Маҷмўае, ки манзури Шумо мегардад, фарогири суханрониҳо, дастуру ҳидоятҳо ва андешаҳои арзишманди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистан муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба масъалаҳои рушди забони давлатӣ мебошад.
Дар даврони истиқлолият бо ташаббуси Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон забони модарии мо рушд карда, ба забони тавонои расмиву давлатӣ табдил ёфт. Он дар тамоми ҷанбаҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ мавриди истифода қарор гирифта, тадриҷан ба забони муоширати байни халқҳои сокини ҷумҳурӣ табдил ёфт.
Забон ниҳоди иҷтимоиест, ки дорои низоми хосса буда, дар ҷомеа барои баёну изҳори матлаб, маънирасонӣ, шинохту маърифат, иттилоърасонӣ ва муҳимтар аз ҳама, муоширату барқарорсозии муносибат хизмат мекунад. Аз сўйи дигар, забон фарогири маҷмўи намунаҳои ахлоқӣ, меъёрҳои рафтору кирдорест, ки барои тамоми ҷомеа ҷанбаи умумӣ дошта, тавассути арзишҳои фарҳангӣ густариш меёбад. Бо баракати забон дастовардҳои тамоми соҳаҳои илму маърифат, суннату анъанаҳо ва арзишҳои ҳазорсола, ки дар натиҷаи таҷрибаи бепоёну арзишманди инсоният ба даст омадаанд, нигошта мешаванд. Шинохту маърифати ҷаҳон ва раванди худшиносии инсон маҳз тавассути забон сурат мегирад.
Забон инчунин унсури асосӣ ва муаррифгари фарҳангу тамаддуни миллат буда, дар рушди давлатдории миллӣ нақши калидӣ мебозад. Таърихи башарият, махсусан таърихи давлатдории ориёӣ нишон медиҳад, ки давлатдорони мо ҳамеша кўшиш мекарданд, то барои устувор сохтани пояҳои давлатдорӣ ва ба вуҷуд овардану мустаҳкам сохтани давлатдории миллӣ ва ваҳдату ягонагӣ аз забон истифода намоянд. Дар ин замина барои густариши забони модарии қаламрави хеш тадбирҳои мушаххас меандешиданд.
Барои покиза нигоҳ доштани забон бояд меъёрҳои он, фарҳанги муоширати накуи аҳли ҷомеа ҳифз гардад ва муҳимтар аз ҳама, забон аз таъсиру нуфузи сохтории забонҳои ғайр эмин нигоҳ дошта шавад.
Масъалаи дигаре, ки дар аксар суханрониҳо ва суҳбатҳои расмии Пешвои миллат таъкид мешавад, тағйиру таҳаввули босуръати ҷомеаи ҷаҳонӣ бар асари падидаи ҷаҳонишавист.
Ҳолати мазкур мо соҳибзабононро вазифадор месозад, ки нисбат ба рушду камоли забони модарӣ, густариши доираҳои корбурди он бетараф набошем. Имрўз мо бояд беш аз пеш «ба забони худ арҷ гузорем ва барои рушду такомули он ҳамаи шароити заруриро муҳайё гардонем... Забони худро ба забони фарогири корӣ ва муошират, яъне ба забоне, ки ҷавобгўйи ҳамаи ниёзҳои даврони истиқлолият ва давлати мустақил бошад, табдил диҳем», - мегўяд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Натиҷаи ниҳоие, ки аз гуфтаҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба забони давлатӣ бармеояд, ин аст, ки пойдории миллати мо дар паҳнои ҷаҳон вобастаи забони мост.
Ошноӣ бо маводи маҷмўаи мазкур, ки бо ду забон (тоҷикӣ ва русӣ) таҳия шудааст, дар шинохту дарки амиқи сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан сиёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ниҳоят судманд хоҳад буд.
Узви пайвастаи Академияи илмҳои Тоҷикистон
Раҳмонзода Абдуҷаббор Азиз
Таҳияи Бунафша Раҳмонова сармутахассиси Медиатекаи
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.