Дюма – писари Александр Дюмаи машҳур, нависанда, драманавис
Дюма Александр (Дюма- писар) 28 июли соли 1824 дар шаҳри Порис ба дунё омад. Нависанда ва драматурги фаронсавӣ, узви академияи Фаронса (1874). Писари Александр Дюма. Ба адабиёт бо шеърҳояш ворид шуд; маҷмуаи нахустинаш – «Гуноҳҳои бачагӣ» (1845) барояш муваффақият наовард.
Романфелетонҳои таърихии «Тристани сурхмўй» (1849), «Ҳенрих Наваррский» (1850), «Зане бо муҳраи садафӣ» (1854) аз комёбиҳои эҷодии Дюма шумурда мешаванд.
Ҳамчун намоишноманавис Дюмаро песаи «Хонуми чойгулбадаст» (1852), аз рўи романи ҳамноми он (1848, 2 ҷилд) машҳур сохт. Сужети ин асар баъдан мавзуи асоси либреттои операи Ҷ. Верди – «Травиата» («Бонуи гумроҳ») гашт. Дар драмаҳои «Сояравшан» (1855), «Масъалаҳои пулӣ» (1857), «Писари ғайриникоҳӣ» (1858), «Зани Клод» (873) ва ғайра Дюма ба мушкилоти мубрами ҷомеа даст зад.
27 ноябри соли 1895 дар Марли-ле – Руа даргузашт.
Бозчоп аз Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2017. – С. 326.
Муаллиф: Б.Шафеъ
Таҳияи Марзия Зардодхонова
корманди шуъбаи библиографияи миллӣ.