Симои фаромушношуданӣ

Горкий аз нигоҳи устод Айнӣ. Аввалин мулоқоти ду нобиға. Шуҳрати Горкий аз назари Айнӣ. Ёддошти устоди шодравон Айнӣ  соли 1946 дар «Шарқи Сурх” чоп шудааст ва намедонем баъдан ҳам интишор ёфта бошад ё на. Ба ҳар ҳол бо талоши ҳамкорамон Фирӯза Маҳмадҷонова ин ҷо рӯи чоп омад. Ҳоло мехонем.

***   ***   ***

Устоди бузурги адабиёти пролетарӣ, акскунонандаи  ҳамаи хислатҳои  пурқимати халқи кабири рус дар худ ва дар кори худ – Алексей Максимович Горький симон бузурги фаромўшношуданӣ аст. Он симои бузурге  ки бо кор ва хислатҳои худ ба дўстӣ, ба ҳурмат ва таҳсини Ленин ва Сталин сазовор шуда аст ва ҳамаи  умри худро ба манфиати меҳнаткашон, ба озодии коргарон ва дар роҳи саодати инсониат  сарф намудааст – чигуна аз хотири халқи советӣ ва аз ёди олами инсоният фаромўш мешавад?!

Он симои бузург чунон таъсири қавие дошт, ки хусусан дар хотираи касоне ки ба  давлати дидори ў мушарраф шудаанд, монанди, лавҳаи дар санг кандакорӣ кардашуда абадӣ пойдор мемонд. Яке аз он хушбахтоне ки ба давлати дидори ў мушарраф шуда, ба шарафи шунидани суханони  файласуфонаи ў, бевосита аз забони ў, комьёб шудаанд, нависандаи ин сатрҳо аст.

Дар  моҳи августи соли 1934 дар Москва съезди  якуми нависандагони советии Умуми Иттифоқ барпо шуданӣ буд. Ман ҳам барои иштирок кардан ба он съезд ба сифати яке аз вакилони нависандагони советии Тоҷикистон ба роҳ баромадам. Вагоне, ки ман дар вай аз станцияи Самарқанд нишастам, умумӣ буда, ҳатто барои нишастан ҳам ҷой набуд. Ман ашъёи худро ба рафчаи шифти вагон гузошта, худ ба бозуи оҳанини купе овезонвор такъя намуда, рост истодам. Дар он купе  якчанд нафар ҳарбиҳо рў ба рў нишаста сўҳбат доштанд. Яке аз он ҳарбиҳо ки дар гиребони худ нишона дошт, аз ман пурсид:

- Куҷо рафта истодаед?

-Ба Москва! – гуфта ҷавоб додам.

-Барои чӣ? – командир боз пурсид.

-Барои иштирок намудан ба съезди нависандагони советӣ!

-Оҳо…- гўён командир аз ҷои худ ҷаста хест ва ному унвони худро гўён дасти маро фишурда истода илова намуда:

-Пас маълум мешавад ки шумо меҳмони Алексей Максимович Горький мебошед ва ба шарафи мулоқоти ў хоҳед расид, - гуфт ва ба «неву нестони» ман нигоҳ накарда аз дастам кашолакунон бурда,  маро  дар ҷои худ шинонд ва худ дар рў ба рў – дар миёни ҳарбиёни дигар бо тангӣ бошад ҳам ҷойгир  шуд. Ин ҳарбиён аз бошандагони Ашқобод буда, барои гузаронидани муддати отпуск ба Москва мерафтаанд  ва ҳеҷ якашон шахсан Алексей Максимович Горькийро надида будаанд ва ҳар кадомашон орзу мекарданд ки дар кўча ҳам бошад, аз дидани он симои бузург шарафъёб шаванд ва ҳамаашон ба бахти ояндаи ман ҳавас бурда маро «Хушо ба ҳоли шумо!» гўён табрик менамуданд.

