Китоби «Чеҳраҳои дилафрӯз» ба фонди Китобхонаи миллӣ ворид шуд
Нашр шуд 2020-07-08 15:23
Чанде пеш ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон китобе зери унвони «Чеҳраҳои дилафрӯз» ворид гардид, ки барои адабиётдӯстон, ҳаводорони каломи мавзун ва фарҳанги волои тоҷикӣ-форсӣ ва дар маҷмӯъ барои донишҷӯёну унвонҷӯён, хонандагони муассисаҳои таълимии миёнаву касбӣ ва омӯзгорон тавсия мешавад, ки хеле судманд мебошад.
Муаллифи китоб омӯзгор Оламбӣ Раҳимзода мебошад, ки мавсуф дар дастураш ному насаби адибони классик ва муосири тоҷик, соли таваллуд, вафот ва номгӯи асарҳои адибонро бо соли таълифашон сабт намудааст.
Дар бахши дигари дастур муаллиф истилоҳоти адабиётшиносиро ҷой додаст, ки ҳар яке бо мисраҳои шеъри маънидод карда мешавад. Ҳамзамон дар дастури мазкур порчаҳо ё худ шоҳбайтҳо аз осори бузургон ба мисли Абӯабуллоҳи Рӯдакӣ, Аблуқосим Фирдавсӣ, Ибни Сино, Аттори Нишопурӣ, Носири Хусрав, Умари Хайём, Саъдию Ҳофиз, Ҷалолуддини Балхӣ, Ибни Ямин, Бадриддин Ҳилолӣ, Бедил, Зебунисо, Садриддин Айнӣ, Боқӣ Раҳимзода, Мирзо Турсунзода, Лоиқ Шералӣ, Бозор Собир ва садҳои дигар фароҳам шудааст, ки бешубҳа барои хонада ҷаҳони маъниеро эҳдо месозад.
Гузашта аз ин «Чеҳраҳои дилафрӯз» ҷиҳати осон кардани кори омӯзгор ва хонанда, номгӯи асарҳо ва соли таълифу ҳаёти адибонро чун маводи ёрирасон мураттаб гирд овардааст. Хонанда аз китоби мазкур ба таври возеҳу содда метавонад доир ба шахсияти адибон ва офаридаҳояшон маълумот бигирад.
Хонандагон метавонанд китоби мазкурро аз Китобхонаи миллии Тоҷикистон дастрас намоянд.
Абдураҳими Абдуқаҳҳор,
Шуъбаи тарғиб ва баргузории
чорабиниҳои фарҳангӣ.