«Доиратулмаорифи форсӣ» яке аз нахустин ва ҷомеъатарин донишномаҳои умумӣ ба забони форсӣ. Дар ду ҷилди иборат аз се китоб, бо иштироки гурўҳе аз муаллифон ва веросторон дар Эрон бо равиши донишноманигории муосир тадвин гардидааст.
Соли 1955 муассисаи интишоротии Франклин, воқеъ дар Теҳрон, тасмим гирифт, ки «Доиратулмаорифи форсӣ» -и як ҷилдаи Колумбия Войкинг (чопи Ню-Йорк) - ро таҳия ва тарҷума намояд, вале тарҷумаи комили он ҷавобгўи ниёзҳои ҷомеаи эронӣ ва форсизабонон дониста нашуда, ба он беш аз 10000 мақолаи тоза дар бораи ҷанбаҳои мухталифи таъриху фарҳанги Эрон ва ислом илова гардид. Хамчунин баъзе мақолаҳои «Донишномаи ислом» аз забони англисӣ айнан тарҷума гардида, дар он ҷой дода шуданд.
Дар шиносномаи «Доиратулмаорифи форсӣ» ин кор талоши муштараки Теҳрон ва Ню-Йорк муаррифӣ шудааст. Ҷилди аввали «Доиратулмаорифи форсӣ» (аз харфи алиф то син) соли 1965 мунташир гардид.
Бахши аввали ҷилди дуввум (аз ҳарфи шин то ҳарфи лом) соли 1976 ва бахши дуввуми ҷилди дуввум бо чанде ислоҳот ва таҷдиди назар соли 1994 ба чоп расид.
Итмоми комили «Доиратулмаорифи форсӣ» дар маҷмўъ муддати наздик ба 40 сол тўл кашид. Матни комили «Доиратулмаорифи форсӣ» соли 2009 нашр шуд.
Аз оғози кор қоидаҳои дақиқ ва меъёрҳои мушаххасе барои интихоби мадхалҳо ва ҳаҷми онҳо, танзими мақолаҳо, муодилгузории истилоҳот, тарзи сабт ва овонигории ному истилоҳоти хос, сабти аломатҳои нуқтагузорӣ дар «Доиратулмаорифи форсӣ» гузошта шуд ва дар саросари он риоя гардид.
Ин гуна равиши донишноманигорӣ дар донишноманигории форсӣ бесобиқа буд ва минбаъд барои таҳиягарони осори марҷаъ ба забони форсӣ чун сармашқ қарор гирифт.
Маҷмўан дар «Доиратулмаорифи форсӣ» 4300 мадҳал дарҷ гардид, 2300 мадхали он хориҷӣ,1100 мадҳал дар бораи Эрон ва ислом ва боқимондаи мадхалҳо ирҷоӣ (ҳавола) ҳастанд. Маҳалҳои хориҷӣ аслан тарҷума ва иқтибос буда, мадҳалҳои марбут ба Эрон ва ислом таълифианд.
Бозчоп аз Энсиклопедияи миллии тоҷик. – Душанбе. – 2017. – Ҷ. 6. – С. 68-69.
Муаллиф: А. Боқизода
Таҳияи Парвина Қаюмова
корманди шуъбаи библиографияи миллӣ.