Оғози Нӯҳумин намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Душанбе» дар Китобхонаи миллӣ

   Субҳи имрӯз, 4 сентяр, дар саҳни Китобхонаи миллии Тоҷикистон Нӯҳумин намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Душанбе» бо ширкати густардаи аҳли илму адаб, адибон, олимон, ходимони давлатӣ, хонандагон, рӯзно манигрон, меҳмонони дохиливу хориҷӣ  ифтитоҳ ёфт.

   Ҳунармандони варзидаи кишвар бо як саҳнаи марғуберо аз таърихи китоб дар олам ва саҳми он дар рушди тамаддуни башарӣ ин ҷашнвораро ҳусни оғоз бахшиданд. 

   Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон профессор Абдусалом Мирализода меҳмонон дар суханронии худ ҳозиронро хайрамақдам гуфт. Вай дар бораи Рӯзи китоб ва сайри таърихии он мухтасар маълумот дод ва гуфт, ки дарҳои ин боргоҳи маърифат ва ин бузургтарин ҳамеша ба рӯйи касоне, ки мехоҳанд кит об бихонанд, боз аст.

    Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода баъди хайрамақдам гуфтани иштирокдорони маросими ифтитоҳи Нӯҳумин намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Душанбе»  оид ба мавқеи китоб дар ҳаёти мардуми тоҷик ҳарф зад. Вай аз ҷумла гуфт: “Ба шарофати Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ноширони кишвар шароиту имкониятҳо фароҳам омадааст, ки мунтазам дар намоишгоҳҳои байналмилалии китоби ҷаҳонӣ иштирок намуда, дастовардҳои худро манзури оламиён гардонанд ва ҳамчунин аз таҷрибаи ҳамкасбони хориҷии худ бархурдор гарданд. Бо кўмаку дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар заминаи талаботи рўзафзуни ба ғизои маънавӣ доштаи мардум, фароҳам омадани шароиту имкониятҳои мусоиди эҷодию истеҳсолӣ ҳамасола соҳаи табъу нашр ва дар ин замина теъдоди нашри китобҳои тозанашр рў ба афзоиш ниҳода, номгўйи нав ба нави корхонаҳои полиграфӣ сабт мешаванд. Айни ҳол дар ҷумҳурӣ 319 корхонаи истеҳсоли маҳсулоти чопӣ ва 71 нашриёт фаъолият менамоянд. Бо вуҷуди мушкилиҳо корхонаю муассисаҳои табъу нашр мутассил рушд намуда, талаботи бо адабиёти зарурӣ ва дигар маҳсулоти чопӣ доштаи аҳолиро қонеъ мегардонанд”.

   Сипас меҳмонону китобдӯстон ба дохили бинои Китобхона дохил шуданд ва бо китобҳои ба намоишгузоштаи  ноширони ватаниву хориҷӣ шинос шуданд. Дар намоишгоҳ зиёда аз 30000 китоби тозанашр аз ҷониби 49 корхонаҳои табъу нашр ва ташкилоту муассисаҳо ба намоиш гузошта шудаанд. Дар он ноширон аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Ҳиндустон, Фаронса, Туркия ва Озарбойҷон иштирок мекунанд.

   Дар доираи намоишгоҳ баргузории чорабиниҳои гуногун, мизи гирд, сӯхбату вохӯриҳо ва озмунҳои мухталиф дар назар дошта шудааст.

   Маврид ба ёдоварист, ки ҳанӯз 12 сол қабл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни гузоштани санги асос ба  бунёди Китобхонаи миллии Тоҷикистон ин ҷашнро эълон намуда, иброз дошта буданнд, ки «бо дарназардошти аҳамияти бузурги китобу китобдорӣ ва донишу маърифат пешниҳод менамоям, ки дар қатори идҳои дигар рӯзи оғози сохтмони Китобхонаи миллӣ ҳамчун Рӯзи китоб муқаррар карда шавад».

Аксҳои ҳамкорамон Хусрави Милод

Барчаспҳо: