Орифи санъат

 

 Ба ин матлаб чизе афзудем, ки дар охир оварда мешавад. Боқӣ суҳбат ба таври комил аз “Садои мардум” гирифта шуд. Ҷӯрахон Обидпур аз чеҳраҳои мондагори санъати кишвар аст. Муаллифи китобҳои “Рубоби қошғарӣ», «Чаманоро»  «Савтҳои Борбадӣ»,  «Мактаби омӯзиши чанг» бо ҳаммуалифии Ш. Ҳоҷиев  «Шеър оҳанг аст», «Ману тарона», «Суруд ва мусиқӣ», «Ритмикаи ашъори устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ», «Сурудҳо», «Шодии дил» ва ғайра.

Инак он мусоҳиба:  

 - Суҳбатро аз айёми кӯдакӣ оғоз мекунем.  Шумо дар он айём чӣ орзую умед доштед?

- Кӯдакии ман дар деҳаҳои Бедак, Лойова, Томчии ноҳияи Муъминободи собиқ вилояти Кӯлоб гузаштааст. Сабаби аз як деҳа ба деҳаи дигар кӯчидани хонадон гуруснагии солҳои 1941-1945 буд. Бо умеде ки шояд дар деҳаҳои ҳамсоя зиндагӣ беҳтар бошад. То синфи 4 дар деҳаи Томчӣ хондам. Пасон дар деҳаи Оби навруша идома додам.

Ҳангоми зиндагӣ дар деҳаи Томчӣ дарвеше аз ноҳияи Дарвоз ба хонаи мо меомад. Афсӯс, ки номаш дар хотирам нест. То як ҳафта меистод ва қасидаҳои динӣ – мазҳабии «Каллаи пӯсида», «Дарди Гулбек», «Фаррух подшоҳ» ва ғазалҳои дилошӯб мехонд. Ман бештарашонро навишта, баъд онҳоро дар назди дӯстон ва ҳамсинфон қироат мекардам.

12 — сола будам, ки аҳолии  Томчиро ба деҳаи Лағмони собиқ колхози ба номи Шаталови ноҳияи Кӯлоб муҳоҷир карданд. Боду ҳавои ҷойи нав хеле гарм буд, қамишзор ва кӯрпаша дошт. Баъди дарс ҳамроҳи бачаҳо шолиро аз гунҷишкҳо муҳофизат карда, алаф медаравидем ва дар мавсим ба ҷамъоварии пахта машғул мешудем.

- Кадом созҳои мусиқиро бори нахуст ба даст гирифтед ва пайроҳаи кӯчаки санъат аз куҷо оғоз ёфт? Устодони нахустинатон киҳоянд?

- Аз созҳои мусиқӣ бори нахуст доиранавозиро машқ кардам. Дар деҳа Қурбон Баротов ном мӯйсафед бо дутор суруд мехонд ва дар маҳфилу шабнишинӣ ҳамроҳаш доира менавохтам. Падарам дид, ки ба дуторнавозӣ шавқи бештар дорам ва ба ман думбура харид.

Синфи ҳафтумро соли 1955 бо баҳои аъло хатм кардам. Он айём бо ташаббуси  бародарон Элчибек ва Ҳукумат Мулкамоновҳо (фарзандони санъаткори маъруф Искандар Мулкамонов) дар назди Хонаи маданияти шаҳри Кӯлоб гурӯҳи ҳаваскорони санъат ташкил шуд. Як сол дар он иштирок кардам ва дар дилам шавқи санъаткор шудан пайдо гардид. Аз Мулкамоновҳо фаҳмидам, ки дар шаҳри Сталинобод (ҳозира Душанбе) Омӯзишгоҳи мусиқӣ мавҷуд аст ва он ҷо санъаткорони оянда тайёр мешаванд.

Ҳамин тавр, бо ҳидояти онҳо моҳи августи соли 1956 ба Омӯзишгоҳи мусиқии шаҳри Сталинобод дохил шудам ва аз устоди тор ва рубоб Ходими хизматнишо­н­додаи санъати РСС Тоҷикистон Данил Айрапетянс нозукиҳои касбро омӯхтам.

- Зиндагӣ дар шаҳр барои ҷавони музофотӣ мушкил набуд?

- Якбора ба муҳити нав ворид шудан мушкил буд, зеро дар шаҳр ягон хешу табор ё шинос надоштам. Хушбахтона, дар назди омӯзишгоҳ интернати давлатӣ амал мекарду ман барин ҷавонон ҳам таҳсил мекарданду ҳам ҷойи истиқомат ва хурду хӯрок доштанд.

Аз айёми таҳсил дар омӯзишгоҳ хотираҳои зиёд дорам. Махсусан, айёми пахтачинӣ мо – донишҷӯёни минтақаҳои гуногунро бо ҳам наздиктар кард. Соли 1957 дар мавсими пахтачинӣ ман пешқадам будам ва аз ҳама зиёд пахта чидам. Роҳбарияти омӯзишгоҳ маро барои гирифтани мукофоти давлатӣ пешбарӣ карданд. Як сол пас бандаро бо Грамотаи Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон (аз 7 январи соли 1958, таҳти рақами 17369) мукофотониданд.

Ҳангоми таҳсил дар омӯзишгоҳ дар Комбинати хонасозии шаҳри Сталинобод, дар басти шабона кор мекардам. Расо як сол котиби ташкилоти комсомолии омӯзишгоҳро бар уҳда доштам. Донишҷӯ будаму моҳи августи соли 1958 дар азназаргузаронии ҷумҳуриявии ҳаваскорони санъати деҳот дар шаҳри Сталинобод иштирок кардам.

Баъди хатми Омӯзишгоҳи мусиқӣ соли 1960 Комиссияи имтиҳоноти давлатӣ маро чун донишҷӯи фаъол барои идомаи таҳсил ба Консерваторияи давлатии шаҳри Тошканд фиристод. Имтиҳонҳои дохилшавиро супорида, донишҷӯи факултети созҳои халқии консерватория шудам. Аз профессорон Ф. Назаров, С. Талахов ва дотсент С. Зокиров хеле миннатдорам. Азбаски аз хурдсолӣ бо меҳнат тарбия ёфтам, аз курси дуюм чун артист – навозанда дар оркестри созҳои халқии назди Комитети давлатии РСС Ӯзбекистон оид ба телевизион ва радиошунавонӣ кор кардам. Аз курси чорум дар Мактаби бачагонаи мусиқии ба номи Ҳ. Ниёзӣ ба шогирдон аз рубоб дарсу машғулият гузаронидаам. Баъди муваффақона хатм кардани консерватория соли 1965 бо ихтисоси рубоби қошғарӣ ва дирижёри оркестри созҳои халқӣ, навозанда ва омӯзгор ба шаҳри Душанбе баргаштам.

- Фаъолияти эҷодӣ ва омӯзгории шумо дар Тоҷикистон чӣ гуна сурат гирифт?

- Чанд муддат дар Омӯзишгоҳи мусиқии шаҳри Душанбе омӯзгори шуъбаи созҳои халқӣ, муовини сардори раёсати кадрҳо ва муассисаҳои таълимии Вазорати фарҳанг кор кардам.

Соли 1967 бо таъсис ёфтани факултети санъат дар назди Институти давлатии педагогии Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко (ҳоло ДДОТ ба номи С. Айнӣ) ва ташкил кардани Институти давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода фаъолияти педагогиям тавсеа ёфт. Ба шогирдон ихтисоси рубоб ва дирижёрӣ дарс медодам.

Ҳамин тариқ, ба сифати омӯзгори дарси рубоб, мудири кафедраи созҳои халқӣ ва профессори кафед­раи созҳои ансамбли мусиқӣ то нафақа кор кардам.

- Вақте ки ба донишҷӯён омӯхтани сози миллӣ — рубобро шурӯъ кардед, чӣ мушкилиҳо пеш омад?

- Мушкилоти асосӣ  набудани дастуру китобҳои таълимӣ оид ба дарси рубоб ба забони тоҷикӣ буд. Ба умеди касе нашуда, камари ҳиммат бастам. Аввалин дастранҷам — китоби «Дарси рубоб» (Душанбе, «Ирфон» 1969) бо теъдоди 2300 нусха бо забони тоҷикӣ чоп шуд ва 13 сол дастури рӯимизии омӯзгорону шогирдони омӯзишгоҳу донишкадаҳо гардид.

Бо дархости муассисаҳои таълимӣ «Дарси рубоб» соли 1982 бо теъдоди 5000 нусха такроран чоп шуд.

Чанде пеш як шогирдам аз шаҳри Хуҷанд занг зада гуфт, ки «Дарси рубоб» бори сеюм бо сифати баланд чоп мешавад. Ин барои ман хеле гуворо аст, ки китобам талабгори зиёд дорад. Дар маснавии «Зиндагинома»-ам навиштаам:

 «Дарси рубоб»-ро навиштам сараввал,

Донише доштам ба ин ман дар бағал,

Пас навиштам панҷу даҳ дастур, китоб,

То ҳунар омӯзанд мардум аз рубоб,

Боз бинвиштам китоби чангро,

Чунки дар дил ҷой намудам нангро…

Дастурамал ва китобҳои дигарам «Рубоби қошғарӣ» (Душанбе, 1986), «Чаманоро» (Душанбе, 1986), «Савтҳои Борбадӣ», (Душанбе, ДДСТ, 1990), «Мактаби омӯзиши чанг» бо ҳаммуалифии Ш. Ҳоҷиев (Душанбе, 2010), «Шеър оҳанг аст» (Душанбе, «Паёми ошно», 2002), «Ману тарона» (Душанбе, «Эр-граф», 2005), «Суруд ва мусиқӣ» (Душанбе, «Собириён», 2007), «Ритмикаи ашъори устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ» (Душанбе, 2008), «Сурудҳо» (Душанбе, «Собириён», 2008), «Шодии дил» (Душанбе, «Эр-граф», 2010) дар мактабҳои олӣ, коллеҷу мактаб­ҳои махсуси мусиқӣ истифода мешуданд.

- Миёни асарҳои илмӣ – методии шумо «Шеър оҳанг аст» ва «Ритмикаи ашъори устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ» мақоми хос доранд…

- Беҳуда китобамро «Шеър оҳанг аст» наномидам. Дар он оид ба арӯз ва вазни шеъри форсӣ – тоҷикӣ андешаҳои худро чун оҳангсоз баён кардаам. Бояд гӯям, ки арӯзшиносон вазни ашъори шоирони форсу тоҷикро дар асоси қонунҳои вазни назми араб муайян мекунанд. Банда равияи нави бо рукну тақтеъҳо тақсим намудани вазни шеъри форсӣ – тоҷикиро дар асоси оҳанг, ритмика ва қолабҳои зарбӣ, дар асоси талаботи мусиқӣ ва сароиш, яъне сарояндагӣ, муайян кардаам. То кадом андоза мушкилфаҳм будани шаклу рукни баҳрҳои асливу фаръии шеъри форсӣ — тоҷикӣ, ки ҳамааш арабианд, ба инобат гирифта, баҳрҳои асливу фаръии арабизабонро содаву фаҳмо карда, дар вазни рубоӣ, вазни «Шоҳнома»-и Ҳаким Фирдавсӣ ё вазнҳои дубайтӣ, уфар, тараб, тараннум, гулбонг ва ба ин монанд ба хонанда ё донишҷӯ пешниҳод кардам.

Ин ҷо мехостам ҷавоби худро бо суханони узви вобастаи Академияи илмҳои Тоҷикистон Соҳиб Табаров, ки дар сарсухани китобам омадааст, пурратар кунам: «Профессор Ҷӯрахон Обидпур барои аз сари нав дида баромадани шаклу рукн ва тақтеъҳои байтҳои назмӣ зиёда аз 1500 — солаи форс- тоҷик на танҳо асосҳои илмӣ, балки қонуну қоидаҳои амалии онҳоро низ нишон медиҳад. Ӯ бо даҳҳо мисол ва байту мисраи ҷудогона сабт месозад, ки ҳеҷ як шеърро як ҷо бе ритмика, бе оҳанг, бе суруду тарона, бе мусиқӣ, бе задаву тақтеи савтӣ тасаввур кардан мумкин нест. Бо гуфти ӯ, ҳар як шеър ҳатман тараннумшаванда ва сурудшаванда мебошад. Бинобар ин, профессор Ҷӯрахон Обидпур дар асоси қонунҳои мусиқӣ оҳанг ва таронаву сурудҳо тасдиқ мекунад, ки вазну рукн ва тақтеъҳои ҳар як вазну баҳри шеъри форсӣ – тоҷикиро на танҳо муайян кардан мумкин аст, балки бо ин роҳ ҳалли дурусти он ҳам осонтар ва ҳам аниқтару саҳеҳтар мебошад».

- Соли 2008 бахшида ба 1150 — солагии Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ рисолаи мусиқиатон «Ритмикаи ашъори устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ» чоп шуда буд. Мехостам, ки хонандагони рӯзномаро бо муҳтавои он мухтасар ошно созед…

- То ҳол муҳаққиқон ритмикаи ашъори Рӯдакиро дар алоҳидагӣ наомӯхтаанд. Ман бештар ба эҷодиёти устод муроҷиат намуда, авзонию зарбии ашъорашро дар мисоли ғазалу рубоӣ, қитъа ва қасидаҳояш ба риштаи таҳқиқ кашидам.Ба хулоса омадам, ки вазншиносӣ, мусиқидонӣ ва шеърдонӣ бо ҳам алоқаи зич доранд. Аз ин рӯ, чун омӯзгор ва донандаи мусиқӣ зарур шуморида, вазншиносиро ҳам омӯхтам. Дар ин ҷода бо қисме аз олимони арӯзшинос ҳамақидаам, ки вазни арӯз комил нест. Инро бо мисолҳо исбот кардаам.

- Тавре ки аз барномаҳои радио ва телевизион огаҳӣ дорем, сарояндагони машҳури тоҷик суруду оҳангҳои эҷодкардаатонро зиёд месароянд…

- То кунун зиёда аз 100 суруд, мусиқиву оҳангҳои эстрадӣ, хор ва пйесаҳо барои оркестр эҷод кардаам. Бисёре аз онҳоро артистони халқии Тоҷикистон Нуқра Раҳматова, Улфатмоҳ Мамаданбарова, Мастона Эргашева, Бурҳон Маҳмадқулов, Акбар Мирраҷабов, Сурайё Қосимова, Давлатманд Холов, Нигина Рауфова, Асадулло Атоуллоев, Қумрӣ Қодирова, Тӯхта Иброҳимова, Дона Баҳромов, Қурбон Нарзуллоев, Муаззама Иброҳимова, Азиз Ваҳҳобов, Шамсиддин Муҳиддинов, Лола Азизова, сарояндагони эстрадаи тоҷик Тоҷиддин Муҳиддинов, Муқаддас Набиева, Хурмо Ширинова, Махфират Ҳамроқулова, Раҳима Шалоэр, Баҳодур Неъматов ва Тамара Пӯлодова сурудаанд ва ҳанӯз ҳам месароянд.

Инчунин, барои оркестри созҳои халқӣ, ансамблҳои «Гулшан» ва занони рубобнавоз, барои хор, рубоб ва сурудҳои бачагона суруду асарҳои мусиқӣ эҷод кардаам. Машҳуртаринашон «Бути тоҷик» (шеъри А.Қодирӣ) сароянда Тоҷиддин Муҳиддинов, «Эй дил» (шеъри А. Лоҳутӣ) ва «Диламро машкан» (ғазали Ҳофиз) ва «Боз оям» (шеъри Ҳадиса) сароянда Нуқра Раҳматова, «Зеби Фахробод» (шеъри Ҷумъа Қувват), «Парвози дил» шеъри (Ҳ.Файзулло) сароянда Нигина Рауфова, «Мапӯшон рӯйро» (шеъри С. Фарғонӣ), «Ишқ» (шеъри Ш. Мастон), «Ишқи ман» (Шеъри Зулфия) сароянда Мастона Эргашова, «Духтари Хатлонзамин» (шеъри Ҳадиса) ва «Ояд ба ёд» (шеъри Бозор Собир) сароянда Асадулло Атоуллоев мебошанд.

