Ту ғарра машав ба зӯри сарпанҷаи даст...
Соли 2014 Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик дар силсилаи донишномаи осори классикии форс-тоҷик боз як китоби камназир «Бадоеъу-л-вақоеъ»-и Зайнуддин Маҳмуди Восифиро пешкаши хонандагон намуд. Асари мазкур шоҳкори насри бадеъ дар адабиёти форс-тоҷик аст. Онро оинаи ҳаёти иҷтимоӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, адабии охири қарни понздаҳум ва нимаи аввали қарни шонздаҳуми Хуросону Мовароуннаҳр метавон гуфт. «Бадоеъу-л-вақоеъ» аз ҳикоёту қиссаҳо, ёддоштҳо, хотираҳо, нақли рўйдодҳои таърихӣ, латифаҳои эҷодиёти шифоҳии мардум, намунаи гўишҳои Ҳирот ва Самарқанду Бухоро ва ғайра таркиб ёфтааст.
Зайнуддин Маҳмуд ибни Абдуҷалил, мутахаллис ба Восифӣ соли 1485 дар шаҳри Ҳирот ба дунё омадааст. Волидайн ва хешу ақрабои ў, ки мутааллиқ ба табақаи миёнаҳол буданд, қариб ҳама таҳсилкарда ва аз ҷумлаи ашхоси бомарифати замон маҳсуб мешуданд. Бад-ин восита буд, ки баъзеашон дар хидмати давлат қарор доштанд. Дар шаҳри Ҳирот мадориси муътабаре мавҷуд буданд, ки дар онҳо донишмандони бузурги огоҳ аз улуми ақлию нақлӣ дарс медоданд. Восифӣ дар мадрасаҳои Ҳирот дарс хонда, аз илмҳои гуногун – сарфу наҳви арабӣ ва форсӣ, таърих, мантиқ, маонию баён, арўзу қофия, риёзиёт, улуми динӣ – фиқҳ, тафсир, ҳадис ва ғайра дониши комил андўхта буд.Дар замони Восифӣ яке аз машғулиятҳои дўстдошта дар миёни аҳли адаби дарбор ва дар доираҳои адабии пешварон муаммогўйӣ ва шикофтани он буд. Восифӣ дар синни наврасӣ ин ҳунарро ба хубӣ соҳиб гардид ва ба ҳидояти хеши волидааш Соҳиб Доро, ки бо Алишери Навоӣ ҳамнишин буд, дар шикофтани муаммо аз имтиҳони Алишери Навоӣ гузашт. То айёми бистсолагӣ Восифӣ чун донишманди огоҳ аз кулли улуми расмии давр, ҳофизи Қуръон, донандаву муфассири он, воизи хушсалиқа номбардору машҳур гардид. Дар ваъз аз шогирдони Ҳусайн Воизи Кошифӣ буд. Устодаш дар муаррифии ў мегуфт, ки фарқ миёни ману Восифӣ дар он аст, ки ман овози хуб надорам, вале овози Восифӣ хуб аст.
Восифӣ ба сабаби нооромиҳо дар ҳаёти иҷтимоӣ ва сиёсии давр ба маҳрумият, саргардонӣ ва сафарҳо аз як шаҳр ба шаҳри дигар, ба ҳасади ҳамкасбони худ дар дарборҳо дучор омада, аз ҳад зиёд ранҷу азоб дидааст. Соли 1510 ба Ҳирот лашкари шоҳ Исмоили Сафавӣ ворид гардид ва дар ин ҷо таассуби шадиди мазҳабӣ байни шиаҳову сунниҳо ба миён омад. Дар ин гирудорҳо Восифӣ ба таъқибу тааддӣ дучор омад ва маҷбур шуд соли 1512 ба Мовароуннаҳр фирор бикунад. Баъди ин фирор ўро имкони дубора ба ватан баргаштан нашуд ва то охири умр дар ғурбат ба сар бурд. Тақрибан як сол дар Самарқанд зиндагӣ кард, дар маҳфилҳову маҷлисҳои адабӣ ширкат медошт, ҳатто боре барои санҷиши ҳунару лаёқати ў дар номанигорӣ ва иншо аҳли маҷлис ўро имтиҳон ҳам карда буданд. Ў бадоҳатан, бе омодагӣ беш аз 16 номаву арзадошт навишт ва аҳли маҷлисро дар ҳайрат гузошт, ки минбаъд овозаи он дар Самарқанд шуюъ (яъне, паҳн гардид) ёфт. Баъдан аз Самарқанд ба Бухоро рафт ва аз Бухоро ба Саброн, ба назди Мири Араб. Дар ин ҷо муддате зиста, сипас ба Фарғона, Намангону Ахсикат, Шаҳрисабз ва Тошканд рахти сафар баст. Аз Тошканд ба Самарқанд баргашт. Мехост дар ин ҷо оромона зиндагӣ ба сар бароад, вале даъвати қатъии ҳокими Шоҳрухия Келдимуҳаммад сабаб шуд, ки маҷбуран ба хидмати дарбори ў биравад. Шуҳрати Восифӣ чун шахсияти фарҳангӣ хеле боло рафта буд ва Келдимуҳаммад мехост аз суҳбати ў баҳравар гардад. Зиндагии баъдинаи Восифӣ дар даргоҳи Келдимуҳаммад аввал дар Шоҳрухия, сипас дар – баъди ба ҷойи падар ба тахт нишастани Келдимуҳаммад – ҷараён гирифтааст. Аз сафаҳоти «Бадоеъу-л-вақоеъ» бармеояд, ки Восифӣ то соли 1551 дар қайди ҳаёт будааст. Ба андешаи муҳаққиқи ҳаёт ва эҷодиёти Восифӣ – А. Н. Болдирев вай байни солҳои 1551 – 1566 фавтидааст.
Мероси расидаи ў ҳамин «Бадоеъу-л-вақоеъ» аст, ки дар он осори мансуру манзумаш фароҳам омадаанд. Асари мазкур шоҳкори насри бадеъ дар адабиёти форс-тоҷик аст. Онро оинаи ҳаёти иҷтимоӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, адабии охири қарни понздаҳум ва нимаи аввали қарни шонздаҳуми Хуросону Мовароуннаҳр метавон гуфт. «Бадоеъу-л-вақоеъ» аз ҳикоёту қиссаҳо, ёддоштҳо, хотираҳо, нақли рўйдодҳои таърихӣ, латифаҳои эҷодиёти шифоҳии мардум, намунаи гўишҳои Ҳирот ва Самарқанду Бухоро ва ғ. таркиб ёфтааст. Қаҳрамонони ҳикоёту достонҳо шоҳону вазирон, ходимони давлат, сипоҳиён, аҳли фазлу дониш, арбобони дину шариат, қозиҳо, шайхулисломҳо, шоирону орифон, аҳли ҳунар – мусиқидонону навозандагон, ҳофизону машшоқон, раққосон ва намояндагони доираҳои адабии пешаварони кишварҳои номбурда мебошанд.
Хонандагони азиз! Шумо китоби «Бадоеъу-л-вақоеъ»- ро метавонед аз толори хониши Шуъбаи кўдакон ва наврасони «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» дастрас намуда, мутолеа намоед. Ин толори хониш дар ошёнаи аввали бинои Китобхонаи миллӣ воқеъ мебошад.
Таҳияи Шаҳноза Дониёрова,
сармутахассиси шуъбаи кӯдакон ва наврасон