Ширкат дар ҳамоиши Ассамблеяи хонандагони Иттиҳод

  Аз 17 то 20-уми сентябри соли равон дар шаҳри Маскав ҳамоиши Ассамблеяи хонандагони иттиҳод баргузор шуд, ки дар он Китобхонаи миллиро муовини Директори китобхона Гадебек Маҳмудов намояндагӣ кард.  Дар ҳамоиши мазкур намояндагони китобхонаҳои миллӣ, кўдакона, мактабҳои олӣ,  нашриётҳо, хонаи китоб ва адибон, олимон ва омўзгорони муассисаҳои олии кишварҳои ИДМ, Балтика ва Гурҷистон ширкат намуданд.

  Дар ҷаласаи ифтитоҳӣ намояндаи Президенти Федератсияи Русия оид ба масъалаҳои ҳамкории байналмилаии фарҳангӣ М. Е. Швыдко, президенти Иттиҳодияи китоби Русия С. В. Степашин ва дигарон суханронӣ намудаанд.

  Ҳамоиш аз чор бахш иборат буд ва дар он масъалаҳои муҳим, аз ҷумла таъсиси маркази ҳамоҳансозӣ оид ба нашри китоб, мубодилаи байналмилалии китоб, баргузории намоишҳои байналмилалии китоб, коркарди барномаҳои таълимӣ дар соҳаи китобдорӣ ва ноширӣ, ҳамкории китобхонаҳои кишварҳои ИДМ, Балтика ва Гурҷистон, баргузории озмунҳо оид ба арзишҳои фарҳангии миллии кишварҳои ИДМ, дарёфти чеҳраҳои нав ва дигар масъалаҳои корӣ мавриди баррасӣ ва таҳлил қарор гирифт.              

 Ҳамзамон дар рӯзҳои баргузории ҳамоиш бо намояндагони як қатор китобхонаҳои ширкаткунанда дар самти тавсиаи ҳамкориҳои соҳавӣ вохўрӣ ва суҳбатҳо баргузор намудам.

   Ба таври умум ҳамоиш дар фазои солим ва барои ҳамкориҳои минбаъдаи байни китобхонаҳо судманд ҷараён гирифт.

 
Барчаспҳо: