Ҳар он миллат, ки устодаш китоб аст,
Дилаш равшан ба мисли офтоб аст.
Худо бар миллати мо сарваре дод
Китобу донишу лафзи дари дод.
Маҳфили шуъбаи кўдакон ва наврасони Муассисаи давлатии Китобхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба «Рўзи китоб» бо ҳамин мисраҳо оғоз шуд ва муаллима ба хонандагон аз таърихи “Рӯзи китоб” муфассал нақл кард. Вай гуфт, ки китобро тарбиятгари башар донистан барҳақ аст, чун ки тавассути офаридаҳои ҷолибу муассир, панду андарзҳои тарбиятбахш метавон дар ниҳоди инсон таъсири амиқ гузошт. Китоб инсонро аз ибтидо то интиҳои умр сабақ омўз аст
Китоб беҳтарин рафиқ дар танҳоист, ҳамсуҳбати ҳамешагӣ ва ёру ошноест, ки ҳамеша ғам аз дил мебарорад, дилҳоро ба ҷӯш меорад, ба кас ғизои маънавӣ медиҳад. Халқи тоҷик аз қадим мардуми соҳиби фарҳанги пурғановату нотакрори китобӣ буда,ганҷинаи бебаҳои бадеиву таърихӣ, ки сарчашмаи қудрати беҳамтои маънавиёти миллат мебошад.
Китоб дар хаёт чун омўзгори беминат хизмат намуда,инсонро ба ростиву накўкорӣ, хирадмандиву мардонагӣ ва матонату бузургӣ раҳнамоӣ мекунад.
Сипас муаллима бо хонандагон оид ба мавзўъ саволу ҷавоб намуд. Навқаламон шеърҳои дар васфи «Рўзи китоб», «Китоб», «Ватан», «Тоҷикистон» эҷод намудаашонро қироат намуданд.
Фирӯза Раҳимова, Шӯъбаи кӯдакон ва наврасон.