Китоби нав: Донишномаи химия
Нашр шуд 2019-02-11 14:12
Мураттиби ин китоби хубу хонданӣ Лутфулло Солиев аст, ки зери назар академик Носирҷон Салимӣ навишта ва аслан барои наврасону ҷавонон таҳия шудааст. Аз ин китоб донишомӯзони мактабҳои миёна ва олӣ метавонанд истифода баранд.
Профессор Саид Нуриддин Саид- вазири маориф ва илми Тоҷикистон дар сарсухани китоб навиштааст, ки “консепсияи милли инизоми маориф дидгоҳҳо ва арзишгузориҳои комилан навро ба вуҷуд овард, ки он афзун бар илмҳои ҷомеашиносӣ дар илмҳои табиатшиносӣ низ татбиқ шуд... Нашри китоби «Донишномаи химия», ки аз шумули нахустин донишномаҳои тахассусии мактабиву донишгоҳӣ аст, воқеан, падидаи нишотбахш ва лоиқи таҳсин мебошад. Гузашта аз осори энсиклопедии аҳди бостон, амсоли «Бундаҳиш» ва «Динкард», ба ёд овардани «Донишнома» - и Шайхурраис Ибни Сино ва садҳо донишномаҳои умумӣ ва тахассуси ниёгони номовари мо кофист, ки мақоми ин шуъбаи илму фарҳанги ҷаҳоншумули тоҷикон ба дурустӣ шинохта шавад”.
Маводи «Донишнома» - и мазкур омўзаҳои толибилмонро, ки аз китобҳои дарсӣ ҳосил кардаанд, мукаммал месозад, нуктаҳо ва матлабҳои навро дар дониши онҳо меафзояд, дар зеҳни онҳо қобилияти маърифати мустақилонаи масъалаву муаммоҳои илмро парвариш медиҳад. Ба ин маънӣ, дар радифи китобҳои дарсӣ ва дигар маводҳои таълимии барномавӣ донишномаҳо дар амри беҳтар намудани сатҳу сифати таълим, огоҳӣ ва баҳрабардории хонандагону дониш аз аслҳои илмҳои бунёдӣ ва ошноии амиқтари онҳо бо кашфиётҳои хурду бузурги илмӣ нақши муассир хоҳад гузошт.
Мураттиби китоб Лутфулло Солиев ба ин назар аст, ки “илми химия ба масал баҳри бузургест саршор аз дурру марворид. Имкон надорад, ки баҳрро дар кўзае бирезем. Бо таваҷҷўҳ ба рисолати «Донишномаи химия» ва ниёзҳои хонандагони ҷавони китоб дар қадри тавонмандӣ раҳи ихтиёр паймуда шуд. Кўшиши мо бар он буд, ки дар ду қисмати Донишнома роҷеъ ба пайдоиш ва таърихи илми химия, мафҳумҳо ва қонунҳои калидӣ, мақоми олимони гуногуни Шарқу Ғарб дар такомули химия ва муҳимтарин кашфиёту ихтирооти онҳо, тавсифи қонун ва ҷадвали даврӣ, хосиятҳои физикӣ ва химиявии элментҳои химиявӣ ва пайвастҳояшон дар алоқамандӣ бо ҷадвали даврӣ дар сатҳи дастовардҳои имрўзаи тафаккури илмӣ маълумотҳои ҷолиб ҷамоварӣ ва пешниҳод карда шаванд. Маводи мазкур бо нақшаву ҷадвалу суратҳои муносиб, таърихчаи ибратомўзи кашфи элементҳо ва зиндагиномаи донишмандони барҷастаи химия такмил пазируфтааст”.
Хонандагони арҷманд “Донишномаи химия”-ро метавонанд дар толори хониши кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллӣ, воқеъ дар ошёнаи аввали китобхона мутолиа намоянд.
Замира Давлатова,
мутахассиси шуъбаи кӯдакон
ва наврасон