Мизи мудаввар таҳти унвони “Нақши занон дар рушди илми тоҷик”
Нашр шуд 2019-09-27 16:56
Дар Китобхонаи миллӣ бо ташаббуси Шуъбаи нигоҳдории рисолаҳои илмии Китобхонаи миллӣ мизи мудаввар таҳти унвони “Нақши занон дар рушди илми тоҷик” доир гардид.
Муовини директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Салима Раҷабова дар сухани муқаддимавии худ гуфт, ки “саҳми зиёиёну олимон дар ҳамаи соҳаҳои қишри ҷомеа зиёд ва назаррас аст.
Заҳматҳову талошҳои аҳли зиё, хусусан бонувон барои таҳкими аркони давлати соҳибистиқлол дар паҳлўи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қобили қайд аст, зеро давлати моро 28 сол мешавад, ки дар роҳи истиқлолияти сиёсӣ ва низоми дунявӣ устуворона қадам ниҳода, ба дастовардҳои хеле назаррас ноил шудааст”.
Муовини Директори Китобхонаи миллӣ афзуд: “Нақши модарону занон дар таҳким ва рушди ҷомеа, бунёди оилаи хушбахт, таълиму тарбияи фарзандон ва афзоиши эътибори хонадон ниҳоят муҳиму арзишманд мебошад. Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ Ҳукумати мамлакат бо мақсади дастгирии занону модарон ва баланд бардоштани мавқеи онҳо дар ҷомеа як силсила тадбирҳои судмандро амалӣ гардонид. Аз ҷумла, Истиқлолияти давлатӣ ҷиҳати таъмини мавқеи устувори зан-модар дар ҷомеа ҳамаи имкониятҳоро фароҳам овард ва занони қавииродаву боҷасорати моро ба арсаи васеи сиёсат ворид намуд”.
Баъдан, маърӯзаҳои академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори Ассотсиатсияи олимаҳои Тоҷикистон Муҳиба Ёқубова, доктори илми фалсафа, профессори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муҳиба Маҳмадҷонова, доктори илмҳои тиб, профессори Академияи илмҳои тибби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Меҳринисо Рустамова, номзади илмҳои ветеринарӣ, котиби илмии Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шоназар Ҷилваи Муносиб, номзади илмҳои филологӣ, сармутахассиси Раёсати таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Шаҳло Абдуллозодаи Тоҳириён шунида шуд.
Дар қисмати музокирот мудири шуъбаи аттестатсионии Муассисаи давлатии Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Бобоҷон Муминзода, сармутахассиси шуъбаи назария ва таърихи педагогикаи Академияи таҳсилоти Тоҷикистон Ҷамила Ҳакимова ширкат намуданд.
Дар охир, мубодилаи афкор миёни ширкаткунандагон ва маърузакунандагон сурат гирифт.
Фарзонаи МИРЗО
Суратгир: Хусрави МИЛОД