Ширкати ноширони ватаниву хориҷӣ василаи хубест барои табодули афкору андеша
Тавре қаблан хабар дода будем субҳи 4 сентябр дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Намоишгоҳи нуҳуми байналмилалии «Китоби Душанбе» оғоз гардид, ки то 6 сентябри соли равон идома меёбад. Намоишгоҳи мазкур бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардидааст ва дар он 49 корхонаҳои таъбу нашр, ташкилоту муассисаҳо ширкат доранд. Масъулони баргузории 9-умин Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Душанбе» Вазорати Фарҳанг ва Китобхона миллӣ буда, тибқи иттилоъи масъулин 30-ҳазор китоби тозанашр пешниҳод шудааст.
Дар ҷараёни баргузории Намоишгоҳи нуҳуми байналмилалии «Китоби Душанбе» бо чанде аз коршиносону суҳбат доштем, ки фишурдаи онро мавриди таваҷҷуҳи хонандаи сомона қарор медиҳем.
Сироҷиддин Икромӣ - директори Корхонаи давлатии таъминот ва савдои китоби ҷумҳурӣ мегӯяд, дар Рӯзи китоб баргузор шудани Намоишгоҳи нуҳуми байналмилалии «Китоби Душанбе» басо рамзист ва боиси хушҳолист, ки бори аввал намоиши «Китоби Душанбе»дар чунин мавзее, ки бевосита ба китоб рабд дорад, мавзее, ки дар кишварҳои Осиё Марказӣ назир надорад Китобхонаи миллии Тоҷикистон баргузор мегардад. Мавсуф мегӯяд дар ин тадбири фарҳангӣ, ноширони ҳам ватанӣ ва ҳам хориҷӣ иштирок доранд як василае хубест барои ноширон, ки тободули андеша ва афкор байни онҳо сурат мегирад, аз таҷриба ҳамдигар бо хабар мешаванд.
Гадобек Маҳмудов муовини директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҳадафи асосии баргузории Намоиши нуҳуми байналмилалии «Китоби Душанбе»-ро тарғибу ташфиқи полиграфияи тоҷик унвон карда, гуфт дар тадбири фарҳангӣ аз ҷониби Муассисаи давлатии Китобхонаи миллии Тоҷикистон ду номгӯи китоб ба маърази диди бинанда қарор дода шуд, ки ба тозаги рӯи нашр омдааст. Китобҳои тозанашр аз қабили «Арбобони илми тоҷик» донишномаи бузургест, ки фарогири тамоми олимони соҳахои гуногуни хоҷагии халқи Тоҷикистон ва китоби дигар «Истиқлолят ва забон» мебошад, ки соли 2019 ба таъб расида, ҳамзамон нашри чунин осори тозанашр аз ҷониби Китобхонаи миллӣ идома меёбад.
Абдуқодири Абдуқаҳҳор - директори Муассисаи давлатии Китобхонаи шаҳрии ба номи устод Абулқосим Лоҳутӣ, мегӯяд як навгонии имсоли Намоиши байналмилалии «Китоби Душанбе»-ро дар макони баргузории он, ки Китобхонаи миллӣ интихоб шуд, медонад. Ба гуфти ӯ соли гузашта макони баргузории чорабинӣ хеле танг буд ва чун Китобхонаи миллӣ аз бузургтарин китобхонаи мантақа аст, мантиқӣ шуд, ки Намоиши нуҳуми байналмилалии «Китоби Душанбе» дар Китобхонаи миллӣ баргузор гардад, хеле макони мувофиқу мусоид аст. Абдуқодири Абдуқаҳҳор баргузории ин намоишро таблиғу таҷлили иди китоб медонад ва мегӯяд бояд ҳарчи бештар мо чунин маҳфилҳоро дар сатҳи байналмилали доир кунем ва миллати тамаддуновару тамаддунофарамонро муаррифӣ намоем.
Ба андешаи директори Китобхонаи шаҳрии ба номи устод Абулқосим Лоҳутӣ бо иқдоми сарвари давлат эълон гардидани озмуни ҷумҳуриявӣ «Фурӯғи субҳи доноӣ…» иди имсолаи китобро шукуҳи дигар бахшид, зеро хонанда бахусус, қишри ҷавони ҷомеа ба китобу китобхонӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир мекунанд.
Намояндаи Сафорати Туркия дар Тоҷикистон Ҳушанги Аловиддин аз иштирок дар ин намоишгоҳ изҳори хушҳолӣ намуда, иброз дошт, ки дар ин ҷо асарҳои тозанашри нависандагону адибони Туркияро муаррифӣ мекунад. «Баргузории чунин намоишгоҳ имконият медиҳад, ки мардумони гуногун бо ҳам робитаҳои дӯстӣ пайдо намуда, аз фарҳангу тамаддун ва осори гаронбаҳои олимону адибони якдигар баҳравар шаванд. Чунин намоишгоҳҳои китоб бояд ҳарчи зиёдтар ташкил шаванд, зеро онҳо ҳам аҳли адабу фарҳанг ва ҳам мардумони одиро бо ҳам дӯсту ҳамфикр мегардонанд», -мегӯяд Ҳушанги Аловиддин.
Ёдовар мешавем, ки то 6 сентябр дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Намоишгоҳи нуҳуми байналмилалии «Китоби Душанбе» идома меёбад ва дар он 49 корхонаҳои таъбу нашр ва ташкилоту муассиса 30-ҳазор китоби тозанашрро ба тамошо мегузоаранд.
Қобили зикр аст, ки бо дастгирии Ҳукумати кишвар аз соли 2010 инҷониб ҳамасола баргузории намоишгоҳҳои китоб дар пойтахти кишвари азизамон ба ҳукми анъана даромада, он аз ҷониби мақомоти олии мамлакат, кулли фарҳангиён ва аҳли ҷомеа хуш пазируфта шудааст. Ба андешаи дастандаркорони ин намоиш чорабинии мазкур дар таҳкиму густариши равобити фарҳангии кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон бо мамолики ба мо дӯсту бародар, саҳмгузорӣ дар рушди соҳаи табъу нашри кишвар ҳамзамон, рушди ҳамкориҳои ноширони тоҷик бо ноширони кишварҳои хориҷӣ ва ба ин васила муаррифии муассисаҳои нашриявии ватанӣ дар арсаи ҷаҳонӣ нақши созгор мебозад.
Абдураҳими АБДУҚАҲҲОР,
мутахассиси шуъбаи матбуоти даврӣ