90 соли синамои тоҷик: Муруре ба таърихи офариниши филми «Қисмати шоир»
14 марти соли 1959, яъне 60 сол пеш «Тоҷикфилм» филми ҳунарии «Ғисмати шоир»-ро ба навор гирифт, ки он асари барҷастаи бадеии кинематографияи миллии тоҷик гардид. «Қисмати шоир» ба истиқболи ҷашни 1100 солагии рӯзи таваллуди асосгузори адабиёти классики тоҷик Абӯабдулло Рӯдакӣ наворбардорӣ шуд. Сенарияи филм ба қалами нависандаи бузурги тоҷик, кинодраматург Сотим Улуғзода тааллуқ дорад. Муаллиф кори бағоят мураккаби худро чунин тафсил дода буд: «Ман мехостам, ки филм барҷаставу ғайримуқаррарӣ барояд, мехостам, ки ғояҳои инсонпарварӣ, ватандӯстӣ ва халқият маънии ботинии тамоми амалиётро тартиб диҳад. Дар бораи ҳаёти Рӯдакӣ мо кам медонем. Он маълумоти ночизе, ки дар бораи ӯ дорем, дар ду-се ҷумла меғунҷад. Лекин мо ашъори латифи ӯро медонем. Ва ман ният доштам, ки ин филм латофати афсонаи шарқии, ҷилои достони бостониро дошта бошад, ки аз фоҷиаи ишқ сар мезанад».
Коргардони филм кори бузурги таҳқиқӣ ва адабиро анҷом дод, аз китобхонаҳою осорхонаҳои мамлакат оид ба ҳаёти «соҳибқирони шоирон» зарра-зарра маълумот гирд овард. Ин вазифа мушкилоти зиёде дошт, зеро ки мувофиқи тасаввуроти эҷодии худ образи Рӯдакии бузургро офарида, ӯ мебоист инчунин муҳити таърихии он давраро аниқу фасеҳ инъикос менамуд.
Гурӯҳи эҷодӣ – коргардон Б. Кимёгаров, наворбардор Н. Олоновский, рассомон А. Шпинел, Д. Илёбоев, К. Ефимов, бастакор А. Бобоев пеш аз филмгирӣ хуб омодагӣ дида, беҳтарин ҳунармандонро интихоб намуданд. Киностудияи «Мосфилм» ва Театри Калони СССР ёрии калон расонида, мувофиқи мусаввадаи рассомон барои ҳунармандон ва иштирокчиёни саҳнаҳои умумӣ зиёда аз 600 либос 400 ҷуфт пойафзол ва асбобу анҷоми лозима тайёр намудаанд.
Ба наворгирии ин асари ҳаҷман калон тирамоҳи соли 1959 анҷом ёфта, филм моҳи октябр ба экрани умумииттифоқ баромад.
«Қисмати шоир» достони ҳаяҷонбахше буд аз мусибату сурур, ғалабаю шикастҳо, саршор аз эътиқоди комил ва қувваи халқ. Вазири Насри 2 Абулфазли Балъамӣ Рӯдакиро (Ҳунарманди Хизматнишондодаи Тоҷикистон, шодравон Марат Орифов) ба дарбор мехонад. Шоир аз арӯсшавандааш Робиа (ҳунарманд Н. Шомансурова), амакаш (Ҳунарманди Халқии Тоҷикистон А. Қосимов) ҳамдиёронаш ҷудо шуда, ба Бухоро раҳсипор мегардад. Ин сафари Бухоро чӣ андоза ғамангез аст: дар ҳамаҷо қашшоқии мардуми беҳуқуқро мебинад ва дар асл ин шиносии аввалаини наздики ӯст бо нобаробарии иҷтимоӣ ва ҳаёти беадолатонаи мамлакат.
