Хушхабар: Девони Аҳмади Дониш дар шаҳри Тошканд пайдо шудааст

Дар Академияи илмҳои Ӯзбекистон девони ашъори шоир ва мутафаккири барҷастаи тоҷик Аҳмади Дониш пайдо шуд. Дар ин бора Файзхоҷа Маҳмудов, муҳаққиқи бахши дастнависҳои нодири Китобхонаи миллии Ӯзбекистон ба номи Алишер Навоӣ, зимни матлабе дар сомонаи рӯзномаи «Овози Самарқанд» иттилоъ додааст. Дар ин мақола  Файзхоҷа Маҳмудов навиштааст, ки то ҳол аз осори Аҳмад Махдуми Дониш китобҳои насрӣ, амсоли «Наводир-ул-вақоеъ», «Рисола дар назми тамаддун ва таъовун», «Шарҳи ҳоли амирони Бухорои шариф», «Номус-ул-аъзам», «Меъёр-ут-тадайюн», дар улуми табиӣ  — «Зийҷи Аҳмади Дониш» ва «Манозир-ул-кавокиб» маълум буданд. Акнун  намунаҳои осори назмии ӯ низ ба даст омадааст.

Хабаргузории “Ховар” гузориши муфассале дар ин бора интишор додааст, ки шакли комили онро метавонед ин ҷо бихонед: Мутахаллис ба «Дониш» ва муқаллаб ба «Калла». 

 
Барчаспҳо: