Нақши китоб дар ҳаёти мо

 Китоб дар ҳаёти инсон нақши басо муҳимро мебозад. Мегӯянд, ки “Вақте китобро мекушоӣ, ҷаҳонро мекушоӣ”. Воқеан ҳам китоб олами маъниро дар худ дорост ва баҳри инсон ногузир аст. Барои аксар одамон китоб бахше аз ҳаёти онҳост, мисли рафиқи беҳтарин, ҳамсафари ростин аст, ки ҳеҷ гоҳ таркат намекунад.

 Оре, китоб ҳамсафари мост. Вақте инсон бо як шавқи амиқ китобро мехонад, чунин ҳис мекунад, ки китоб бо ӯ ҳамсуҳбат аст. Шахс бо хондани китоб ҳар ҷое набошад, худро танҳо ҳис намекунад. Ҳақ ба ҷониби Мавлоно Ҷомист, ки фармуд: “Аниси кунҷи танҳоӣ китоб аст”.

 Китобҳо илманд, маърифатанд, донишанд. Онҳо асрҳо нигаҳдорӣ шудаанд ва илми имрӯзаро, ки аз фарҳанг ва тамаддуни гузаштагони мо боқӣ мондааст, бидуни китобҳо тасаввур кардан ғайриимкон аст. Боре фикр кардаед, ки чӣ рӯх медод, агар донишмандон ягон маротиба илмашонро рӯи варақ сабт намекарданд?! Воқеан онҳо хеле заҳмат мекашанд. Махсусан солҳои пеш аз ихтирои чоп, ки тариқи даст китобат мекарданд. Барои як китобро навиштан моҳҳову солҳо вақт мерафт.

 Инҷо сабабҳои зиёде барои муҳим будани нақши китоб дар ҳаёти инсон вуҷуд дорад, аз ҷумла:

  • Бохабар будан аз таърих. Бо хондани китоб шахс метавонад, аз гузашта, руйдодхо ва воқеоти таърихии олам огоҳ шавад.
  • Худро бо чизҳои нав ошно намудан. Ҳангоми хондан шахс бо маълумоти нав, сухани нав, фикри нав, роҳҳои нави ҳал намудани ягон масъала ва роҳҳои нави ба даст овардани ҳадаф ошно мегардад.
  • Инкишофи фикрӣ. Хондан ба шумо кӯмак мекунад, то ҷаҳонро бештар фаҳмед ва дар мавзуъҳое, ки рӯ ба рӯ меоед, бардошти беҳтаре дошта бошед. Инкишофи фикрӣ аз роҳи хондани пайваста китоби зиёд ба даст меояд.
  • Рушд додани фаҳмиш. Чӣ қадаре ки шумо зиёд хонед, хамон кадар пурра мефаҳмед ва хондан ба шумо дар ёфтани ҳақиқат дар бораи чизе кӯмак мерасонад. Тавассути хондан шумо бештар дар бораи ҷомеа ва чӣ гуна ба он мутобиқ шуданро меомӯзед.
  • Рушди тасаввурот. Шумо бо он чи ки тасаввур мекунед, то хол махдуд ҳастед. Оламе, ки дар китобҳо тавсиф шудааст ва инчунин нуқтаи назар ва андешаҳои одамони дигар ба шумо дар фаҳмиши ҳар он чизе, ки имконпазир аст, кӯмак хоҳанд кард.
  • Қавӣ намудани хотира. Ҳангоми хондан шумо бояд бештар фикр кунед. Хониш ба шумо тугмаи ягонаи таваққуфро барои дарк ва фаҳмиш медиҳад. Хониш барои қавӣ нигоҳ дошани хотира ва қобилияти омӯзиш кӯмак мерасонад.

 Ҳамчунин хондани китоб барои бой намудани фонди луғавӣ хеле муфид аст.

 Ногуфта намонад, ки мардуми тоҷик аз азал китобдору китобхон буданд. Сарчашмаҳои зиёди гуногун нишони гуфтаҳои болост. Таваҷҷуҳи Сарвари давлат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташкилу баргузории солгардҳои адибону муҳаққиқони барҷаста рамзи гиромидошти хидматҳои шоёну нотакрори фарзандони фарзонаи миллат мебошад.

 Ҳамчунин ташкили озмуни ҷумҳуриявии “Фурўғи субҳи доноӣ” дар таърихи давлатдории навин таҳкими хиради волои тоҷикона аст. Ин озмун бори дигар ба шаҳрвандони кишвар имкон медиҳад, ки ҳар як инсон новобаста аз синну сол аз ширкаткунандагони фаъоли озмун бошад.

Фирӯз Нураҳмадов

муовини сардори шуъбаи тарғиб ва

баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