Маддоҳону ҳарисони дарборӣ бо сардории сарлашкар Саҳл ибни Мансур (Ҳунарманди Иттиҳоди Шӯравӣ М. Қосимов), аз омадани Рӯдакӣ ба изтироб афтодаанд, онҳо ба он шаъну эътиборе, ки Рӯдакӣ дар пеши чашми вазир Балъамӣ (Ҳунарманди Халқии Тоҷикистон Ҳ. Раҳматуллоев) пайдо кардааст, ҳасад мебаранд ва ӯро ба гирдоби макру фитна гирифтор карданӣ мешаванд. Лекин дере нагузашта ҳамаашон маҷбур мешаванд, ки дар пеши ӯ сар хам намоянд. Зеро ки шоҳ Насри 2 ҳам нисбат ба Рӯдакӣ таваҷҷӯҳ зоҳир карда, Маликушшшарои дарбор эълон мекунад. Дар пойтахти мамлакат Рӯдакӣ тасодуфан бо каниз – шоира Нигина (Ҳунарманди Халқии Тоҷикистон Д. Қосимова), ки ҳамчун мол ба улёҳазрат Бону (Ҳунарманди Халқии Тоҷикистон С. Тӯйбоева) таалуқ дошт, вомехӯрад ва дар дили ин ду ҷавон оташи ишқ шӯъла мезанад. Лекин душмани Рӯдакӣ – Саҳл ибни Мансур аз ишқи шоир хабар ёфта, Нигинаро аз соҳибааш харида мегирад, то ки ӯро зани ғайриникоҳии худ кунад ва оқибат пинҳонӣ ӯро мекушад.
Рӯдакӣ ба диёраш бармегардад. Дар Панҷрӯди дурдаст ҳам душманон шоирро ба ҳолаш намегузоранд. Амири нав Нӯҳ, писари Наср ба ғайбати рақибон бовар карда, фармон медиҳад, ки Рӯдакиро кӯр кунанд. Лекин шоир гирифтори пардаи торикӣ шуда бошад ҳам, касони бемуруввату ноодилро бо шеърҳои худ мазаммат мекунад. Бо фармони Саҳл ибни Мансур ба хонаи ӯ сипоҳиён зада даромада, ба сараш теғи марг мекашанд. Ҳамин вақт фармони амир дар бораи осуда гузоштани Рӯдакӣ омада мерасад.
Филм бо саҳнаи видои шоири бузург бо дӯстони худ, бо ашъораш хотима меёбад. Ӯ асарҳояш, дурдонаҳои назмро, ки як умр эҷод кардааст, ба онҳо ҳам чун мерос месупорад.
Бе шакку шубҳа муваффақияти калонтарини филм – офариниши образи мураккаби Рӯдакӣ буд. Ин образ ба шарофати сенарияи олиҷаноби устод С. Улуғзода, режиссураи устодонаи Б. Кимёгаров ва нақшофарии моҳиронаи шодравон М. Орифов дар пеши назари тамошобинон бо тамоми мураккабию зиддияти ҳаёти шоири закӣ, ки дар давраи пурҷаҳолати феодалӣ зиндагӣ кардан насибаш гашта буд, муҷассам мегардад. Рӯдакӣ дар иҷрои М. Орифов аз он ҷиҳат ҷолиби диққат ва ҷозибанок аст, ки ӯ пеш аз ҳама инсони комил аст, баъд шоири дарбор.
Филми «Қисмати шоир» соли 1960 дар Қоҳира ба иштирокчиёни Кинофестивали дуюми Байналхалқии мамлакатҳои Осиё ва Африқо намоиш дода шуд. Бо қарори ҳакамони кинофестивал ба кинофилми тоҷикии «Қисмати шоир» мукофоти якумдараҷаи «Уқоби тилло» ва ба таҳиягари он Б. Кимиёгаров, ҳунармандон М. Орифов ва Д. Қосимова барои маҳорати таҳиягарӣ ва ҳунарӣ актёрӣ дипломи фахрӣ супорида шуд. Дар фестивали сеюми Умимиитифоқии соли 1960 бошад, «Қисмати шоир», ки берун аз конкурс намоиш ёфт, бо дипломи фахрӣ тақдим карда шуд.
Адабиёти истифодашуда:
1. Мирзошоев, С. Роҳи кинои тоҷик. – Душанбе, «Ирфон», 1973, саҳ. 137.
2. Раҳимов, С. Нури парда. – Душанбе, Сарредакцияи Энсиклопедияи Миллии Тоҷикистон, 2004, саҳ. 248.
3. Боймуҳаммадов, У. Ифтихори санъати тоҷик. – Душанбе, 1963, саҳ. 5.
4. Раҳматуллоев, Ҳ. Зуҳури ишқи саҳна. – Душанбе, «Адиб», 1967, саҳ. 3.
5. Энциклопедия кино Таджикистана. – Душанбе, «Эр-граф», 2012. – 396 с.
6. Азизова, С. Дар масири ёдҳо. – Душанбе, Адиб, 2015, с. 18.
Ин филм дар бойгонии Шуъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунар мавҷуд аст ва хоҳишмандон метавонанд онро дархост кунанд ва бубинанд.
Нигина Маҳмудова
Корманди шуъбаи адабиёт
доир ба фарҳанг ва ҳунар