Аз “Намунаи адабиёти тоҷик”. Қозӣ Муҳаммадшариф Садри Зиё (Таваллуд- 1282)
Нашр шуд 2020-10-12 14:40
Ғазал
Карда афъии ду зулфат зи ясору зи ямин
Баҳри қатли мани бечора зи ҳар гўша камин.
Зулфи мушкини пур аз чини ту ишратгаҳи дил,
Чашми маҳмури пур аз нози ту ғоратгари дин.
Эй лаби лаълу рухат лолаву чашмат наргис,
Рашки зулфу мижаву холу хатат оҳуи Чин!
Вақти он аст, ки хонӣ ба худам аз сари лутф,
Ки зи ҳаҷри ту Зиё гашта басе зору ҳазин.
Фардиёт
Дар назира
Шоҳи ҳусн омаду бирбуд дилам бо хату ҳол,
Ин чи шоҳи аҷабе буду сипоҳе аҷабе.
***
Дӣ насими саҳарӣ накҳате аз он сари зулф
Хост орад ба мани дилшуда, кокул заду бурд.
Дар тазмин
Ба ҳангоми хату холи сиёҳаш
Шаби мо рўз дорад? Не, надорад.
Зиё писари домулло Абдушакури Оят аст, ки аз мутафарридини устодҳои замони худ буда. Соҳиби тарҷума дар сояи маърифатвояи падар касби камол набуда, баъд аз вафоти падар беш ва пеш ба гирдоварии хазоини фазоил кўшидааст.
Зиё аз ҷумлаи уламои тараққипарвар ба шумор меравад, бинобар ин амир Олим дар соли 1917 барои иҷрои фармони ислоҳот мумоилайҳиро дар Бухоро қозикалон кард. Чун амир аз фармони нашркардааш накул намуд, Зиёро низ маъзул карда, зоҳиран дар Қаршӣ қозӣ, ҳақиқатан аз Бухоро табъид намуд.
Ба муносибати воқеаи Колесов дар соли 1918 моҳи март мумоилайҳиро маъа бародараш дар Қаршӣ ҳабс ва бародарзодаашро қатл кард. Баъд аз ҳафтод рўзи маҳбус шудан ба унвони назарбандӣ ба Шаҳрисабз қозӣ карда, дар зери назорати амми худ Акрамхон, ки дар он ҷо ҳоким буд, супорид.
Баъд аз инқилоби кабири Бухоро ба Бухоро омада, ба хидматҳои ҳукумати шўроӣ машғул шуд.
Зиё шерро кам менависад, дар назм асари намоёнаш «Тазкират-уш-шуаро»-и манзума аст, ки дар он шуарои муосирро ба тариқи интихоб дарҷ намуда. Аммо осори мансурааш бисёр аст, аз он ҷумла;
«Рўзнома» аст, ки дар он санеҳоти умрӣ ва асрии худро навиштааст.
«Тазкират-ул-хаттотин». Дар ин китоб хаттотҳои машҳури мутақаддимину мутааххиринро бо тарҷумаи ҳолашон ёд кардааст.
Таърихе навиштааст, ки муштамил бар зикри подшоҳони Эрон, Афғонистон, Туркия, Русия ва авлоди Темур аст.
«Наводири Зиёия». Ин маҷмўа мўҳтавист бар ҳикоёти ширину латоифи намакин, ки муҳаррир дидаву шунидаи худро ба иборати содаи ҳазломез тасвир кардааст. (Афсўс, ки «Рўзнома» ва баъзе муншаоти муҳиммаи Зиё дар фалокати маҳбусии Қаршӣ талаф шуда).
Садри Зиё хушнависи камҳамтост, ки настаълиқро бисёр зебо менигорад. Ҳама муаллафоти худро ба хатти худ дар камоли зебоӣ табйиз намуда, хеле асарҳои дигаронро низ аз мутақаддимину мутааҳҳирин биззот дар қайди китобат кашидааст.
Бо ин ҳама фазлу камол сабуксўҳбату лоубол аст, мусоҳабаташ тарабандўз ва муқоранаташ маърифатомўз аст.
Садриддин Айнӣ.
“Намунаи адабиёти тоҷик”,
Душанбе соли 2010.
Таҳияи Уғул Бобораҳимова,
мутахассиси шуъбаи
кўдакон ва наврасон.