90 СОЛИ КИНОИ ТОҶИК: Филми бадеии «Зумрад»
Нашр шуд 2019-08-06 10:50
Нақшофарии самимонаву басо ҷаззоби ҳунармандони шинохта Тамара Кокова, Сталина Азаматова, Туҳфа Фозилова, Яъқуб Ахмедов, Аслӣ Бурҳонов, Маҳмудҷон Воҳидов, Т. Эшонхоҷаев, Абдулхайр Қосимов, Абдулҳамид Нурматов, Абдусалом Раҳимов. Ин филмро шумо метавонед дар толори хониши Шуъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунари Китобхонаи миллӣ тамошо кунед.
Дар филми «Зумрад» (коргардон Абдусалом Раҳимов, Александр Давидсон, муаллифони сенария Муҳаммадҷон Рабиев, Александр Петровский (II), Александр Давидсон, наворбардор Александр Панасюк) саргузашти як зани тоҷик, муборизаи ў барои шаъну эътибор, барои ҳуқуқ ва бахти ҳақиқӣ дар зиндагӣ нақл карда мешуд. Ў вақти духтари ҷавон буданаш, дар қишлоқ дўстонаш, дўсти наздикаш Ҷалилро монда, ба шаҳр ба меояд, то ки ба донишгоҳи омӯзггорӣ дохил шавад, Ҳаёти хушбахтонаи донишҷӯии ў оғоз меёбад.
Дар донишкада муаллимон бисёранд. Лекин ба духтар махсусан Қодиров маъқул мешавад, ки педагогикаро бо шавқу ҳаваси фавқулодда таълим медод, дар дарсҳо ғояҳои ҷасуронаи пешқадамро талқин мекард ва ҳаводори оташмиҷози принипҳои баланди ахлоқи инсонӣ буд. Донишҷў ва муаллим бо ҳам шинос шуданд ва дере азашта зану шавҳар гаштанд.
Лекин Қодиров пас аз хонадоршавӣ якбора шахси дигар шуд; дар хонаи худ, дар «чордевор»-и худ ў пардаи рўяшро канд ва аз паси парда башараи шуми як шахси мунофиқ, дурўя, мутаасиб, мухлиси урфу одатҳои даҳшатовари гузашта намоён гашт. Зани ҷавон аз ин найрангу фиреби ин муаллими лофзан сахт мутаассир мешавад, ў дигар тоқати як рўз ҳам дар ин зиндон мондан нахоста, бо кўдаки ширхораш аз хонаи Қодиров баромада мегурезад.
Дўстони донишгоҳ, рафиқони муаллимаш ба ў тасалло доданд, ёрӣ карданд, ки аз вазъияти мушкил барояд, лекин ба ҳар ҳол ба Зумрад дар донишгоҳ бо тифли навзод хондан мушкил буд. Ў қарор дод, ки ба деҳаи маҳбубаш баргардад.
Дар деҳа ҳам ҳаёташ чандон сабук нашуд, лекин ў бо меҳнатдўстию поквиҷдонии худ оҳиста-оҳиста дар чашми мардуми қишлоқ эътибор пайдо кард. Ҳаёти шахсии Зумрад ҳам рў ба некӣ ниҳод, бо дўсти деринаш Ҷалил вохўрда, ҳис кард, ки танҳо ҳамин ҷавонро дўст медорад. Ишқи ҳақиқӣ ғолиб омад. Он ишқ ба Зумраду Ҷалил мадад кард, ки ба муқобили урфу одатҳои зарарноки қадима бархоста, дар оилаи хушбахтона тақдири якдигарро васл намоянд.
Ҳунармандон Тамара Кокова, Сталина Азаматова, Туҳфа Фозилова, Яъқуб Ахмедов, Аслӣ Бурҳонов, Маҳмудҷон Воҳидов, Т. Эшонхоҷаев, Абдулхайр Қосимов, Абдулҳамид Нурматов, Абдусалом Раҳимов дар ин филм образҳои боврибахши қаҳрамонони худро худро офаридаанд.
Режиссураи филм, манзараҳо, воқеаҳо, лаҳзаҳоро хеле ҳаққонӣ тасвир намудааст.
Ба ин филм бастакори номии ҷумҳурӣ Шарофиддин Сайфиддинов мусиқӣ эҷод намуда буд, ки он яке аз асарҳои беҳтарини мусиқии симфонии тоҷик ба шумор меравад.
Филми «Зумрад»-ро соли 1962 дар экранҳо намоиш дода буданд.
Дар кинофестивали якуми ҷамоҳири Осиёи Миёна ва Қазоқистон ба филми «Зумрад» ҳамчун филми беҳтарини бадеӣ диплом супорда шуд.
Ин филм дар бойгонии Шуъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва хунар мавҷуд аст ва хоҳишмандон метавонанд онро дар толори хониши Шуъба тамошо кунанд.
Адабиётҳои истифодашуда:
Ахроров А. Санъати кино. – Душанбе «Ирфон», 1974, 68. с.
Мирзошоев С. Роҳи кинои тоҷик. – Душанбе «Ирфон», 1973. 199 с
Таҳияи Нигина МАҲМУДОВА,
мутахассиси шуъбаи
адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунар.