Ба истиқболи Рӯзи Ғалаба. Китобдорони ҷанговар

Дар миёни ҷанговарони ҷабаҳоти Ҷанги Бузурги Ватанӣ даҳҳо нафаре буданд, ки ё то ҷанг ё баъди ҷанг китобдорӣ кардаанд. Иддае пажӯҳишҳои арзишманди китобшиносӣ ҳам анҷом додаанд. Аз ҳоли бисёре аз онҳое, ки чун китобдор ба ҷанг рафтанду барнагаштанд, иттилои чандоне надорем. Вале маъхазҳо дар бораи онҳое навиштаанд, ки ҷангиданд, баргаштанд ва чун фотеҳон ба кори худ идома доданд. Дар зер аз чанде аз онон ёдоварӣ мекунем.

Гурез ДЎСТОВ

Истиқоматкунандаи деҳаи Оқ-қўрғон. Соли тавваллудаш 1923. Моҳи ноябри соли 1941 ба ҷабҳа рафт. Вай пеш аз он, ки ба ҷанг сар кунад, аллакай медонист, ки бародари калониаш – Маҳмуд қурбони ҷанг гардидааст. Ҳисси озодкунии  Ватан аз фашистон ва ниқори бародар тамоми ҷанг ҳамроҳи вай буданд. Таҳти  роҳбарии командир  Баграмян ҷангид. Дар давраи хизмат аз нишонгири одӣ то ба командири отделения, инчунин ба унвони старшина то вазифаи ёрдамчии командири взвод расид. Дар озод намудани шаҳри Петрозаводск саҳм гирифта, ҷангро дар Кенингсберг ба итмом расонида бошад ҳам, тафси он паст нагашта, армияи Ҷопон мехост ҳуҷум кунад. Барои ҳамин ҳам дар ҷанги зидди японҳо дар Шарқи Дур низ иштирок кард.

Дар баробари ордену медалҳои ҷангӣ, Раҳматномаҳои Сарфармондеҳи Олӣ, қумондонҳо Баргамяну Василевский инчунин дар солҳои баъдиҷангӣ низ дар сафи пеши мубориза буд. Ҳамин ки соли 1949 аз сафи Қувваҳои Мусаллаҳ аз хизмат баргашт, аввал ҳисобчӣ, сипас се сол сардори бригада, чор сол котиби кумитаи ҳизбии совхози  «Варзоб», се сол раиси комиссияи тафтишотӣ, баъдтар ҷонишин ва сипас раиси ҷамоат буд. Баъди ба нафақа баромаданаш иморате сохта, онро китобхона намуд ва дар он то солҳои охир вазифаи мудириро иҷро мекард. Соҳиби даҳ фарзанд, сиву чор набераю абера аст.

Евгений Григоревич Беляков (1893-1957).

Аз поягу­зо­рони китоб­хона дар ҳудуди Тоҷикистони кунунӣ ба шумор меравад. Соли 1923 дар ҳузури Гарнизони ҳарбии шаҳри Душанбе  китобхона таъсис ёфт, ки захираи китоби он дар ҳудуди 3 ҳазор нусха аз Гарнизони ҳарбии шаҳри Самар­қанд оварда шуда буд. Номбурда аввалин мудири китобхонаи мазкур таъин шуд ва кӯшид, ки захираи онро тозаву озода нигоҳ дош­та, ба хидмати муштариён вогузорад.

Баъдан дар муассисаҳои гуногуни ҷумҳурӣ кор карда, дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ширкат меварзад. Баъди бозгашт аз набардҳои ҷанг соли 1946 дар Ки­тоб­хонаи миллии Тоҷи­кистон ба фаъолият пардохта, мудирии бахши китобнигоҳ­дориро ба ўҳда дошт. Аз бунёдгузорони шуъбаи илмӣ-методии КМТ мебошад, солҳои 1950-1954 мудири он буд, ба беҳ­буди фаъолияти китобхонаҳои ҷумҳурӣ, тадбирҳои методии ин ки­тобхона хизматҳои шоён карда як қатор маводҳо аз қабили «Китоб­хонаҳои Тоҷикистон», «Ба ёрии коркунони китобхонаҳои колхозӣ», «Каталоги нишондоди адабиёт ба забони тоҷикӣ барои китобхонаҳои оммавӣ», «Ба ёрии ташкил­кунан­дагони китоб­хона­ҳои колхозӣ» навиштааст.

Барои хизматҳои бошарафонааш бо чандин ордену медалҳо, аз ҷумла бо ордени «Байрақи Сурх» мушарраф гардидааст.

 

Василий Георгиевич Белан (1923-1997).