Аммо ҳамаи ин ҳарбиҳо гўё тамоми асарҳои Горькийро хонда буданд,  ки аз «Бачагӣ», «Дар байни мардум», «Дорулфунунҳои ман», «Модар», «Кори Артамоновҳо» ва дигарҳо гирифта, то мақолаҳои публицистикии машҳури устоди бузург – ҳамаро ёдоварӣ намуда, аз ҳар кадоми ин асарҳо порчаҳои барҷаста нақл карда завқъёб мешуданд. Хусусан аз суханони ин нависандаи қаҳрамон: «Агар душман таслим нашавад, ўро маҳв мекунанд» барин ҷумлаҳоро такрор карда нисбат ба душман, ҳолати рўҳияи беамононаи оштинопазир нишон медоданд…

***   ***   ***

Дар 17 августи соли мазкур дар Москва дар Хонаи Союзҳо съезди якўми нависандагони советии Умуми Иттироқ кушода шуд, аъзоҳои президиум интихоб шуда дар ҷои худ нишастанд. Аз вакилони республикаҳои иттифоқӣ онҳое, ки дар президиум интихоб шуда буданд, хусусан аз ҳамин ҷиҳат худро хушбахт мешумуранд, ки дар президиум ба устод  наздиктар нишаста, дидори ўро бо сериву пурӣ мебинанд. Аммо натиҷа ба акси ин баромад: москвагиёне, ки бо устод шинос буданд атрофи ўро монанди парвонагоне, ки гирдогирд шамъро фаро гирифта  бошанд, иҳота  карда буданд, агар касе аз гирди ў дур мешуд, дигаре дарҳол ба баҳонаи коре  ҷои ўро мегирифт ва ба монанди ман  шармгинон, мисли он ки шиои офтобро аз байни шохсор дар вақти вазидани бод  медида бошад, дар вақти ҳаракати фарогирифтагон дидани ними рўи ў базўр муяссар мешуд.

Ман дар ин ҳол тоқат карда натавонистам. Ман ки ба шавқи мулоқот бо он зоти хуҷистасифот аз роҳи дур бо ҳазор гуна орзу омада будам, ба ин маҳҷурӣ тоқат карда наметавонистам. Ман бояд ба ҳузури вай восил мешудам. Ба ин умед аз президиум бархоста ба хонаи дамгирӣ фаромадам ва дар он ҷо дар пеши дари дармонгоҳ, ки аз президиумфарояндагон бояд аз он дар меомаданд, нишастам. Ман дар дили худ фикр мекардам «ҳаргоҳ устод барои дамгирӣ ба ин ҷо ояд, бо ў мулоқот хоҳам кард…

Интизорӣ дур кашид, аммо матлаб ба даст надаромад. Ҳар дақиқаи он дам ба ман  монанди рўзе дароз менамуд. Дар ин ҳолат ҳам тоқат карда натавонистам ва боз гашта ба президиум баромадан хостам.

Аз хонаи дамгирӣ ба президиум, бо як зинаи чандинпоғундадор баромадан лозим буд. Вақте, ки ман  мехостам пои худро ба поғундаи аввалин  гузорам, он симои  бузург аз болои зина намоён шуд. Ман аз камоли хурсандӣ дар ҷои худ бе ҳису ҳаракат шах шуда рост мондам.

Устоди мўхтарам вақте, ки наздик расид, даст пеш гирифта салом додам. Ў дасти худро ба тарафи ман дароз кард. Ман бо камоли шавқ вохурдӣ карда истода тахаллусамро арз намуда худро ба вай шиносондам.

- Медонам, «Дохунда»-атонро хондам – гуфт, меҳрубонона аҳволпурсӣ кард ва, - боз мулоқот хоҳем кард, - гўён ба тарафи буфет рафт.

Ман бахтьёрона ба президиум баромада нишастам. Ва баъди он рўз, ҳар рўз пагоҳонӣ ба мулоқот ва бегоҳонӣ ба видои устод, бо ҷуръатона шарафъёб шудан гирифтам…

***   ***   ***

Устоди бузург дар 24 август ҳайати президиуми сьездро бо баъзе вакилоне республикаҳо дар боғи худ ба меҳмонӣ даъват кард. Касоне, ки даъватномаҳоро ба меҳмонон супурданд, ба онҳо гуфтанд: «Зиёфати бегоҳонӣ вақти шом сар мешавад. Аммо касоне, ки хоҳанд, баъд аз наҳор (обед) марҳамат фармоянд. Мошинҳо дар пеши дари Хонаи Союзҳо тайёранд ва бо ҳамин даъватнома ба боғи Алексей Максимович мебаранд».

Аммо як қисми аз меҳмонон ва аз ин ҷумла нигорандаи ин сатрҳо ба наҳор нигоҳ накарда, ба боғи устод раҳсипор гардиданд. Мезбони меҳрубон, ки дар айвони боғ нишаста буд, ояндагонро бо чеҳраи кушода ва бо шафақати падарона қабул намуда, дар атрофи мезе ки худ нишаста буд,  ҷой дод ва такрор ба такрор аҳволпурсӣ ва дилҷўӣ кард.

Аз паси мо меҳмонони дигар ҳам пай дар пай омадан гирифтанд ва дар 15 дақиқа аз ҳамаи меҳмонон, ки тахминан 70  нафар буданд, 30 нафарашон дар боғ ҳозир шуданд. Устод, ҳозиршудагонро ба сайри боғ фармуд.

Боғ бо гулҳои рангоранги дилкушо ва сабзаву себаргаҳои хуррами рўҳафзо ранги бахмали ҳафтрангро гирифта буд: ҷўйро ва ҷарҳои обкандаи пурдарахти босафо, пастиҳову баландиҳои сабзафарши табиинамо ва қитъа-қитъа бешачаҳое, ки дарахтонаш сар ба ҳаво буд ба боғ зинати дигар медоданд.

Вақте, ки мо саргарми сайри боғ будем, устод ҳам ба тарафи боғ майл намуд. Аз куҷо буд, якчанд нафар суратгирон пайдо шуда пеши роҳи ўро гирифтанд ва ба норизоияш нигоҳ накарда дар ҳар қадам як чанд бор акси ўро мегирифтанд. Меҳмонон ҳам ин фурсатро аз даст надода дарҳол ба гирди мезбон, монанди он, ки ба гирди мези пурнеъмати алвон ҷамъ мешуда бошанд, ғун шуданд ва онҳо кўшиш мекарданд, ки ҳар чи бисъёртар ба шарафи бо устод баҳам дар расм афтодан ноил шаванд. Вақте, ки чандин бор расмгирии умумӣ такрор ёфт, устод:

-Акнун танҳо пирсолон дар расм афтем – гўён маро дар паҳлуи худ гирифт ва суратгирон ҳам фурсатро аз даст надода, дастгоҳҳои худро тез-тез ба кор даровардан гирифтанд. То ин вақт бақияи  меҳмонон ҳам дар айвон пайдо шуданд, мезбони мўҳтарам барои пазироии онҳо ба айвон баргашт ва мо ҳам аз дунболи ў…

***   ***   ***

Дар айвон баъд аз пурсу  навомадагон  мезбон  ҳар сари мези (столи) дароз ҷо гирифт ва дигарон ҳам ҷо-баҷо нишастанд.

Устоди бузург сухан сар кард:

- То сар шудани зиёфат ҳоло камтар вақт ҳаст агар меҳмонон рухсат диҳанд аз фурсат фоида бурда, бар болои як масъала гуфтугузор намоем.

Албатта ҳама хурсандона мунтазири фармоишоти  устод шуда, гўшу чашмро ба ў дўхтанд. Масъалае, ки устоди бузург дар ин маҷлиси ғайрирасмӣ дар миён андохт – масъалаи дар Москва ташкил кардани як театри байнихалқии советӣ буд, ки дар вай санъаткорони республикаҳои иттифоқӣ санъат ва  ҳунари худро нишон диҳанд, ба ин восита аз якдигар ва хусусан аз москвагиён омўхта санъати  худро васеъ кунанд ва боло бардоранд.

Ин масъала, дар  ҳақиқат як масъалаи сиёсӣ, иҷтимоӣ ва мадании бисёр калон буд, ки устоди  дақиқашинос, бе он ки вай ранги расмият диҳад, афкори оммаро тайёр карда ба болои вай ҷалб намуд. Даҳрўзаҳои санъати республикаҳои миллӣ, ки  чандин  сол боз дар Москва давом мекунанд, яке аз партавҳои  ҳамон фикри пурқимати устод аст.

То тамом шудани ин маҷлиси  муҳими ғайрирасмӣ вақти зиёфат ҳам расид. Дар зали калоне, ки  айвон дар пеши он бино ёфта буд, дар ҳолате, ки мезбон дар пешгоҳ ҷо гирифта буд,  меҳмонон дар атрофии столҳо нишастанд. Зиёфат аз ҷиҳати шакл ва неъматҳои алвон бисъёр ботантана, аз ҷиҳати маъно  бағоят бузургворона ва аз ҷиҳати рўҳ, унс ва улфат тамоман  сода ва самимона буд.

Устоди бузург ба меҳмонони худ, ки ҳамагӣ шогирдони ў  буда, ба эътибори синну сол аксарашон ба ў нисбати фарзандӣ  доштанд, монанди  ҷўраҳо муомила мекард ва ҳазлу мазоҳ менамуд; аз ҳамаи гуфтор ва кирдораш осори хоксорӣ ва тавозўъкорӣ зоҳир буд.