Ҳамчун дирижёр бо артистони халқии СССР Аҳмад Бобоқулов, Ҳанифа Мавлонова, Артистони халқии Тоҷикистон Барно Исҳоқова, Нуқра Раҳматова, Мастона Эргашова, Ҳофизи халқии Тоҷикистон Нигина Рауфова ва оркестри созҳои халқии тоҷикӣ дар бисёр чорабиниҳои муҳими сиёсӣ ва фарҳангӣ, консертҳои ҳукуматӣ иштирок кардаам.

Дар масъалаи касби дирижёрӣ Артисткаи халқии СССР, профессор Ҳанифа Мавлонова навишта буд: «Ҷӯрахон Обидпур истеъдоди фавқулодаи дирижёрӣ дошта, дар назди пулти дирижёрӣ дар обурангдиҳӣ ва итоат кардани оркестр ба овоз ва нафасгирии овозхонӣ ҳамто надорад, ки ин сифатҳо на дар ҳамаи дирижёрҳо мавҷуд аст. Барои ҳамин ман якчанд бор бо роҳбарии ӯ дар оркестри номбурда сурудҳои гуногунрангро иҷро кардам».

- Аз фарзандон нафаре ҳаст, ки роҳи шуморо дар оянда давом диҳад?

- Духтарам Нигина Обидова касбамро интихоб кардааст ва чун пианинонавоз ва консертмейстер ҳамроҳам дар консертҳо баромад мекунад. Ҳоло иҷрокунандаи вазифаи дотсенти кафедраи фортепианои махсуси Консерваторияи миллии Тоҷикис­тон ба номи Т. Сатторов аст. Соли 1986 дар Конкурси якуми минтақавии мусиқачиён – навозандагон дар созҳои халқӣ ба номи Узеир Ҳоҷибеков дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон иштирок карда, соҳиби дипломи «Консертмейстери беҳтарин» шуд. Соли 2005 сазовори унвони Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон гардид.

Мусоҳиб Тиллои НЕКҚАДАМ, «Садои мардум», 14.05.2019

Муаррифии мо: Ҷўрахон Обидпур. Дирижёр, профессор, Ходими шоистаи санъати Тоҷикистон. Дар бахши иҷрокунандаи созҳои миллӣ аз мутахассисони пешбар маҳсуб мегардад. Чун мутриб ва оҳангсоз ҳам муваффақ шудааст. Муаллифи дастурамали таълимии «Дарси рубоб», маҷмўаи «Этюдҳои хушоҳанг», китоби дарсии «Мактаби омўзиши чанг», муҳаррири чандин барномаҳои таълимию методӣ оид ба мусиқӣ мебошад. Баробари тадрис дар Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода ба сифати дирижёри Оркестри созҳои миллии кумита солиён хидмат намудааст.

Дар Китобхонаи миллӣ аз Ҷӯрахон Обидпур ва дар бораи ӯ ин матолибро метавонед бихонед:

                                                   Осор

Суруд ва мусиқӣ: Китоби дарсӣ барои синфи 1-ум. – Душанбе: Маориф,  2018. – 112 с.

Суруд ва мусиқӣ. – Душанбе: Маориф, 2018. – 96 с.

                                                           Дар борааш

Муҳаммадохир, Ҳ. Таронаҳои Обидпур: Оҳангсоз Ҷўрахон Обидов // Адабиёт ва санъат. – 2005. – 17 декабр.

Обидпур, Ҷ. Орифи санъат: Мусоҳибаи Т. Некқадам бо Арбоби шоистаи санъати Тоҷикистон, профессор Ҷўрахон Обидпур оиди ҳаёт ва фаъолияташон // Садои мардум. – 2019. – 14 май.

Табарӣ, М. Ҷоизаи Борбад насиби Ҷўрахон Обидпур ва Фирўз Ўлмасов гардид // Ҷумҳурият. – 2019. – 9 август.

Ҷоиза ба номи Борбад муборак: Ба композитор, Арбоби ҳунари Тоҷикистон, профессор Ҷўрахон Обидпур // Адабиёт ва санъат. – 2019. – 15 август.

Таҳияи Марзия Зардодхонова,

корманди шуъбаи библиографияи миллӣ