Рӯзи Фалак расид...
Нашр шуд 2020-10-09 14:17
Фалак (ар. - осмон), гардун, арш, модари ҳар як аз ситораҳо, маҷозан қазову қадар, тақдир, сарнавишт, авҷу баландии чизе, падидаи сершохаи мусиқии суннатии касбӣ ва фолклории тоҷикони кўҳистон, жанри мусиқии овозӣ ва созӣ аст. Фалак мутобиқи шакли худ якқисмӣ ва силсилавист. Фалак ананаи форумҳои пешинаро, ки ба ин падидаи зебои мусиқии кўҳистони тоҷик бахшида шуда буданд, идома медиҳанд.
Таърихи фалак хеле куҳан буда, пайдоиши ин суруди мардумиро ба қарнҳои IX-X мансуб медонанд. Шояд ҳамин тавр ҳам бошад, чунки ин қарнҳои «тиллоӣ» фарзандони бузургеро парвариш намуда, тафаккури илмиву адабии тоҷикон дар ин давра қуллаҳои баландро фатҳ кард. Масалан, муаллифи мақолаи «Панҷ намуди фалак» Ҷ. Темурзода аз китоби «Ҷавоҳири қалб» чунин ривоятро меорад:
«Чун овозаи шеъри Ятимӣ дар саросари Мовароуннаҳр ва Хуросон паҳн гардид, ўро Султон Маҳмуд ба дарбор хонд. Ятимӣ, ки нисфи зиёди умраш миёни мардум гузашта ва шеъраш сўзи беандозаи фироқ ва яъсу ноумедӣ буд, метарсид, ки ин навъ шеър ба шоҳ писанд намеояд. Ва метавонад, ки шеъраш қотили ў гардад. Бинобар ҳамин, чанд муддат даъвати шоҳро рад намуд. Ниҳоят ўро ба дарбор оварданд. Тез миёни шуарои аҳли Султони Маҳмуд соҳиби обрўи зиёд гардид. Гоҳо ба қасидаву рубоӣ ҳам даст мезад. Ва ахиран рўзе фаро расид, ки аз фалак ёд намуда чанд фалакӣ гуфт. Суруди фалакиаш ончунон пурсўзу гудоз буд, ки дили сангро мешикофт. Худаш онро ҳангоми дар боғи шоҳ танҳо монданаш месуруд. Интиҳои кор то бад-он расид, ки шоҳ аз сурудҳои фалакии Ятимӣ хабардор шуд. Ўро наздаш хонда ва гуфт: - Ба ту чӣ намерасад, ки ин қадар нолаҳои пурсўз мекунӣ…
Ятимӣ дар ҷавоб мегуфт.
- Шоҳам, дар кўҳистони дурдасти мо дониставу навиштан ва нахондани фалак гуноҳест азим. Ҳар як бандаи хокӣ ҳафтае як маротиба чун намози рўзи Одина мебояд ҷудо аз мардум ба баландии кўҳе рафта фалак хонад. Ва ончунон хонад, ки дил пора шавад ва аз дили санг гул рўяд. Ин посух ба шоҳ мақбул афтод ва Ятимиро рўзи Одина ҳамроҳ гирифта, ба баландии кўҳе мерафтанд ва дар он ҷо хайма зада, чанд лаҳзае фалаки ўро гўш мекарданд.»
Дар мусиқии тоҷик ду шакли Фалак - и аслӣ вуҷуд доранд. Фалаки кўлобӣ ва Фалаки бадахшонӣ. Рубоихонӣ дар Фалак сунати қадимтарин ва асосии сарояндагӣ ба ҳисоб меравад. Нуфузи сохти рубоӣ дар Фалак хеле бузург аст; мувофиқи қофиябандӣ ва ҳаҷми мисраи рубоӣ оҳанги Фалак ташаккул меёбад. Дар амалияи мусиқӣ асоси лаҳнии Фалак - чормуқомро дар қолаби рубоӣ ба шогирдон ёд медиҳанд. Дар ин ҳолат ҳар як муқом ба як рубоӣ мувофиқат мекунад. Сунати рубоихонӣ дар Фалак - ҳои кўлобиву бадахшонӣ хеле устувор мебошад.
Ифтихормандии мардуми соҳибистиқлоли тоҷик аз он аст, ки маҳз дар давлати дунёвии Тоҷикистони муосир чунин идҳои фарҳангӣ таъсис ёфта ба ҳукми анъана даромадаанд.
Бояд гуфт, ки дар давраи шўравӣ падидаи Фалак - ро на ба саҳнаи расмӣ мебароварданду на дар бораи он сухани илмӣ мегуфтанд. Мутаасифона, онро муҳим намешумориданд. Ҳол он, ки Фалак - нишондоди тафаккури мусиқии мардуми кўҳистони тоҷик мебошад.
Фалак гирд мегардад, бо ҳазор асрор, бо ҳазор савту наво. Вале на ҳамаи мо ин гардиш, ин оҳанги Фалак - ро мешунавем, эҳсос мекунем. Оҳи мо, афғони мо ба гўши Фалак намерасад ва овози Фалак ҳам ба гўши мо намеояд. Аммо якчизро бояд гуфт, ки моро танҳо эҳсос ва садоҳои ботинӣ ба ҳам мепайвандад, ба ҳам меорад.
Дил менолад, дил дар гирдоби ғам рў меравад ва танҳо онро ба гўши Фалак метавон гуфт.
Эй фалак, андеша кун, моро ҷигархун кардаӣ,
Нола бемизроб аз ҳар тор берун мешавад.
Хонандагони муҳтарам дар шуъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунар адабиётҳои заруриро оид ба ин жанри мусиқӣ дарёфт намуда метавонанд.
Таҳияи Бунафша Абдураҳмонова,
мутахассиси шуъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунар
ХОНДАНИҲОИ ДИГАР ДАР БОРАИ ФАЛАК:
·Дар бораи Фалак дар Рӯзи Фалак
·Фалак ва рушди он дар замони истиқлол