Шоир дар бораи шоир
Китобе, ки дар борааш мехоҳем қисса кунем ва шумо, хонандагони азизро ба мутолиаи он даъват намоем, “Ҳадяи бобо” ном дорад ва муаллифи он Убайд Раҷаб – яке аз беҳтарин шоирони муосири мост, ки миёни бачаҳо аз маҳбубияти хос бархӯрдор аст. Ин китобро ду сол баъди марги шоир нашриёти “Адиб” чоп кардааст ва гуфта мешавад, ки охирин китобе буда, ки муаллиф омодаи чоп карда буд.
Суханро дароз намекунем, дар зер порае аз навиштаҳои ҳамқалами устод Убайд Раҷаб ва шоири шинохтаи бачаҳо Ҷӯра Ҳошимиро иқтибос меорем, ки дар сароғози “Ҳадяи бобо” омада.
Чанд сухан дар бораи Убайди Раҷаб ва китоби қиссаҳои ў
Хонандаи азиз!
Ту шоир Убайдди Раҷабро хуб медонӣ. Шеърҳои зебою шевои ўро бисёр хондаӣ, ба шавқ омадаӣ, аз ёд кардаӣ ва дўсташон медорӣ. Воқеан ҳам тамоми бачаҳои шеърдўсти Тоҷикистон ва ононе, ки дар мактабҳои тоҷикии мамлакатҳои ҳамсоя таҳсил мекунанд ва ё забони тоҷикиро медонанд, Убайди Раҷабро мешиносанд ва шеърҳояшро бо меҳру муҳаббат мехонанд. Асарҳои ў дар мамлакатҳои ҳамзабону ҳамасли мо Афғонистону Эрон ҳам дастрасу чашмрасу дилраси аҳли адаб ва кўдакону наврасони хушзавқ аст.
Убайд Раҷаб барои тую ҳамсолони ту шеърҳои равону дилкаш, чистону кистонҳои аҷибу шавқовар ва қиссаю достонҳои бисёре навиштааст. Навиштаҳои ў дар шакли китобҳои зиёде чоп шудаанд ва писанди дилу хотири хонадагони бешумораш гардидаанд. Асарҳояш бештар дар мавзўҳои муҳими зиндагӣ ва воқеаю ҳодисаҳои ибратбахшу пандомўз иншо шудаанд. Бинобар ин дар бисёр китобҳои дарсӣ ва баёзҳои ёрирасони таълимӣ низ роҳ ёфтаанд ва ҳамчун чизҳои хонданию донистанӣ омўхта мешаванд.
Шоири бузург кўдакону наврасонро бисёр дўст медошт. Самимона дўст медошт ва ба ояндаи некашон бо дидаи умед менигарист. Ў бо ҳамин умеду имон бештар аз панҷоҳ сол барои равнақу ривоҷи адабиёти кўдакон хидмат кард. Бештар аз панҷоҳ сол барои ту, барои бачаҳои тоҷик, барои бачаҳои тамоми олам шеър навишт, барои офариниши асарҳои шоиста ва парвариши фикри насли наврас заҳмат кашид. Мехост бачаҳои тоҷик ва ҳамаи бачаҳои рўи ҷаҳон озоду озода, серу пур, сиҳату саломат, зираку доно ва хушбахту саодатманд бошанд, дар фазои ҳаётбахши сулҳу амонӣ рўз бинанд. Ў табъу завқ, сиришту хислат ва рафтору гуфтори тую ҳамсолонатро нағз медонист. Барои бачаҳо бо шавқу рағбати тамом менавишт. Бо мақсади хубтару марғубтар ва зеботару хонотар шудани шеърҳояш ҳамвора ва бурдборона қалам мекашид, асарҳояшро гаштаю баргашта таҳрир мекарду такмил медод...
Адиби маҳбуб шавқманди он буд, ки бо бачаҳо зуд–зуд вохӯрад, бо онҳо сўҳбат орояд, аз хонишу дониш ва орзую омолашон ҳамвора огоҳ бошад. Аз ин рў бештар дар байни бачаҳо мегашт. Ба ҳар мулоқоте, ки даъваташ мекарданд, бо хотири шоду чеҳраи кушод ҳозир мешуд. Агар пуркор бошад, ҳама корашро як сў мегузошт ва агар бемор бошад, ҳама қудрату мадорашро меғундошт ва мехесту мерафт ба давраи бачаҳо! Касе ёд надорад, ки мактабе, кўдакистоне, хонаи бачагоне ё ягон ташкилоте, ки вобастаи бачагон аст, Убайди Раҷабро ба вохўрӣ хонда бошаду Убайди Раҷаб ин даъватро бо баҳонае ба ягон вақту соати дигар монда бошад.
Ба тарзи ҳайратовар ҳофизаю хотири қавию мустаҳкам дош ў. Аз давраи кўдаки то лаҳзаҳои вопасини умраш бо киҳо, кай, дар куҷо, ба кадом муносибат вохўрдааст ва атрофи кадом масъалаҳо сўҳбат кардааст, аниқу дақиқ дар хотир дошт. Бисёр намунаҳои назму наср ва санадҳои адибию таърихиро азёд медонист. Аз ин ҷост, ки анъанаҳои ёддоштнависии адабиёти моро ҳусни тоза бахшид ва дар бораи устод Садриддин Айнӣ, Абдусалом Деҳотӣ, Мирзо Турсунзода, Мирсаид Миршакар, Боқӣ Раҳимзода, Пўлод Толис ва дигар самоҳои тобноки адабиёту фарҳанги мо силсилаи рисолаю мақолаҳо навишт, ки дорои аҳамияти муҳими адабию таърихӣ мебошанд.
Тарзи асарофарини Убайди Раҷаб ҳам бисёр аҷоиб буд, ки ба ҳофизаю хотираи қавии ў сахт вобастагӣ дошт. Маълум аст, ки ҳар адибе ҳолати эҷодии худро дорост ва ин ҳолатҳои эҷодӣ гоҳе як дараҷа ғайриоддию ғайримуқаррарианд. Чунон ки як эҷодкор асари худро ҳамчун одамони заминӣ дар паси мизу рўи курсӣ, ё чунон ки устод Садриддин Айнӣ мекарданд, дар як гўшаи сандалӣ нишаста менависад. Баъзе росто ва баъзе ҳангоми роҳгардӣ эҷод мекунад.Барои кори эҷодӣ авали шаб, баъзе субҳи барвақтро афзал медонад. Баъзе рўзона, дару тирезаҳоро пўшида, хонаро торику чароғро рўшан мекунад, то ба шуғли эҷодӣ бипардозад. Яке бо қалам, яке бо мошинаки хатнависӣ, яке бо компютер ва яке бо дастгоҳи сабти овоз менависад. Аммо ҳолати эҷодии Убайд Раҷаб ба тарзи асарофаринии ягон эҷодкори дигар монанд набуд. Вай асарҳояшро асосан ҳангоми хуфтан, озодвор дароз кашида, эҷод мекард. Мазмуну мундариҷаи шеърҳояшро дар ҷогоҳи хоб меандешид, дар лавҳи хотираш менавишт ва чун асар дар андешааш шакли пурраю дилхоҳро пайдо мекард, аз ҷой бармехест ва рўи қоғаз меовард. Дигар андак таҳрир ва чопи асар боқӣ мемонду бас . Барои бо ин усул офаридани инқадар асарҳои мазмуну мансур ва хусусан қиссаҳои калонҳаҷм воқеан ҳам ҳофизаю хотираи мустаҳкаме мебоист ва бо лутфи тақдир ин имконият барои Убайди Раҷаб муҳайё буд.
Шоир барои хидматҳои шоистааш дар соҳаи адабиёту фарҳанги адабиёти мо, ба хусус дар рушду нумўи адабиёти кўдакон, бо Ҷоизаи Созмони ҷавонони ҷумҳурӣ, Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рўдакӣ, Ҷоизаи байналхалқии ба номи Андерсен, бо унвонҳои ифтихории Корманди шоиста ва Шоири халқии Тоҷикистон, ҳамчунин бо бисёр нишону ифтихорномаҳои соҳавию давлатии Чумҳурии Тоҷикистон ва давлатҳои дигар сазовор гардидааст.
Устод Убайди Раҷаб ният дошт, ки тамоми асарҳои бачагонаашро, ки дар давоми беш аз панҷоҳ сол офаридааст, як бори дигар ҳамчун муҳарири сахтгир бафурсат ва бисёр ҷиддӣ бихонад. Беҳтаринашро интихоб намояд, таҳрир кунад, зеботару хонотар гардонад ва дар зери як муқова ба табъ расонад. Воқеан ҳам ў бо ҳамин мақсад камари ҳиммат бибиаст ва бар сари кор нишаст. Баъзе шеъру чистон ва қиссаю достонҳояшро сар ба сар таҳрир кард, баъзеашонро аз номгўйи шеърҳояш хат зад, гуфт, ки инҳо намешаванд, то имрўз лозим буданд, акнун ҷавобгўйи талаботи имрўзаю оянда нестанд. Бо ҳамин минвол чанд муддат кор кард ва як дараҷа ба мақсадаш расид. Як қисми ин китоби қиссаҳоро ҳам аз дасти таҳрир баровард. Аммо афсўс, ки умраш вафо накард. Кораш нотамом монд. 11–августи соли 2004 дасту дил аз қоғазу қалам бардошт ва ҳосили умру эҷоди худро ба ихтиёри хонандагони арҷманд бигзошт.
Ин маҷмўа, ки ту, хонандаи азиз, дар даст дорӣ, гулчини қиссаҳои Убайди Раҷабро фароҳам овардааст ва охирин китоби шоири маҳбуб аст, ки бо дастони мубораки худаш дуруст кардааст.
Инак, тую ин китоб!
ҶЎРА ҲОШИМӢ
Чуноне ишора рафт, мо сарсухани Ҷӯра Ҳошимиро ихтисоран овардем, то шумо худ онро аз толори шўъбаи кўдакон ва наврасон дастрас ва мутолиа намоед.
Ин шеър аз ҳамин маҷмуъа:
МЎРЧА ВА БОША
Мўрча дона мебурд,
Дона ба хона мебурд.
Дона аз ў калон буд,
Мисли як реза нон буд.
Боша диду сано гуфт,
Ки :
– Дон намехурӣ муфт !
Бо ин хурдӣ кашонӣ
Бори аз худ калоне.
Сипас худро сито кард,
Бо ҳунар иддио кард.
Гуфто :
– Аз чархи барин
Нигаҳ кунам бар замин,
Чашми тезам бехато
Таъйин кунад донаро.
Дар замину дар замон,
Ҷонваре аз ҷонварон,
Дар боби тез дидан
Баробар н-ояд ба ман,
Гар наояд боварат,
Рост гир андак сарат.
Болои болам нишин,
Нишину бо чашмат бин.
Мўрча, ки ризо шуд,
Боша рӯ бар ҳаво шуд.
Боло рафту нидо кард :
–Бубин, дар домони хор
Дона чи гуна бисёр!
Мўрча ҳар он қадар
Дўхт ба поён назар,
На хореву на дон дид,
Саҳрое бекарон дид.
Малол омад бошаро,
Сўи замин аз ҳаво
Мисли тир аз камон рафт,
Рост ба сўи дон рафт.
Дон гирам гуфт, ҳайҳот
Дар ҳалқаи дом афтод…
Мўрча дон мебурд,
Дона ба хона мебурд.
Як гап зеби ду лаб буд,
Дар ду лаб яке гап буд:
–Дон дида, нодида дом,
Хому хому хому хом!
Таҳияи Фирўза Раҳимова,
мутахасиси шўъбаи кўдакон ва наврасон.