Дар нуҳ моҳ Китобхонаи миллӣ соҳиби бештар аз 25 ҳазор китоби нав шудааст
Нашр шуд 2019-10-09 11:25
Дар нуҳ моҳи соли 2019 Китобхонаи милии Тоҷикистон ба маблағи 371 946, 63 сомонӣ 25 240 нусха китоб харидааст. Ба захираи умумии Китобхона 20 161 нусха ба маблағи умумии 322 429, 63 сомонӣ нашрияҳои мухталиф ворид шудааст. Дар ин бора дирӯз дар ҷаласаи ҷамъбасти фаъолияти нуҳмоҳаи Китобхонаи миллӣ профессор Абдусалом Мирализода –Директори Китобхонаи миллӣ иброз дошт.
Абдусалом Мирализода ҳамчунин гуфт, ки аз ҷумла, китобҳо – 16 705 нусха, маҷаллаҳо – 2 774 нусха, нашрияҳои давомноки илмӣ – 67 нусха, нотаҳо – 39 нусха, диссертатсияҳо – 313 нусха, СD DVD – 79 дона. Ба захираи мубодилавии эҳтиётӣ 5 045 нусха китоб ба маблағи умумии 50 355 сомонӣ ва тавассути равобити байникитобхонавӣ 32 нусха ба маблағи умумии 332 сомонӣ ворид карда шуд.
Кормандони шуъбаи такмили адабиёт 2 791 нусха (1 655 номгўй) китобҳои ҳатмӣ, 15 109 нусха адабиёти туҳфашуда аз шахсони алоҳидаро қабул ва сабт карданд. Ба китобҳо барга навишта шуда, ба шуъбаҳои дахлдор ирсол гардиданд. Баргаҳо аз рўйи таснифоти сол, алифбо ва ҷои нашр ба танзим дароварда шуда, ба феҳристи фармоишии шуъба захира карда шуданд.
Ҳамчунин, тавассути шуъбаи мазкур ба Китобхона 904 нусха рўзномаҳои ҳатмӣ бо забони тоҷикӣ ва 184 нусха бо забони русӣ, 558 адад маҷаллаҳои обунавӣ ба маблағи 26 079,73 сомонӣ ворид гардидаву муҳр зада шуда, дар феҳристи шуъба ба қайд гирифта шуд.
Директори Китобхонаи миллӣ дар бахши дигар аз суханрониаш афзуд: ин боргоҳи маърифат барои дар амал татбиқ намудани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти китобдорӣ», дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва тибқи Оиннома ва Нақшаи солона фаъолияти худро ба роҳ мондааст. Самтҳои асосии фаъолияти Китобхонаи миллӣ аз қонеъ намудани талабу дархости хонандагон бо маводи чопиву электронӣ, такмили фонди китобҳо, ташкил ва баргузории чорабиниҳои муҳимми илмӣ, фарҳангиву маърифатӣ, феҳристнигории анъанавию электронӣ, омодасозиву интишори осори илмӣ ва дастурҳои методиву библиографӣ иборат мебошад.
Расмҳо аз Хусрави Милод