Гарсиа Лорка: шоир, нависанда, драмнависи маъруфи олам
Гарсиа Лорка Федерико аз маъруфтарин чеҳраҳои олами адаби ҷаҳонист, ки даҳҳо асари мондагор ба ёдгор гузоштааст. Адиби тавоно солҳои 1898 – 1936 зистааст. Аввалин китобашро соли 1918 чоп кардаву баъдан то охири умр даҳҳо китобу пйесаву, роману доштонаш пайи ҳам чоп шудаанд. Аз ин нобиға китобҳои зиёде дар Китобхонаи миллӣ маҳфузанд, ки қобили мутолиа мебошанд.
Гарсиа Лорка 5 июн соли 1898, таввалуд шудааст. Шоир ва драманависи испонӣ. Дар факултаҳои ҳуқуқ ва адабиёти донишгоҳи Гранада таҳсил кард. Нахустин китобаш (ба наср) бо номи «Боварҳо ва чашмандозҳо соли 1918 ба чоп расид.
Даҳ соли умрашро (1920-30) дар Донишгоҳи Мадрид гузаронд. «Китоби ашъор» ва «Достони канта хондо» (ҳар ду соли 1921) аз маҷмўаҳои нахустини ўянд.
Соли 1922 ҳамроҳ бо оҳангсоз М. де Фалйе дар шаҳри Гранада нахустин ҷашнвораи Канта хондо (як навъ сурудхонии халқӣ дар Анталус)-ро созмон дод. «Таронаҳои лўлӣ» (1927) беҳтарин маҷмўаи ашъори Гарсиа Лорка аст. Ғаму андуҳ, танҳоӣ, шиква аз нобаробариҳои рўзгор аз дарунмояи аслии ин ашъор аст.
Дар маҷмўаи суханрониҳояш – «Симои шоиронаи дон Луис де Гонгор» (1927, ба муносибати 300-солагии марги ў) Гарсиа Лорка пояҳои назми де Гонгорро мардумӣ мешуморад. Соли 1929 Гарсиа Лорка аз пайи омўзиши забони англисӣ ба донишгоҳи Колумбиёи Ню-Йорк омад ва ҳосили ин сафар маҷмўаи ашъорест бо номи «Шоир дар Ню-Йорк», ки соли 1940 (пас аз маргаш) мунташир гардид. Ошноӣ бо мусиқии Ҳарлем, мароқ ба ашъори Р. Дарио, дўстӣ бо П. Неруда биниши шоиронаи Гарсиа Лоркаро фарохтар сохт. Шеърҳои «Девони Томорита» ва «Марсия барои Игнасио Санчес Мехенас» (говбоз, дўсти шоир; ин ҳар ду нашри соли 1934) дар навъи шеърии қадимии арабию испаниягӣ навишта шудаанд.
Дар эҷодиёти Гарсиа Лорка драматургия ҷойи намоён дорад (ў намоишномаҳо менавишт, ҳунарпешаву коргардон буд, намунаҳои ороиши саҳна месохт). Нахустин намоишномааш «Даврони наҳси парвонаҳо» (1920) номуваффақона буд, аммо, дувумӣ – «Мариана Пинеда» (1927) ба Гарсиа Лорка комёбӣ овард. Соли 1931 Гарсиа Лорка театри сайёри «Ла Баракка»-ро таъсис намуд. Дар намоишномаҳои «Муҳаббати Дон Перлимплин» (1929), «Пас аз панҷ сол» (1931), «Донна Росито ё худ Гуфтори гулҳо» (1935) қаҳрамонони Гарсиа Лорка дар қабзаи бозиҳои айём саргардонанд ва сарнавишти онҳо дар бархўрд бо зиндагию орзуҳо ва мавҳумҳову мавҷудҳо чарх мезанад.
Дар чаҳор соли поёнии умраш беҳтарин ва хонотарин намоишномаҳои худ «Арўсии хунин» (1933), «Йирмо» (1935), «Хонадони Бернардо Алба» (1936)-ро навишт, ки онҳо ба сари худ асари сегонаи драмавии андалусӣ мебошанд. Сужети ин намошномаҳо гирову ҷолиб ва фоҷиавист. Қаҳрамононашон занҳои нокому дар зиндагӣ дучори ранҷу азоб мебошанд. Масалан, «Хонаи Бернардо Алба», ки шоҳкори адабии Гарсиа Лорка шумурда мешавад, достони панҷ духтарест, ки асири модари золиманд ва ин модар қонунҳои ахлоқии шадиде барои онҳо ҷорӣ кардааст. Ин намоишнома ба тоҷикӣ тарҷума ва дар Театри давлатии академии драмаи ба номи А. Лоҳутӣ (1977) ба намоиш гузошта шуд.
Ду танз (памфлет)-и оммаписанд – «Зани зиштхўйи пинадўз» (1930) ва «Ишқи Парлимплин ва Балисо дар боғ» (1933) аз навиштаҳои Гарсиа Лорка мебошанд.
Гарсиа Лорка сиёсатмадор набуд аммо мудом ва махсусан дар навиштаҳои охири умраш («Намоишномаи беном») аз мардуми бебизоат пуштибонӣ мекард ва равшанфикронро низ мехонд, ки барои некуаҳволии онҳо фидокорӣ кунанд. Дар оғози ҷанги дохилии кишвараш (1936-1939) ў дар наздикии шаҳри Гранада, аз тарафи ҷонибдорони генерал Франко кушта шуд. Бисёре аз осори нотамоми Гарсиа Лорка пас аз чандин соли маргаш ба чоп расиданд.
Бозчоп аз Энсиклопедияи миллии тоҷик. – Душанбе, 2015. – Ҷ.4. – С. 231-232.
Муаллиф: А.Абдуҷабборов.
Дар Китобхонаи миллӣ аз Гарсиа Лорка ва дар бораи ӯ ин матолибро метавонед мутолиа намоед:
Энсиклопедияи советии тоҷик. – Душанбе, 1980. – Ҷ.2.
Лулиёни шаҳрошўб. – Душанбе: Ирфон, 1986.
Избранное. – М: Просвщение, 1987. – 250 с.
Силюнас, В.Ю. Гарсиа Лорка: Драма поэта. – М, 1989 .
Гарсиа Лорка в воспоминаниях современников. – М, 1997.
Зингерман, Б. Театр и эстетика Гарсиа Лорка // Зингерман Б. Очерки истории драма 20 века. – 2003.
Новая российская энсиклопедия. Т. IV (1). – М, 2008.
Муҳаббати ман: Роман / Тарҷ. Ш. Мастон // Маориф ва маданият. – 1978. – 6 июн.
Суруди андўҳи гарон; Дигар; Мадҳия; Писараки гунг; Мадҳия ба шаҳри Сантяго: Шеърҳо / Тарҷ. С. Маъмур // Адабиёт ва санъат. – 1986. – 15 май.
Ман, ки рафтам аз ҷаҳон; Манзара; Аз сари боли осмони кабуд; Дарахти суруд; Баъд аз он; Гитор; Баҳория; Балладаи зард: Сурудҳо / Тарҷ. Ш. Мастон // Садои Шарқ. – 1973. – №3. – С.79-82.
Балладаи оби баҳр; Суруди моҳ / Тарҷ. М. Шералӣ // Адабиёт ва санъат. – 1986. – 15 май.
Дар борааш
Ҳасанова, Л. «Хонаи Бернарда Албе»: Мулоҳизаҳо дар атрофии песаи драматург Ф.Г.Лорка, ки театри ба номи Лоҳутии пойтахт саҳна гузоштааст // Тоҷикистони советӣ. – 1976. – 20 июн.
Таҳияи Меҳрангез Ғуломова,
корманди шуъбаи библиографияи милл