Тонк месозем, то посбони Ватан бошем
Нашр шуд 2019-05-03 12:01
Имрўз дар маҳфили «Дастони моҳир» шўъбаи кўдакон ва наврасон бахшида ба рўзи «Ғалаба» мавзӯъ сохтани мошинҳои зиреҳпӯши ҷангӣ, аз ҷумла тонк матраҳ шуд. Бачаҳо тонк сохтанд ва гуфтанд, ки бо ин тонкҳо мехоҳанд Ватани маҳбубро аз ҳар душман ҳимоя кунанд.
Нўҳуми май рўзи «Ғалаба» бар Олмони фашистӣ мебошад. Мардуми собиқ шуравӣ 1418 рўзи дароз ва душвор интизорӣ кашида, боварӣ доштанд, ки он рўзи фирўз фаро мерасад. Билохира, пирӯзӣ фаро расид, аммо он ба ивази ҷони бештар аз 20 миллион нафар ба даст омад, ки дар миёни онҳо даҳҳо ҳазор сокинони Тоҷикистон низ буданд. Пирӯзӣ дар ҷанг бар асари қаҳрамониҳо ва азхудгузаштанҳо ба даст омад, дар натиҷаи меҳнату заҳмати фидокоронаи мардону занон дар ақибгоҳ ба даст омад.
Ва тонк беҳтарин мошини ҷангие буд, ки пирӯзӣ дар муҳорибаҳои сангинро осон кард. Оё шумо аз таърихи пайдоиши аввалин тонк хабар доред? Агар на, пас ин ҷо бихонед.
Аввал бигӯем, ки тонк чӣ мошинест. Тонк аробаи ҷангии шинидор ва зиреҳпӯш аст, ки дар амалиётҳои ҷангӣ барои ҳамла ба душман ва ё дифоъ аз мавзеъҳо истифода мешавад. Он дорои як тӯпи аслӣ бо калибри бузург аст. Ҳамчунин дорои чандин силоҳи дигар ҳам мебошад, аз ҷумла дорои автомат ва пулемёт.
Тонк нахустин бор замони Ҷанги якуми ҷаҳонӣ дар Британияи Кабир ва Фаронса бо илҳом аз ҳаракати тракторҳои нави кишоварзӣ тарроҳӣ шуда ва дар пирӯзии ҷангии соли 1919 ба муттаҳидон кумак кардааст. Вақте бори аввал тонкро ихтироъ мекарданд, аз муҳандисону коргарони он ҳадафи ҷангии онро пинҳон доштанд, то овоза ба душман нарасад.
Аввалин тонкҳо моҳи сентябри соли 1916 дар Фаронса ба кор гирифта шуд. Онҳо баъдан тадриҷан вориди саҳнаи набард шуданд. Дар оғоз ягон стратегияи истифодаи тонкҳо дар ҷанг вуҷуд надошт, аз ин рӯ онҳо амалкарди муносибе надоштанд. Аммо тадриҷан ин камбуд рафъ шуд ва тонкҳо ҳам чун неруҳои ҷангии дигар ба низоми муайян вориди хати ҷабҳа карда мешуданд.
Дар фосилаи ду ҷанги ҷаҳонӣ тонкҳо ва ҳам тактикаҳои корбурди онҳо пешрафти қобили таваҷҷуҳ кард ва дар аввалин марҳилаи Ҷанги ҷаҳонии дуввум сипоҳҳои тонкии Олмон дар муддати камтар аз як моҳи Лаҳистон ба тасарруфи худ дароварданд.
Дар бораи воҳидҳои тонкии давлати Шӯравӣ сухан хеле зиёд аст. Корномаи тонкҳо ва бригадаҳои тонкӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ басо сутуданист. Аммо ин мавзӯъ худ гуфтаниҳои зиёд дорад, ки дар мақеъи муайян дар ин бора ҳарф хоҳем зад.
Мавзӯъи сохтани тонк дар маҳфили навбатии “Дастони моҳир” дар остонаи рӯзи пирӯзӣ бар фашизм матраҳ шуд. Суҳбат бо ширкаткунандагони маҳфил нишон дод, ки аксари онҳо тонкҳоро дар филмҳо зиёд дидаву корномаи онҳоро медонанд. Як намунаи тонк дар шаҳри Душанбе гузошта шудааст ва он тонкест, ки дар гузашта дар чандин амалиётҳои ҷангӣ ширкат кардаву пирӯз берун шудааст.
Сипас, хонандагон аз маводҳои конселиарӣ ва табиӣ ин намуди мошини зиреҳпӯши ҳарбиро омода намуданд. Ҳамчунин дар маҳфил дар мавзӯъи сулҳ шеърҳо низ қироат карданд, ки намунаи он ин аст:
То нагиряд дигар,
Пуралам модарам.
То наояд ба ғаш,
Баҳри нон додарам.
Сулҳро дўстон,
Мешавам посбон!
То набўсад падар,
Бори охир маро.
То нагирад ҷаҳон,
Дуди оташ фаро,
Сулҳро, дўстон
Мешавам посбон!
Фирӯза Раҳимова,
мутахассиси шуъба кўдакон ва наврасон