Эҷодиёти Сталина Азаматова серпаҳлу ва гуногунранг аст. Бештар мавзўъҳои олами рангини кўдакон, ривоятҳои қадима, орзуҳои ширини наврасон, истеҳзои хасисию судхўрӣ, зулму расолати замони амирӣ, муҳофизати сарватҳои миллӣ, мардонагӣ, қаҳрамонию ватандўстӣ ва ғайраро дар бар мегирад. Дар балетҳои «Франческа да Римини», «Бо роҳи раъди ғуррон», «Ромео ва Ҷулетта», «Шабҳои Миср» ва ғайра нақшҳои асосӣ иҷро кардааст. Чандин балет – «Марги судхўр» (1978), «Камони сеҳрнок» (1985) , «Писарча ва Карлсон» (1977), филм-балети «Рубоиёти Хайём» (1980) ва ғайраро ба саҳна гузошта, ба як силсила операҳо – «Шўриши Восеъ»-и С. Баласанян, «Қишлоқи тиллоӣ»-и Д. Дўстмуҳаммадов, «Демон»-и А. Рубинштейн, «Дон Жуан» ва асарҳои мусиқӣ – «Талбак Лолаев», «Аз рўзгори Абуалӣ Сино», «Дар оилаи тифоқ» ва ғайра рақс таҳия намудааст.
Сталина Азаматова артисткаи балет ва балетмейстер, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон, Ҳунарпешаи Халқии Тоҷикистон Сталина Азаматова 2-юми январи соли 1940 дар Сталинобод дида ба олам кушодааст. Омўзишгоҳи академии хореографии ба номи А. Ваганови Ленинград (1958) ва факултети балетмейстрии Институти давлатии санъати театрии ба номи А. Луначарскийи шаҳри Маскав (1977)-ро хатм кардааст. Солҳои 1958-1977 раққосаи балет ва балетмейстери Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ, 1978-1990 муаллимаи Мактаби хореографии шаҳри Душанбе, 1991 сарбалетмейстери Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ буд.
Эҷодиёташ серпаҳлу ва гуногунранг аст. Бештар мавзўъҳои олами рангини кўдакон, ривоятҳои қадима, орзуҳои ширини наврасон, истеҳзои хасисию судхўрӣ, зулму расолати замони амирӣ, муҳофизати сарватҳои миллӣ, мардонагӣ, қаҳрамонию ватандўстӣ ва ғайраро дар бар мегирад. Дар балетҳои «Франческа да Римини», «Бо роҳи раъди ғуррон», «Ромео ва Ҷулетта», «Шабҳои Миср» ва ғайра нақшҳои асосӣ иҷро кардааст. Чандин балет – «Марги судхўр» (1978), «Камони сеҳрнок» (1985) , «Писарча ва Карлсон» (1977), филм-балети «Рубоиёти Хайём» (1980) ва ғайраро ба саҳна гузошта, ба як силсила операҳо – «Шўриши Восеъ»-и С. Баласанян, «Қишлоқи тиллоӣ»-и Д. Дўстмуҳаммадов, «Демон»-и А. Рубинштейн, «Дон Жуан» ва асарҳои мусиқӣ – «Талбак Лолаев», «Аз рўзгори Абуалӣ Сино», «Дар оилаи тифоқ» ва ғайра рақс таҳия намудааст.
Муаллифи либреттои як силсила балетҳо – «Камони сеҳрнок», «Дар ёди дил», «Марги судхўр», «Писарча ва Карлсон» ва ғайра аст. Солҳои охир дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ як қатор балетҳои нав – «Дон Кихот», «Карашмаҳои муҳаббат», «Буратино», «Сиёвуш», «Юсуф ва Зулайхо», «Шабҳои Миср» ва ғайраро ба саҳна гузоштааст. Дар ҳайати ҳунарпешагони балети советӣ ба Республикаи Халқии Булғория ва Республикаи Мали сафар намудааст.
Аз соли 1963 Узви ИК СССР аст.
Бозчоп аз Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик. – Душанбе, 1988. – Ҷ. 1. – С. 109-110.
Муаллиф: Ш. Ҳабибов.
Дар бораи Сталина Азаматова дар Китобхонаи милль ин матолиб цобили дарёфт аст:
Азаматова,С. Рақс ҳаёти ман аст: Мусоҳибаи М. Ҳалимова бо Артисти хизматнишондодаи республика Сталина Азаматова // Машъали коммунистӣ. – 1987. – 24 сентябр.
Азаматова С. Таджикский балет: надежды почти не осталось: Интервью вела Амаль Ханум Гаджиева с народной артисткой РТ, хореографом Сталина Азаматовой // Asia-Plus. – 2010. – 3 марта.
Шерхон, У. 10 зебосанами Тоҷикистони Шўравӣ: Дар бораи фаъолияти ҳунарпешаи балет ва кино, Артисти хизматнишондодаи РСС Тоҷикистон, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Сталина Азаматова // Бонувони Тоҷикистон. – 2018. – декабр. – С. 46.
Таҳияи Ҳусния Назарова
корманди шуъбаи библиографияи миллӣ