Субҳи имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ташаббуси шуъбаи хизматрасонӣ ба маъюбон чорабинии фарҳангӣ бахшида ба Рўзи байналмилалии «Асои сафед», ки ҳамасола 15-уми октябр дар саросари олам баргузор мегардад, доир шуд. Нишастро муовини директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Ҷалолиддин Нурзода ифтитоҳ кард ва нобиноёнро ба рӯзашон табрик намуда, барояшон тани сиҳату зиндагии осоиштаро тамманно намуд. - Дари китобхона ҳамеша ба руи шумо боз аст. Кормандони китобхона хамеша барои дар сатҳи баланд гузароонидани чорабиниҳо ҳозиранд. Аз шумо хохиш мекунам ба китобхона ташриф биёред ва аз китобҳои пурмуҳтаво донишу ҷаҳонбиниятонро васеъ намоед, афзуд номбурда.
Оқилҷон Зиёдалиён - намояндаи ташкилоти ҷамъиятии нобиноёни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе суханронӣ кард ва дар бораи ин рӯзи байналмилалӣ маълумот дод.
Матлуба Раҳимова - хонандаи доимии шуъбаи мазкур ва овозхони маъруф ширкаткунандагонро ба ҷашнашон табрик намуда аз ҷумла гуфт:
- Шуморо ба хонаи худамон хушомадед мегӯям. Ин ҷо хонаи худамон аст. Ҳамтақдирони азиз биёед сипоси худро ба роҳбарияти Китобхонаи миллӣ ва кормандони шуъбаи хизматрасонӣ ба маъюбон бирасонем. Ҳар ҷашне, ки дар ин шуъба мешавад, ман дуст медорам, чунки ҳамтақдиронамро дӯст медорам. Аз номи худам ва Ансамбли давлатии Фалаки Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Тоҷикистон ба ташкилкунандагони чорабинӣ, ки нисбати мо нобиноён ғамхорӣ менамоянд, изҳори ташаккур мекунам, ки моро даври ҳам оварданд.
Инчунин аъзоёни фаъоли шуъба Абдулазиз Ашуров, Мавзунҷон Ғаффурзод,Заррина Абдураҳимова ва Матлуба Раҳимова бо сурудҳои дилнишини худ ба чорабинӣ ҳусни тоза зам намуданд.
Дар охир аъзоёни фаъоли шуъба бо тўҳфаҳо сарфароз гардонида шуданд ва сарпарастон - Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Сарманзил» Маҳмуд Муродов ва намояндаи Ташкилоти ҷамъиятии «Хайрияи озод» Абдулазиз Ашуров ба меҳмони ин нишаст зиёфат оростанд.
Раҳима Аъзам,
мутахассиси шўъбаи таъмиру тармими ҳуҷҷатҳо.
ШАРҲИ КУТОҲ: Ҳамасола 15-уми октябр бо қарори Созмони Милали Муттаҳид дар ҷаҳон Рӯзи нобиноён - рӯзи «Асои сафед» таҷлил карда мешавад. “Асои сафед” рамзи шахси нобино буда, он аввалин маротиба 15 октябри соли 1964 дар ИМА бо ташаббуси Федератсияи байналмилалии нобиноён таҷлил гардид. Соли 1969 Федератсияи байналмилалии нобиноён 15 октябрро расман ҳамчун рузи “Асои сафед” эълон намуд.
Дар партави сиёсати давлату ҳукумат ва хоса, раҳнамоии хирадмандона ва дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳақи нобиноён пайваста ғамхорӣ карда мешавад.
А.Назарова,
сармутахассиси Шуъбаи хизматрасонӣ ба маъюбон.