Духтари Солор шоири форс - тоҷик. Дар бештари тазкираҳо бо ҳамин ном ёд шудааст. Баъзе тазкираҳо ўро Бинти Исфаҳонӣ низ ном бурдаанд. Падараш Ҳусомуддини Солор, мулаққаб ба «Ҳуҷҷату – л- ҳақ устоду – д – дунё», шоир ва файласуфи нимаи дуввуми асри 12 буд.
Духтари Солор дар Мавсил зистааст. Дар мадҳи Азмуддин Кайқубоди аввал (ҳукмронӣ 1210-1217), аз подшоҳони салҷуқии Осиёи Хурд, қасидаи таркиббанди мадҳия (72 байт) дорад. Намунае аз қасидаи таркиббанди ў:
То турраи он турраи таррор баромад,
Бас оҳ, к- аз ин синаи ғамхор баромад.
Дар ишқ ҳар он кас, ки бад- ин кўй фурў шуд,
Ҷонаш ба ғаму ҳасрату динор баромад.
Эй чарх, макун қасд ба хун рехтани халқ,
Зеро ки ба як ғамзаи ў кор баромад…
Духтари Солор дар рубоисароӣ сабки равон ва баёни ширин дошт. Намунаҳо аз рубоиёти ў:
Бо дарди ту нест рўи дармон дидан,
Душвор бувад васли ту осон дидан.
Ман дўш ба хоб дидаам зулфи туро,
Гўӣ: Чӣ бувад хоби парешон дидан?
***
Чандон ки ба кори хеш во мебинам,
Худро ба ғами ту мубтало мебинам.
В – ин турфа, ки дар оинаи дил шабу рўз
Ман менигарам, вале туро мебинам.
Бозчоп аз «Энсиклопедияи Миллии Тоҷик». – Душанбе, 2017. – Ҷ.6. –С. 265.
Муаллиф: У. Назир.
Таҳияи Фируза Восиева
корманди шуъбаи библиографияи миллӣ.