Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ: ОСИЁБ
Дар болои санги осиёб дўл ҷойгир шудааст, ки он қуттимонанд буда, қисми болоии он калон аст ва ба самти поён хурд шуда меравад. Баландии дўл 90-120 см буда, ғунҷоиши 100-150 кг ғалларо дорад. Гандум аз сўрохии поении дўл ба сўрохии байни сангҳо мерезад ва дар натиҷаи чарх зада, соиш хўрдани сангҳо ба якдигар гандум ба орд табдил меёбад. Орди ҳосилшуда аз байни сангҳо ба хамба ё охур пош хўрда мерезад ва аз он ҷо ордро бо белча ба халтаҳо мебардоранд.
Осиёб дастгоҳи ордкунии анвои ғалладона ва баъзе меваҳои хушк мебошад, ки аз замонҳои қадим маъмул аст. Бинобар шароити табиӣ дар Тоҷикистон осиёби обӣ маъмул мебошад, шакли содатари он - дастос низ мавҷуд аст, ки то ба имрўз дар рустоҳо мавриди истифода қарор дорад.
Осиёбҳои обиро дар болои ҷўйбор ва наздики дарёҳои кўҳӣ месозанд. Қисми аз фарш поении осиёбро чарххона меноманд, ки дар он ҷо чархи чўбини паррадор ҷойгир шудааст. Чарх ҳангоми ба болои он рехтани об ба ҳаракат медарояд ва дар навбати худ тирро тоб медиҳад. Дар боли чарх то ба болосанг тир устувор карда шудааст, ки дарозиаш 70-80 см мебошад.
Об аз ҷўйбор бо новаи чубини дарозиаш 6-7 метра, ки даҳанаш васеътар буда, дар баландӣ ҷой гирифтааст, бо шитоб ба поён, ба чархи осиёб мерезад. Дар болои тир таҳсангу болосанг устувор карда шудааст, ки баробари тоб хўрдани тир онҳо низ ба чархзанӣ медароянд.
Дар болои санги осиёб дўл ҷойгир шудааст, ки он қуттимонанд буда, қисми болоии он калон аст ва ба самти поён хурд шуда меравад. Баландии дўл 90-120 см буда, ғунҷоиши 100-150 кг ғалларо дорад. Гандум аз сўрохии поении дўл ба сўрохии байни сангҳо мерезад ва дар натиҷаи чарх зада, соиш хўрдани сангҳо ба якдигар гандум ба орд табдил меёбад. Орди ҳосилшуда аз байни сангҳо ба хамба ё охур пош хўрда мерезад ва аз он ҷо ордро бо белча ба халтаҳо мебардоранд.
Санги осиёбро одатан устоҳои сангтарош аз сангҳои сахт дар шакли давра месозанд. Сангҳо вобаста ба иқтидори обпарто ва ҳаҷми осиёб аз 200-300 кг то 700-800 кг мешаванд. Ғафсии таҳсанг 8-10 ва болосанг 4-5 см мешавад.
Дар осиёб гандум, ҷуворӣ, ҷав, арзан, кунҷид, боқило, нахўд, лўбиё ва дигар навъҳои ғалладона, инчунин тути хушкро орд мекунанд.
Яке аз қадимтарин ва одитарин олоти ғалламайдакунӣ, ки ҳоло низ миёни мардуми минтақаҳои кўҳии Тоҷикистон маъмул аст, санги калони лундашакл мебошад, ки ҳаҷмаш се-чор маротиба аз тарбуз калонтар мебошад. Мардуми Бадахшон онро «булбулок» меноманд, ки онро як нафар, ё дар ҳоли калон будани санг дунафарӣ онро болои тахтасанги ҳамворе пешу қафо ғелонида, гандум, боқило, тути хушк, чормағз ва дигар навъи маҳсулотро пахш намуда, майда мекунанд.
Навъи дигари олот барои кўфтан ва орд кардани ғалла ин «уғурак» («охурак») мебошад, ки онро аз санг ё чўб метарошанд. Навъҳои аз филизот сохташудаи он низ вуҷуд доранд. Оғурак на танҳо барои кўфтани ғалладонаҳо, инчунин барои кўфтани намак, хушкмеваҳо, гандумбирён ва гандуми тар барои таомҳову ҳалвои суманак низ истифода мешавад.
Солҳои пешин мардуми кўҳистон аз дастос ё осиёи дастӣ низ истифода мекарданд. Аммо айни замон ин олоти ордкўбӣ, хеле кам мавриди истифода қарор мегирад.
Бозчоп аз «Мероси фарҳанги ғайримоддӣ дар Тоҷикистон». – Душанбе: Эр- Граф, 2017. – С. 186-187
Илова ба ин матлаб мақолоти зеринро низ дар бораи осиёб дар Китобхонаи миллӣ метавонед бихонед:
Муртазоев, Б. Суруди ҷовидони осиёб: Дар бораи сохтмони осиёби барқӣ дар ноҳияи Шаҳритус // Тоҷикистони советӣ. – 1990. – 8 феврал.
Мирасилов, А. Эҳёи осиёбу ҷувозҳо: Дар бораи барқарор намудани ҳунари аҷдодӣ // Садои мардум. – 1991. – 2 август.
Аҳмадов, Б. Осиёб: Оиди осиёбҳои обӣ // Илм ва ҳаёт . – 1992. – №1-2. – С.14-15.
Саид, М. Мероси падар: Вориси ниёгон оиди осиёб // Эҳёи Рашт . – 1992. – 25 январ.
Муродӣ, А. Ҳаваси борон: Гарди осиёб: Шеърҳо // Адабиёт ва санъат . – 2002. – 8 феврал.
Имомов, А. Чархи осиёб гардон аст: Аз коргоҳи ҳунарманд // Истиқлол. – 2009 . – 15 октябр.
Косим, Н. Рози осиёббони пир: Шеър // Истиқбол. – 2016. –№10-12. – С. 20-23.
Ғиёсов, Ҳ., Назаралиев, Ҳ. Нони осиёби бобоӣ давои диабети қанд // Чархи гардун. – 2018. – 4 апрел.
Таҳияи Бибикубрия Қурбонова
корманди шуъбаи
библиографияи миллӣ