Иштирок­дори Ҷанги Бу­зур­ги Ватанӣ (1941-1945). Соли 1947 ба Тоҷикистон омада, дар Ком­иҷ­роияи ноҳияҳои Данғараю Пахтаобод (ҳоло Турсунзода) кор карда­аст. Соли 1959 шуъбаи ғоибонаи факултаи забонҳои хориҷии Инсти­­тути давлатии педагогии  пойтахтро (ҳоло ДДОТ ба номи С. Айнӣ) ба итмом расонида, муддате дар макотиби олии ҷумҳурӣ ба дониш­ҷўён забони ангилисиро омўзонидааст. Солҳои 1963-1984 дар ва­зи­­фаи мудири шуъ­баи адабиёти хориҷии Китобхонаи миллии То­ҷикис­тон кор кардааст. Соли 1973  дар мавзўи «Адабиёти советии тоҷик дар мамлакатҳои сотсиалистии Булғория, Лаҳистон, Чехос­ло­­ва­кия: 1948-1970»  рисолаи номзади илми филологияро дифоъ намудааст.

              Ў доир ба забону адабиёт, таърих, фарҳанг, иқтисоди Тоҷи­кистон, алоқаҳои он бо дигар давлатҳо, фаъолияти китобхонаҳои мамлакат, хусусан Китобхонаи миллии Тоҷикистон, ҳаёту фаъо­лияти адибони муосири тоҷик, дигар халқҳои дунё, театри тоҷик беш аз панҷсад таълифот аз даст баровардааст. Чун тарҷумон қув­ва озмуда, қариб 50 кито­бу мақолаҳои бадеӣ ва илмию техникиро аз забонҳои тоҷикӣ, англисӣ, булғорӣ, чехӣ, словакӣ ба русӣ бар­гардонида, тақризҳои зиёде низ навиштааст. Саҳмаш дар таблиғу ташвиқи осори шарқшиносони хориҷӣ ва кишвар хеле калон аст. Асари бисёрҷилдаи ў «Тоҷикистон дар адабиёт ба забонҳои хори­ҷӣ» аҳамияти илмию библиографиашро то ҳол гум накардааст. Хид­маташ дар ташаккули китобшиносии Тоҷикистон шоистаи таҳ­син аст.

Усмон Раҳматзода

Мавсуф аз сентябри соли 1937 то феврали 1938 дирек­тори китобхона буд. Мавсуф соли 1906 дар шаҳри Хуҷанд дида ба ҷаҳон кушода, соли 1932 Институти иқтисоду савдои шаҳри Маскавро ба поин оварда, дар корхои масъули ҳизбию давлатӣ заҳмат кашидааст. Солҳои 1939-1941 муҳаррири рўзномаи «Тоҷи­кистони Сурх» (ҳоло «Ҷумҳурият») буд.

Иштирокдори Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945). Солҳои 1945-1947 дар Мактаби олии ҳизбии шаҳри Маскав хонда, ба сифати котиби якуми кумитаи  ҳизби коммунисти вилояти Ленинобод (1948-1952), мудири шуъбаи КМ ПК Тоҷикистон (1952-1957), ректори Институти хоҷа­гии қишлоқи Тоҷикистон (1957-1973) хидмат намудааст.

Солҳои охир сар­варии Намоишгоҳи комёбиҳои хоҷагии халқи Тоҷикистонро ба зимма дошт. Соли 1989 дар шаҳри Душанбе вафот кардааст

Иброҳим  Суяр

Иброҳим  Суяр моҳи  январи  соли  1910  таваллуд  шудааст. Мактаби  ФЗЧ – и назди  фабрикаи  ба номи  Степан  Халтурини  шаҳри  Ленинград  (1930- 1933) ва  Донишкадаи  педагогии  шаҳри  Сталинободро  (1960) хатм  кардааст. То сар  задани  Ҷанги  Бузурги Ватанӣ  мудири  шўъбаи  пионерони   КМ  ЛКСМ-и Тоҷикистон, сардори  яке аз  раёсатҳои  Комиссариати    Халқии  Маорифи  Тоҷикистон, директори  палатаи  ҷумҳуриявии  китобҳо  буд.

 Аз  ибтидои  соли 1942 то моҳи  декабри соли  1946 дар   сафи  Қувваҳои  Мусаллаҳи  СССР  хизмат   мекард. Дар озод  кардани  шаҳрҳои Сталинград, Ворошиловград, Донбас, Краснодон  ва  чандин  шаҳрҳо, ноҳияҳои  дигар  аз  фашизм  иштирок  намудааст. Инструктори  шўъбаи сиёсии фронти   3-уми Украина (1943- 1944), котиби  ташкилоти партиявии   Эвакогоспитали  маркази  фронти  дуввуми  Украина (шаҳри Белтисин Молдавия) буд.

 Бо орденҳои  Байрақи  Сурхи  ҷангӣ, ҷанги Ватании дараҷаи  1, ду ордени  Ситораи  Сурҳ ва  бисёр  медалҳо  мукофотонида  шудааст.

Суяр  Иброҳимов  дар арсаи меҳнат  ҳам  фидокориҳо  нишон  медод. Солҳои  1946- 1973  директори  Палатаи  ҷумҳуриявии  китобҳо, солҳои  1974-1988  вазифаи  методисти  курсҳои  ҷумҳуриявии  такмили  ихтисос  кормандони фарҳангро ба ўҳда дошт.

