Китоби нав. Мирзоҳусайни Бадалипур: Ҷилои оинаҳо (Тариқати нақшбандия ва пешвоёни он дар замони мо)

Муаллиф дар муаррифии китоб менависад: Китоби мазкур ба хотири рўҳи оромидаи устоди аввалинам Ҳоҷӣ Меҳтоҷшоҳи Шарифзода, ки ҳангоми зиёрати Хонаи худо (Қаъбатуллоҳ) ба ҷивори раҳмати Ҳақ пайваст ва манзили охираташ дар гўристони Бақиъи Мадинаи мунаввара аст,эҳдо мешавад.

Муаллиф ба писари эшон, шогирди маҳбуб Ҳоҷӣ Юсуфи Меҳтоҷзодаи Дарвозӣ,ки нашри китоби мазкур бо ҳиммат ва саховати ў анҷом пазируфт,минатдории худро изҳор дошта, саодаташро дар ду олам аз даргоҳи Худованди азза ва ҷалла масъалат дорад.Ба қавли Ҳоҷӣ Ҳофиз:

Ҳар он, ки ҷониби аҳли вафо назар дорад,

Худош дар ҳама ҳол аз бало нигаҳ дорад.

ДАР БОРАИ МУАЛЛИФ: Мирзоҳусайни Бадалипур (Элназаров Мирзоҳусайн Бадалиевич) зодаи Тоҷикистон, фориғуттаҳсили Университети давлатии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) ва аспирантураи шуъбаи фалсафа ва назарияи дини Пажўҳишгоҳи фалсафа ва ҳуқуқи АИ ҶТ. Номзади илмҳои фалсафа, дотсент. Аълочии маориф ва илмиҶумҳурии Тоҷикистон. Аз соли 1996 ба ҳайси устоди кафедраҳои таърихи фалсафа, фалсафа,таърихи фалсафа ва фалсафаи иҷтимоии факултети фалсафаи ДМТ кору фаъолият дорад.

Китобҳои зеринро ба нашр расонидааст:

  1. Кашф –ул- асрор ( Ҳаёт ва фаъолияти Шайх Абдурраҳими Давлат). – Душанбе: Ҳумо,2000.- 122 с.
  2. Зиндагиномаи Эшони Абдураҳмонҷон ибни Эшони Порсохоҷа.- Душанбе: Ҳумо,2003.- 100 с.
  3. Муқаддимаи қуръоншиносӣ.- Душанбе: Эрграф, 2013.- 457 с.
  4. Модарамро ёд кардам ( Эссеи фадсафаӣ). – Душанбе: Паёми ошно,2018.- 84 с.
  5. Фалсафаи худшиносии миллӣ (ҳаммуалиф). – Душанбе: Матбааи ДМТ,2019. – 196 с.

Маҷмўаҳои ашъораш бо номҳои «Чашмаи даво» (2008) ва «Рангҳои зиндагӣ» (2017) ба нашр расидаанд.

Зиёда аз сад мақолаи илмӣ ва илмию оммавӣ роҷеъ ба масоили гуногуни фалсафӣ,ахлоқӣ ва фарҳангию адабӣ чоп кардааст.

Таҳияи Мавзуна Назарова,

сармутахассиси Маркази такмили ихтисос.  

Барчаспҳо: