Таърихи адабиёти ҷаҳон. Зиё Қоризода (1922 - 1989)
Зиё Қоризода аз шоирони маъруфи Афғонистон маҳсуб шуда, соли 1922 дар Кобул таваллуд ёфтааст. Падари шоир, ки марди босаводу бофарҳанг буд, барои таълими фарзанди худ тамоми шароитҳои мавҷударо фароҳам меоварад, то ки ў шахси ҳунарманду босавод ба воя расад. Бар замми ин падар мекўшад, ки Зиё баробари омўхтани илмҳои замонааш ба аз худ кардани шеър ва навохтани асбобҳои мусиқӣ низ балад гардид. Зиё Қоризода мактаби «Наҷот»-ро бо баҳои хубу аъло ба итмом расонида, чанде дар «Анҷумани таърих» ифои вазифа мекунад. Қобилияту истеъдоди ўро ба инобат гирифта, намояндаи матбуоти Афғонистон дар Туркия таъйин мекунанд. Қоризода дар Туркия низ тавассути мақолаву шеърҳои оташини худ ваҳдати қавмҳои Афғонистон тараннум кардааст:
Биё, ки якдилу якрангу ҳамзабон бошем,
Барои ваҳдати ин қавм ҷонфишон бошем…
Биё, ки мамлакат аз мо вифоқ металабад,
Биё ки муттафиқу шоду тавъамон бошем.
Чунин андешаҳои ватандўстонаву меҳнатпарастии Қоризодаро дар шеърҳои «Ҳадаф ё мурод», «Ҳадафи миллӣ», «Наргиси бедор», «Равиши чарх» ва ғайра эҳсос намудан мумкин аст. Ў дар радифи шоирону нависандагони равшанфикр ба монанди Маҳмуди Тарзӣ, Абдулалии Мўстағанӣ, Абдулҳодӣ Довӣ, Исмоили Сиёҳ, Орифи Чаёбӣ ва дигар суханварони афғон дар рушду нумў ва ба роҳҳои пешқадам ҳидоя ва раҳсипор намудани адабиёти миллии худ хизматҳои барозандае кардааст.
Зиё Қоризода баъди бозгашт аз Туркия ба вазифаи директории театри миллии Афғонистон пазируфта шуд. Чанд муддат мушовирии вазорати маданияти ин кишварро низ ба ўҳда дошт.
Мероси адабии Зиё Қоризода хеле бой ва рангин буда маҷмўаҳои ашъори ў «Найнавоз» (1949), «Паёми бохабар ва забони табиат» (1958), «Ашъори нав» (1958), «Ҳадаф» (1959), «Озодагон» (1961), «Мунтахаби ашъор» (1964) ва ғайра аз шўҳрат ва эътибори ў дар ин кишвар шаҳодат медиҳад.
Чӣ хеле, ки муҳаққиқони адабиёти Афғонистон таъкид мекунанд, адабиёти нави ни кишвар аз соли 1919 шурўъ шуда, то имрўз идома меёбад. Раванди адабиёти Афғонистон ба ҳаёти халқу мамлакат сахт пайванд буда, масъалаҳои мубрами рўз ва масоили ҳассоси зиндагӣ дар навиштаҳои уламову удабои ин кишвар инъикос ёфтааст. Кўшишҳои демократикунонии адабиёт ва ба нафъи мардум равона кардани каломи бадеӣ низ аз ҳамин давра оғоз ёфтааст.
З. Қоризода низ чун фарзанди ин миҳани ҷабрдида дар ашъори худ ба масъалаи озодиву истиқлол, инъикоси ҳаёти воқеӣ, тараннуми зиндагии халқи заҳматкаш, ғаму шодӣ, комёбиву нокомӣ, ранҷу азоб, ишқ, умуман ҷаҳони ботинии инсон диққати ҷиддӣ додааст, зеро:
Нағма кун, нола бикаш, сел шаву шўъла бизой,
Сар ба каф, шўр ба дил, дида ба дунё бархез.
Ин сухан дар варақи лола навиштанд ба хун,
Ки манеҳ фурсати имрўз ба фардо, бархез.
НАМУНАИ ОСОРИ ЗИЁ ҚОРИЗОДА
СУРОҒИ МАНЗИЛ
Рафтанд корвонҳо ва мондаанд моро,
Чун гард аз пай хеш афтондаанд моро.
Дур аз суроғи манзил афтодаем ғофил,
Чун нақши пои маҳмил хобондаанд моро.
З-ин базми бемурувват уммеди равшанӣ нест,
Аз сар буридани шамъ тарсондаанд моро.
То чанд нолаву оҳ пай гум кунад дар ин роҳ,
Ин хайли норасоён шармондаанд моро.
Аз ҳарзатозии барқ дар кишти бенасибон
Чун абри навбаҳорӣ гирёндаанд моро.
Тардоманон, ки гоҳе ба зўҳди хушк ҷўшанд,
Пироҳане зи сад айб пўшондаанд моро,
Бўи кабоби дилҳо аз шеъри мо баланд аст,
Азбас бо оташи доғ гардондаанд моро.
ҲАДАФИ МИЛЛӢ
Биё, ки якдилу якрангу якзабон бошем,
Барои ваҳдати ин қавм ҷонфишон бошем.
Биё, ки заҳмати мўре ба амд напсандем,
Қарини меҳру мурувват ба ҳамгинон бошем.
Биё, ки мамлакат аз мо вифоқ металабад,
Биё, ки муттафиқу шоду тавъамон бошем.
Нифоқро нагузорем по ниҳад ба миён,
Зи макру ҳилай айём дар амон бошем.
Биё, ки хидмати халқ аст беҳтарини ҳадаф,
Ба ин ҳадаф бигароему шодмон бошем.
Биё, ки хоину бадхоҳу муртаҷеъ нашавем,
Ба дўстони ватандор меҳрубон бошем.
Биё, ки гулшани ағёр дўзахи ҷон аст,
Замини худ биситоему осмон бошем.
Биё, ки маҳбаси миҳан зи ғайр хуш аст,
Биё, ки ошиқи ин марзи бостон бошем.
Биё, ки ҷон ба раҳи хоки худ нисор кунем,
Биё, ки зинда ба таърих ҷовидон бошем.
Манбаъ: Донишномаи озод; “Адабиёти ҷаҳон” барои синфҳои 10-11. Муаллифон: М.Зайниддинов, А. Худойдодов. Душанбе, 2001
Таҳияи Саидғуфрон Шарифӣ,
мутахасисси шуъбаи кўдакон ва наврасон