Имрӯз ҳунарманди варзида ва яке аз чеҳраҳои шинохтаи театр ва синемои кишвар, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, дорандаи ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Гурминҷ Завқибеков ба синни мубораки 90 қадам мегузошт. Дардо аламо, ки ҳамин гуна як ҳунарманди нотакрор ва борикназар умри тӯлонӣ надид ва имрӯз дар байни мо нест. Шоиста аст ҳоло бо чанд ҷумла аз ӯ ёд кунем.
Деҳаи зебоманзари Шучанди ноҳияи Рўшон, ки Гурминҷ соли 1929 дар он ҷо ба дунё омадааст, аз қадимулайём бо ҳофизону мутрибон ва рақоссону афсонагўён дар вилоят шўҳрат дорад. Гурминҷ аз синни 8–солагӣ ба санъати мусиқӣ дил баста, гоҳ рубоб менавохту, гоҳ танбўру, гоҳ сетору ғижжак. То 15-солагӣ дар маҳфилҳои ҳаваскорони санъати деҳот ширкат варзида, истеъдоди баланди худододи ў маълум гардид.
Соли 1945 дар асоси дастаи ҳунарии бачагонаи Бадахшон дар шаҳри Хоруғ, дар назди театри мусиқӣ-драмавии вилоят студияи актёрӣ таъсис ёфт. Гурминҷ низ аъзои ин студия гардид. Донишҷўёни ин студия дар намоишҳои театр фаъолона ҳунарнамоӣ мекарданд. Моҳи сентябри соли 1950 Меҳрубон Назаров ҳамаи хатмкунандагони студияро барои давом додани таҳсил ба Донишгоҳи театрӣ-рассомии ба номи Островский шаҳри Тошканд фиристод. Пас аз хатми донишгоҳ аксарияти хатмкунандагон ба театри Хоруғ баргаштанд. Гурминҷ Завқибеков дар театри ба номи А.Лоҳутӣ монд.
Аз соли 1954 Гурминҷ Завқибеков дар ин театр хизмат намуда, дар давоми зиёда аз 37 сол ў аз нақшҳои эпизодӣ то нақшҳои асосӣ дар асарҳои машҳури ҷаҳонӣ ҳамчун таҷассумгари образҳои қаҳрамони мусбат, характерҳои ибратбахш, симои одамони матину қавиирода, далеру поквиҷдон буд. Ва Гурминҷ Завқибеков аз ҳунарманди қаторӣ то ба Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, Лауреати Мукофоти давлатии ба номи А.Рўдакӣ, узви Иттиҳоди киноматографистони Иттиҳоди Шўравӣ сабзида расид.
Дар давоми хизмати бисёрсолааш образҳои зиёде офарида, ҳунарманди дўстдоштаи тамошобинон гардид. Нақшҳои Граф-де Граншан аз намоишномаи «Модарандар»-и О.Балзак, Рустам аз «Рустам ва Сўҳроб»-и Ғ.Абдулло, Маҷ аз «Рўдакӣ»-и С.Улуғзода, Герсог аз «Ду веронагӣ», Граф аз «Шоҳ Лир» ва Тибалт– аз «Ромео ва Ҷулетта»-и Шекспир, Ғафур аз «Бой ва хизматгор»-и Ҳ.Ниёзӣ, Фрунзе аз «Ҳуррият»-ти Ғ.Абдулло, Чжоу – Пин аз «Раъду барқ»-и Тсао Юй, Усмон аз «Духтари кўҳсор»-и Р.Ғамзатов, Рибаков аз «Соати бурҷи Кремл»-и Н.Погодин, Рустам аз «Бежан ва Манижа»-и Хушгинобӣ, Шакарлинский аз «Бунафша»-и М.Иброҳимов ва ғайра фаромўшнашавандаанд.
Гурминҷ Завқибеков дар синамо низ образҳои мукаммале офаридааст. Дар филмҳои «Дўсти ман Наврўзов», «Чароғ дар кўҳсор», «Одам пўсташро иваз мекунад», «Фидокорон», «Амалиёти Кобра», «Байрақи оҳангар», «Ҳасани аробакаш», “Коваи оҳангар, «Ситораи шаб» нақшофарӣ кардааст.
Хушбахтию иқболи баланди Гурминҷ боз дар он аст, ки ў дар солҳои болоравии камолоти эҷодии театр ба сафи он дохил гардид. Дар он солҳо баландшавии дараҷаи ғоявии намоишҳо, афзудани шумораи асарҳои миллии саҳнавӣ ва беҳтаршавии сифати бадеии намоишномаҳо маълум гардид. Театри академӣ-драмавии тоҷик ба яке аз намоёнтарин театрҳои Иттиҳоди Шўравӣ табдил ёфт.
Гурминҷ Завқибеков 20 октябри соли 2003 аз дунё чашм пўшид. Образҳои абадзиндаи дар саҳнаи театри тоҷик ва синамо офаридааш ва Осорхонаи созҳои мусиқиаш ҳамчун хотираи неки ин инсони шариф, фарзанди содиқи халқу Ватан дар дилу дидаи мухлисони санъат, ки ўро мешинохтанд боқӣ хоҳад монд.
Хоҳишмандон метавонанд дар толори маводҳои мусаббати шуъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунар филмҳоро бо иштироки ин ҳунарманди мумтоз тамошо намоянд.
Гурминҷ Завқибеков 21-уми октябри соли 2003 дар синни 74-солагӣ аз олам рафт.
Адабиётҳои истифодашуда:
1. Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик: Сарредакцияи илмии энсиклопедияи советии тоҷик, Душанбе, 1988. саҳ.447.
2. Энциклопедия кино Таджикистана. – Душанбе: «ЭР-граф», 2012. – стр. 97.
3.Абдураҳмонов, А. Паҳлавони се майдон, Душанбе, «Ирфон»,2005. – 124 саҳ.
4.Азизова, С. Дар масири ёдҳо (китоби 1). Душанбе, Адиб, 2015, саҳ.50.
Нигина Маҳмудова
Мутахассиси шуъбаи адабиёт доир
ба фарҳанг ва ҳунар.