Дар вақти қадаҳбардорӣ яке аз меҳмонон таклиф  намуд, ки рафиқон қадаҳҳоро ба шарафи соҳиб хона  пур карда бардоранд.

Устод ҷавоб дод:

- Соҳиби собиқи ин хона Морозов буд, соҳиби ҳозирааш Ҳукумати Советӣ аст Албатта, мақсади шумо соҳиби пештараи хона набуда, соҳиби ҳозирааш мебошад. Биёед таклифи шуморо хуш қабул намуда, қадаҳҳоро ба шарафи Ҳукумати Советӣ бардорем, ки моро дар ингуна маҷлиси дўстона ба як ҷо ғун карда аст…

Дар вақти гармии зиёфат, ногаҳонӣ даромада омадани якчанд нафар аз роҳбарони партия ва ҳукумат тантанаи ин маҷлисро ба чи андоза, ки боло бардошта бошад, маънавият ва  самимияташро  низ ба ҳамон  дараҷа афзуд ва дар зимни ин ҳолат, ҳам дараҷаи  демократияи советиро ва ҳам дар пеши партия ва ҳукумат то чи дараҷа ҳурмати баланд доштани Алексей Максим Горькийро намоиш дод.

Зиёфат қариб ба охир расида меҳмонон ду-ду, чор-чор пароканда шудан гирифтанд.  Рафиқони ман ҳам тақозои ба манзил  баргаштан карданд. Мо аз зал ба рўи ҳавлӣ баромадем. Аммо  ман фикр кардам, ки  ба мезбони мўҳтарам арзи ташаккур нокарда ва аз вай рухсат ногирифта рафтан дур аз оини одобу  назокат аст. Лекин дар даруни зал ҳузури раҳбарон ба ў наздик рафта арзи ташаккур намуданро низ аз одоб дур пиндоштам. Бинобар ин ба роҳрави паҳлуи зал  даромадам, ки ба пеши дари пешгоҳӣ ба назаргоҳи  устод рафта аз он ҷо бо ишорат маросими ташаккур ва видоъро арз намоям. Ҳамин, ки ба ҳамин ният якчанд қадам пеш рафтам, дидам устоди бузург дар роҳрав ба болои нимкат пушт ба девор такъя намуда  нишастааст ва дар пеши ў рафиқ Кагапович нишаста асту ҳар ду сўҳбат доранд.

Ин тасодуф маро аз душворие, ки дар назар доштан раҳонд ва дарҳол ба устод наздик рафта, арзи ташаккур намуда иҷозат талабидам. Куҳансоли бузургвори тавозўъкор, монанди ҷавонони чусткидор аз ҷо ҷаста рост шуд ва дасти маро гирифта бо унвоне, ки аз шаъни ман борҳо зиёд  буд ба рафиқ Каганович тақдим ва бо ў шиносо намуд. Рафиқ Каганович аз тарзи талаффузи ман  пай бурд, ки ман русиро намедонам ва лутфкорона бо забони туркии озарбойҷонӣ каминаро аҳволпурсӣ намуда ва ҳусни таваҷҷуҳи худро ба вилоятҳои мо изҳор кард.

Баъд аз ингуна сўҳбати болаззати якдақиқагӣ, ки дар умри худ фаромўш нахоҳам кард, устод маро бо рухсат сарафроз намуд ва бо ҳардуи онҳо мулоқоти  видоӣ карда ба тарафи рафиқон баргаштам.

Съезд аз 17 август то якўми сентябрь – 16 рўз давом кард. Устоди  куҳансол дар ҳамаи маҷлисҳои  съезд фаъолона иштирок намуд. Бо вуҷуди ин, ки бори пирӣ қомати ўро қадаре хам намуда буд ва бо таъсири бемории шуш пай дар пай сурфа мекард, аломати мондагиро ба худ роҳ надода, дар съезд кор мекард. Ғайр аз маърўзаи чорсоатӣ ва сухани охирин, ки эрод намуд, ҳамаи музокираҳоро бодиққат гўш мекард ва нуқтаҳои муҳимми музокираҳоро таҳлил намуда, ба ҳампаҳлуёни худ шарҳ медод ва нусхаҳои стенографии музокираҳоро бо газетаҳое, ки ҳисоботи  ҳаррўзаи съездро чоп мекарданд, ғундошта  гирифта дар ҷузвдони худ ҷой мекард. Ин ҳол ҳаминро нишон  медод, ки пирсоли ҷавонтабиат дар хонаи худ – дар вақти дамгирӣ ва истироҳат ҳам, ин материалҳоро мутолиа намуда, дар кори създ машғулӣ мекунад.