Суяр  Иброҳимов  қариб  сӣ  сол дар  ҷамъоварӣ  ва ҳифз  намудани  захираи  Палатаи  китобҳо, тартиб  додан ва таҳрири  «Солномаи  матбуоти Тоҷикистон» саҳм  гирифтааст. Ў  аввалин  китобдорест, ки соли  1957 бо  унвони  фахрии  «Китобдори   хизматнишондодаи  РСС Тоҷикистон» таҳти  рақами 1 сарфароз  гардидааст.

Суяр  Иброҳимов  аз  нахустин  рўзҳои  ҷанги  хонумсўз  дар сафи  ихтиёриён  ба  ҳимояи  Ватан  рафт. Вай  саргузашти  ҷангии  худро  то  кўчактарин  лаҳзаҳо ба ёд  дошт.

-Дигар  аз воқеаи муҳими  ҷангии  ман, - мегўяд  Суяр Иброҳимов , - ҳангоми  гузаштани  дарёи  Дон ва озод  кардани  шаҳрҳои  Донбассу  Артемкс  ба вуқўъ  пайвастааст.

-Дар яке аз ҳамин  ҷангҳои  хунин,-  ба ёд  меорад   ў,- бояд  истеҳкоми  хеле  қавии  душман   тасхир  мешуд, то  барои  пешрафти  сарбозони  мо  мамониат  нарасонад. Дар  ин задухўрд   командири  взводе ,ки рў ба рўи истеҳком  амал мекард, ҳалок гашт. Сарварии  взводро  ман  ба уҳда  гирифтам   ва ба ҳамлаи  ҷавобӣ  гузаштем. Ҳамроҳи  ду сарбоз  ду  гранатаи дастӣ  гирифта, сўи  истеҳкоми душман  рафтем...

 Дигар  чизе  аз  он  лаҳза ба  ёд надорам... Аз рўи ҳикояи рафиқон   баъд аз  он ки  гранатаҳои  Суяр  Иброҳимов  ва  ҳамроҳонаш  ба ҳадаф  мерасанд , снаряде дар паҳлуяшон  метаркад. Дар шифохонаи шаҳри  Росоҷ  аз тани ў 200  дона оҳанпора мегиранд.Чашми чапаш  аз ин набард  тамоман  нобино шуд  ва ба шафоати   табибони ҳозиқ бинои чашми  росташ барқарор гардид.Суяр Иброҳимов аз он  набарди  хунин , 70 оҳанпора  дар танаш мондааст, чизе  намегўяд. Вай ду моҳи тамом  дар шифохона  хобид. Пас аз сиҳат шудан  барои диловарӣ  бо ордени  Ситораи  Сурх сарфароз  гардид.

Азбаски  дар  қисмҳои  амалкунанда  дигар хизмат карда наметавонист, бояд  ба ақибгоҳ  бармегашт, аммо сарбоз  фикр кард, ки  ў метавонад барои  озодии  Ватан   боз ҳам  биҷангад. Хоҳишашро  ба инобат  гирифта,  дар  яке  аз  шифохонаҳои  ҳарбии  Украина  ба кор мондаанд.

Дар тавсифномаи   Суяр Иброҳимов  чунин  сатрҳо  навишта  шудаанд: “Рафиқ С.Иброҳимов  дар муддати  хеле  кўтоҳ тарз  ва хусусиятҳои  хосаи  кори  шифохонаро  аз   худ  намуда, тавонист  сари вақт аъзоёни  партия  ва дигар кормандони  шифохонаро  барои иҷрои  кору  мақсадҳои  сиёсию  ҷангии фронти  2 –уми  Украина сафарбар  намояд...”.

Вале  пешниҳоди  роҳбарияти  фронт  таҳти  рақами  284  аз таърихи  8.06. 45 дар хусуси  бо ордени  дуюми  Ситораи Сурх мукофотонидани  лейтенант С.Иброҳимов  ва нашри  Указ то ба  ин  рўзҳо  маҳфуз  монд. Пас аз 40  сол  ин  мукофоти  ҷангӣ  соҳиби  худро  дарёфт.

Соли  1973 ба ў нафақа  баромад. Аммо   истироҳаташ  ҳамагӣ  6 моҳ  давом ёфт. Дили одаткарда  намонд, ки  ин марди  кордидаву корозмуда  бекор  нишинад.

 Суяр  Иброҳимов  чун фарзанди  содиқи  Ватан  қарзашро  иҷро намуд. Вакте  ки дўстону ҳамкорон  дар  бораи  корнамоиҳояш  ҳарф  мезаданд, вай  хиҷолат  кашида  мегуфт: дар  назди Ватан  қарзи  фарзандиро  адо кардаму  бас…

Таҳияи Меҳрангез Муҳаббатова 

 
Барчаспҳо: