Чанде пеш ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон китобе зери унвони «Чеҳраҳои дилафрӯз» ворид гардид, ки барои адабиётдӯстон, ҳаводорони каломи мавзун ва фарҳанги волои тоҷикӣ-форсӣ ва дар маҷмӯъ барои донишҷӯёну унвонҷӯён, хонандагони муассисаҳои таълимии миёнаву касбӣ ва омӯзгорон тавсия мешавад, ки хеле судманд мебошад.
Муаллифи китоб омӯзгор Оламбӣ Раҳимзода мебошад, ки мавсуф дар дастураш ному насаби адибони классик ва муосири тоҷик, соли таваллуд, вафот ва номгӯи асарҳои