсоякишварҳоро низ бисёр аз худ кунем, зеро адабиёти казоқу қирғиз ва ӯзбек бисёр адабиёти бой аст ва мо бояд онро биомўзем.

Абдусамад Муллоев  аз шароите, ки имрўз Китобхонаи миллӣ барои баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Фурўғи субҳи донои китоб аст»  фароҳам кардааст гуфт, ки ифтихорманданд аз чунин даргоҳи маърифат аз чунин муносибати бисёр неку ҳасана, аз чунин фазои бисёр орому адабомўз.

Бояд гуфт, бо таваҷҷуҳ ба вазъияти эпидемиологӣ аз тарафи Китобхонаи миллии Тоҷикистон тамоми чораҳои беҳдоштӣ ҳангоми баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст» андешида шудаанд. Ҷараёни озмун аз тарафи 5 шабакаи телевизиони мамлакат- «Тоҷикистон», «ТВ Баҳористон», «Сафина», «Синамо» ва «Душанбе-HD» сабт ва ба таври фаврӣ шакли пурраи он намоиш дода мешавад.

Ёдовар мешавем, ки аз 7 то 15 декабри соли равон дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст» ҷараён дошт, дирўз бошад рўзи охирони озмун баргузор  гардида  буд.

Бояд гуфт, бо мақсади дар сатҳи баланд баргузор намудани озмуни мазкур, ки ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миёни қишрҳои гуногуни ҷомеа баргузор карда шуд, дар Китобхонаи миллӣ 5 толори махсус барои ҳар як наминатсия омода карда шуда буд.  

Ҷиҳати амалӣ намудани Озмуни «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст» 1 646 400 (як миллиону шашсаду чилу шаш ҳазору чорсад) сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо гардидааст. Шоҳҷоизаи асосии озмун 60 000 сомонӣ муайян шудааст. Ба ҷуз мукофотҳои пулӣ тамоми иштирокчиёни даври ниҳоии озмун бо диплому ифтихорномаҳо сарфароз гардонида мешаванд.

Руқия  Гадоалиева

Барчаспҳо: