Турсунпўлод Аминӣ Истаравшанӣ кист?

 Амини Истаравшанӣ тахаллус, ном ва насаб Аминҷонов Турсунпўлод Турдимуродович аст, ки агар умр вафо мекард, имсол ба 70 қадам мегузошт. Мавсуф 25-уми майи соли 1949 дар шаҳри Ӯротеппа (ҳоло Истаравшан) дида ба олам кушодааст. Солиёни дароз дар Кумитаи давлатии телевизион ва радио кор мекард, аз ҷумлаи журналистони соҳибқалам буд. Ва шеър ҳам менавишт.

 Корманди шоистаи Тоҷикистон (1994). Хатмкардаи УДТ (1971). Дар идораҳои сиёсӣ – байналхалқӣ, иқтисодӣ, инчунин идораи барномаҳо барои ҷавонон ва бачагони радио ва телевизиони тоҷик (1971 – 2006) дар вазифаҳои гуногун кор кардааст.

 Аз соли 2006 муовини сардори Раёсати ҳамоҳангсозии барномаҳо ва муносибатҳои байналмилалии Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.

 Маҷмўаҳои ашъори Амини Истаравшанӣ «Назми Парвин» (1999), «Бахти хусравонӣ» (2000), «Нигини сиришк», «Муноҷоти ошиқ» (ҳарду 2006), «Сарводаи каромат» (2009) ба табъ расидаанд.

 Муаллифи силсилафилми «Роҳи муққадас» (дар бораи ҷараёни Ҳаҷ) мебошад. Озодӣ, сулҳ ва ватандўстӣ ғояи асосии осори Аминӣ Истаравшаниро ташкил медиҳанд.

Дар анвои адабии ғазал, қитъа, рўбоӣ, дубайтӣ, шеър эҷод мекард. Бо Грамотаи Фахрии Президиуми Советии Олии РСС Тоҷикистон (1989) сарфароз гардидааст. Аз соли 2006 узви ИН Тоҷикистон буд.

 Бо ташаббус ва ибтикори Турсунпӯлод Аминҷонов маросими «Ҳаҷ-1994» мустақиман дар шабакаи телевизионии кишвар пахш гардида буд. Дар доираҳои журналистӣ ва адабии Тоҷикистон ӯро чун рӯзноманигори босалиқа ва муҳаққиқи соҳа хуб мешиносанд.

Моҳи декабри соли 2011 аз олам даргузашт.

Бозчоп аз “Энсиклопедияи милли тоҷик”. – Душанбе, 2011. – Ҷ.4. –  С. 378.

Аз Турсунпӯлод Амини Истравшанӣ дар Китобхонаи миллӣ ин абёт қобили мутолиа аст:

Назми Парвин. – Душанбе, 1999. – 100 с.

Бахти хусравони. – Душанбе: Сурушан, 2000. – 104 с.

Нигини сиришк: Шеърҳо / Муҳаррир М.Ноқид. – Душанбе: Адиб, 2006. – 96 с.

Анвари сипеҳр. – Душанбе: Адиб, 2014. – 152 с.

Пойтахтам: Шеър // Пайёми Душанбе. – 1998. – 6 ноябр.

Дарди ишқ: Шеър // Ҷавонони Тоҷикистон. – 2000. – 9 ноябр.

Наход нашинохтед?: Ҳикояи ҳаҷвӣ // Адабиёт ва санъат. – 1994. – 6 январ.

Дар сўги устод Лоиқ: Шеър бахшида ба Лоиқ // Ҷавонони Тоҷикистон. – 2000. – 7 июл.

Таҳияи Фируза Восиева,

корманди шуъбаи библиографияи миллӣ