Дар рўзи зиёфат, дар боғи худ, чунонки дар боло қайд шуд, «аз фурсат истифода кард» як масъалаи муҳими сиёсӣ, иҷтимоӣ ва маданиро дар музокира гузоштани устод ҳам, чи андоза фаъол ва қадри вақтро шиносанда  будани ўро нишон медиҳад.

Ин пири ҷавонзамир дар вақти кор ба чи дараҷа фаъол ва монданашаванда  бошад, дар вақти хушгузаронӣ ва шабхушиҳо ҳам ба ҳамон дараҷа  сабукрўҳ  ва зиндадил буд. Дар зиёфате, ки дар боло тасвир карда шуд, аломати пирӣ ва гаронӣ нишон  надода тамоми шабро бо ҷавонон, бо ҳазлу шўхӣ гузарониданаш ба чи дараҷа ҷавондил будани вайро нишон медиҳад.

***   ***   ***

Съезд тамом шуд. Намояндагии дар Москва будан Ҳукумати Тоҷикистон, ба шарафи нависандагони тараққипарвари хориҷӣ, ки ба съезди мо меҳмон шуда омада буданд, зиёфат дод. Ин зиёфат дар  клуби Иттифоқи Нависандагони Советӣ ташкил ёфта буд. Устоди мўҳтарам ҳам, ки дар ин зиёфат даъват шуда буд, бо вуҷуди ин ки рўзона дар пленуми Иттифоқи нависандагон иштирок намуда, хеле монда шуда буд, ташриф фармуд.

Ин зиёфат ҳам дўстона ва бетакаллуфона мерафт. Дар зиёфат ҳаваскорони студентҳои тоҷик, ки дар мактабҳои олии Москва  мехонданд, концерт доданд. Устод ҳар сурудеро, ки мешунид ва ҳар рақсеро  ки медид, аз камоли шавқу завқ ба ҳаяҷон ва ҷунбиш меомад.

Дар охирҳои зиёфат дар поёни як суруду рақс, устоди бузург ба сухан баромад, таассуроти худро, ки аз ин зиёфати дўстона ва аз ин базми ҳаваскоронаи ҷавонон гирифта буд, изҳор намуд. Баъд аз он суханро ба болои тарбияи советӣ бурда, дар мактабҳои олии Москва таҳсили илм кардани ҷавонони тоҷикони мазлум ва бесаводи пештараро ва санъатҳои ҳайратовари ҳаваскорони онҳоро ба тариқи мисол нишон дода:

- Ин аст тарбияи Ҳукумати Советӣ ва мавқеи миллатҳои мазлуми пештара дар вай! – гуфт.

Устод дар вақте, ки ин суханҳои охиринро мегуфт, чунон ки дар вақти ҳаяҷони баланд одати ў буд;  монанди он ки рақс мекарда бошад дастони худро боло бардошт ва сари нарангушти худро ба сари ангушти шаҳодат соида қарсос занонд.

***   ***   ***

Дар охири зиёфат, устоди бузург ба хонаи худ баргаштан хост. Ман дар вақти видоъ, фардо ба Самарқанд баргаштани худро ба ў арз карда маросими «хуш бошед» ро ба ҷо овардам.

Устод бо меҳрубонӣ дастамро фишурда ва ҷунбонда:

- Дар вақти ба Москва боз омаданатон, боз мулоқот хоҳем кард, - гуфт ва барои ман роҳи сафед талабид.

Аммо афсўс, ки боздид – мулоқоти дубора муяссар нашуд: дар 18 июни соли 1936, яъне баъд аз 22 моҳи сар шудани он съезд, ҷиллодони  хунхори фашизм – душманони халқ моро ҷисман аз он рўҳи муҷассам ҷудо карданд.

Оре, ҷаллодон ҷисман моро аз Алексей Максимович Горький ҷудо карданд. Аммо маънавиёти ў, таълимоти ў, хислати ба душман оштинопазир будани ў ва васиятҳои амалии ў дар бораи хизмати халқ ва инсоният ва инчунин образи илҳомбахши ў ҳамеша бо мост. Мо дар эҷодиёти худ, дар гуфтор ва кирдорҳои худ бо роҳи амалие, ки ў нишон додаст, рафта ёди ўро дар хотираи худ ҷовидона зинда хоҳем дошт

Июни  1946.

Самарқанд

Таҳияи Фирӯза Маҳмадҷонова,

корманди Китобхонаи миллӣ.

Барчаспҳо: